Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҷанҷолҳои кӯчагӣ то латукӯби нависанда


Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи тоҷик.
Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи тоҷик.

Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи тоҷик ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст.

Ин ҳодиса шоми рӯзи 11-уми майи соли ҷорӣ дар маҳаллаи Гулбутта, воқеъ дар марзи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.

Ба гуфтаи худи нависанда, ӯ баъд аз маросими ёдбуди Мавҷуда Ҳакимова, шоираи тоҷик дар Иттифоқи нависандагон ба хона баргашта ва то чанд қадам дуртар аз маҳалли зист бо чаҳор ҷавони ношинос рӯбарӯ шуд. Як нафар аз ин ҷавонҳо бидуни он, ки бо ӯ ҳарфе бизанд, ба ӯ наздик шуда даст ба ҷайбҳои ӯ зад. Нависанда хост, ки ҷавонро аз ин амал боздорад. Аммо ҷавон бо зарби мушт ӯро аз пой афтонд.

«Чаҳор нафар ҷавони тахминан 18-22 сола рӯи раҳам баромаданд. Соат 8- 8:30 бегоҳ, торик. Чеҳраи одамро шинохта намешавапд. Яктоаш ба тарафи ман омада гуфт, ки куҷо меравӣ. Гуфтам ҳаминҷо, дача дорам. Киссаи маро кофт. Гуфтам, ки шумо дуздед. Як мушт фаровард, ки афтодам. Ин вақт он се нафари дигар ҳам наздик шуданд. Боз ду мушти дигар зад.»

Равшани Ёрмуҳаммад афзуд, ки аз ҷайби ӯ ҷавонҳо як миқдори пулро гирифта фирор мекунанд.

Бо ин ҳол Хосият, духтари Равшани Ёрмуҳаммад худи ҳамон шаб ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат мекунад. Вай гуфт, ки ҳамроҳ бо падараш ба Шӯъбаи умури дохила омада аз соати 10 то яки шаби рӯзи воқеа бо ходимони ин идора ҳодисаро ҳам ба таври шифоҳӣ ва ҳам катбӣ ироа медоранд. Аммо гуфт хонум Хосият, кормандони умури дохилӣ аз онки шабона онҳоро ташвиш доданд, изҳори нороҳатӣ мекунанд:

«Аз соати 10:30 то соати яки шаб мо дар милисахона будем. Дар ҳамин се соат ягон гурӯҳи фаврӣ ҷустуҷӯӣ ҳузур надошт, ки биравад ҷойи ҳодиса. Он вақт нарафтанд ба ҷойи ҳодиса. Ҷойи ҳодиса дирӯз соати 11 омаданд.»

Хосият, духтари нависанда Равшани Ёрмуҳаммад гуфт, ки дар бораи зарари ҷисмонии расида ба падараш санади муоинаи тиббиро дар даст доранд. Ва бо шурӯи тафтиши ҳодиса, онро дар ихтиёри тафтишот қарор хоҳанд дод.

Аммо Тоҷиддин Қаландаров, нозири минтақаии умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ иддаои духтари нависанда, ки гӯиё аз ҷониби онҳо нисбати ҷабрдида беэътиноӣ шуда бошадро рад кард. Ҷаноби Қаландаров гуфт, ки нависанда ба ҳангоми рух додани ин ҳодиса як каме сархуш будааст, ки онро ташхиси табибон низ таъйид кардааст.

Вале афзуд ин нозири минтақаӣ, вобаста ба иттифоқоти рухдода бар пояи моддаи «латту кӯб» таҳқиқот шурӯъ ва шахсияти се гумонбари он низ муайян шудааст: “Гумонбарҳо ҳастанд. Чун ин корҳои фавриву сиррианд, маълумоти бештар дода намешавад. Аммо тафтишот шурӯъ шудааст, рӯзҳои наздик анҷом меёбад.»

Бузургмеҳри Ёров, яке аз вакилони мудофеи саршиноси тоҷик писари Равшани Ёрмуҳаммад мебошад.
Бузургмеҳри Ёров, яке аз вакилони мудофеи саршиноси тоҷик писари Равшани Ёрмуҳаммад мебошад.
Зимнан Бузургмеҳр Ёров, яке аз вакилони мудофеи саршиноси тоҷик, ки дар парвандаҳои пурсарусадое чун қазияи Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди миллӣ, Нуриддин Маҳкамов, як тоҷири даъвогар алайҳи Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва ахиран масҷиди «Муҳаммадия»-и бародарон Тӯраҷонзодаҳо ба унвони ҳимоятгар ширкат кардааст, писари нависанда Равшани Ёрмуҳаммад аст.

Аммо ҷаноби Ёрмуҳаммад иртиботи ин ҳодиса ба фаъолиятҳои писарашро рад карда гуфт, ки гумон мекунад ҷавонони ҳамлавар қасди ғоратгарӣ доштанд. Дар ҳоле, ки ӯ дар ҷайб ӯ камтар аз панҷоҳ сомонӣ доштааст: «Не. Ин корҳо ба онҳо алоқа надорад. Чун торикӣ буд, онҳоро дуруст нашинохтам. Ҳадафи онҳо фақат дуздӣ буд. Одами танҳоро ёфта ҷайбашро кофтан буд ҳадафашон.»

Зимнан аз афзоиши мизони ҷурму ҷиноят аз сӯи ҷавонон дар ин авохир Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон низ изҳори нигаронӣ кардааст. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар Донишгоҳи миллӣ бо донишӯён мулоқот анҷом дод, гуфтааст, ки мизони болои ҷиноёте, ки тавассути ҷавонон анҷом дода шудааст, мақомоти интизомиро ба ташвиш овардааст.

Мулоқоти Рамазон Раҳимов бо донишҷӯён (аз бойгонӣ)

Мулоқоти Рамазон Раҳимов бо донишҷӯён
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00
Линки мустақим

Нависанда Равшани Ёрмуҳаммад, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 73 сол дорад. Нахустин китоби ӯ дар соли 1969 ба нашр расидааст. То кунун ӯ тавонистааст чиҳил асари худро, ки аз ҳикоя, қисса, достон ва роман иборат аст, мунташир кунад. Аз ҷумлаи романҳои ӯ бо номҳои «Ишқи Рӯдакӣ», «Бармакиён» ва «Хоҷа Низомулмулк» дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Соли 1993 барои қиссаи «Гӯрков» барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мешавад. Чанд соле ҳам муовинати раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар дӯш дошта, ҳоли мудири нашриёти хусусии «Афсона» ва сардабири нашрияи соҳавии «Роҳнамои зиндагӣ» мебошад.
XS
SM
MD
LG