Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндониёни гуруснанишин таҳдиди худкушӣ мекунанд


Намое аз шаҳри Қурғонтеппп- маркази маъмурии вилояти Хатлон.
Намое аз шаҳри Қурғонтеппп- маркази маъмурии вилояти Хатлон.

Бино бар иттилои дарёфтӣ, бархе аз маҳбусони зиндони Қӯрғонтеппа сар аз 1-уми декабр даст ба гуруснанишинӣ задаанд.

Рӯзи 6-уми декабр дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ нафаре аз ҷумлаи маҳбусон гуфт, ки раҳбарони муассисаи мазкур нисбат ба зиндониён шиканҷаро раво дида, ҳуқуқи онҳоро поймол мекунанд.

ФАСОД ДАР ҶАРАЁНИ ИҶРОИ ҚОНУНИ АФВ?

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни татбиқи қонуни афв нисбат ба маҳбусони ин муассисаи ислоҳӣ, ришвату фасод ҷой доштааст. Ба унвони мисол аз маҳбус Рустам Саймуродов ном бурда мешавад, ки гӯё барои коҳиш додани мӯҳлати маҳрумияташ аз озодӣ аз ӯ 1500 доллари амрикоӣ талаб кардаанд. Аммо қонуни афв нисбати Саймуродов татбиқ нагардида, ӯро мавриди латукӯб қарор дода, ба ҷонаш таҳдид кардаанд.

Шарти аслии маҳбусони муассисаи ислоҳии низомаш махсуси шаҳри Қӯрғонтеппа, ки гуруснанишинӣ ё таҳдид ба ин амал мекунанд - беҳсозии шароити нигаҳдорӣ дар маҳбас будааст. Ба иддаои ҳамсӯҳбати Озодӣ, шабакаи гармидиҳӣ дар ин муассисаи ислоҳӣ аслан кор накарда, маҳбусон дар чордевори ниҳоят сарди бетонӣ, дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Ба маҳбусон ҳатто иҷозаи истифода аз дастгоҳҳои риштарошӣ дода намешудааст.

Вай афзуд: «Вақте ки моро ба назди роҳбари муассисаи ислоҳӣ бурданд, вай даъват кард, ки аз эътирозу гуруснанишинӣ даст кашем. Мо ба ӯ гуфтем, ки аз сироят ёфтан ба бемории СПИД бим дорем. Масалан, ним сол пеш дар маҳбаси мо агар танҳо як маҳбус гирифтори ин беморӣ буд, ҳоло гуфта мешавад, шумораи гирифторони СПИД ба 14 нафар расидааст. Аз куҷо маҳбусон гирифтор мешаванд? Барои ҳамин роҳбари муассиса иҷозат дод, ки аз риштарошакҳои безарари худамон истифода кунем. Ҳамин тавр, моро дар як ҳолати бисёри бад нигоҳдорӣ мекунанд…»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Ба иддаои ин ҳамсӯҳбати радиои Озодӣ, ки ба хотири таъмини амнияташ дар зиндон нахост, ки аз сабти овозаш истифода шавад, бархе зиндониёнеро, ки барои муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, қасдан ба бемориҳои мусрӣ сироят мекунанд, то батадриҷ реҳлат бикунад. Манбаъ ҳамчунин гуфт, дар ҳоле ки бархе маҳбусон бояд дар низоми махсус ба сар баранд, онҳо дар низоми маҳбас, ки шадидтар будааст, солҳои дароз, ғайриқонунӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

МАҚОМОТ: "ҲАНГОМАЕ БЕШ НЕСТ"

Файзуло Холов, додситони нозири иҷроиши қонун дар маҳбасхонаҳои вилояти Хатлон
Файзуло Холов, додситони нозири иҷроиши қонун дар маҳбасхонаҳои вилояти Хатлон
Дар ҳоле, ки раҳбарияти муассисаи ислоҳии мазкур барои сӯҳбат ва шарҳи иддаои маҳбусони гуруснанишин дастнорас мебошанд, Файзуло Холов, додситони нозири иҷроиши қонун дар маҳбасҳои вилояти Хатлон, аз қазияи мазкур изҳори бехабарӣ кард.

Вай афзуд, додситонӣ моҳе се бор аз муассисаҳои ислоҳӣ дидан намуда, ҳар як мавриди поймолшавии ҳуқуқи маҳбусонро сабт ва пайгирӣ мекунад. Ба гуфтаи додситон, ҳадафи маҳбусоне, ки гӯё даст ба гуруснанишинӣ задаанд, танҳо ҷалби таваҷҷӯҳи расонаҳо буда, ҳангомае беш нест: "Маҳбусони муассисаи мазкур чунин одат доранд, ки ҳар гоҳе дар бораи гӯё поймол шудани ҳуқуқашон даъво кунанд. Албатта, зиндон хонаи шахсӣ нест, ки тамоми шароити дилхоҳро дошта бошад, аммо ҳар он чӣ қонун пешбинӣ мекунад ва ҳатто гоҳе имтиёзҳои берун аз чаҳорчӯбаи қонун ба маҳбусон дода мешавад."

Бо ин ҳам Файзулло Холов гуфт, ки дубора вазъи маҳбусони муассисаи ислоҳии Қӯрғонтеппаро мавриди санҷиш қарор дода, дар сурати исбот шудани нақзи ҳуқуқи маҳбусон, маъмурони маҳбас ба муҷозот кашида хоҳанд шуд.

Як вакили мудофеъ аз Қӯрғонтеппа, ки ҳоло 8 муваккилаш дар зиндони ин шаҳр нигоҳдорӣ мешаванд, гуфт, ки шароити ин муассиса ба он андоза вахим нест, ки мояи нигаронӣ бошад: «Фарз кардем, агар маҳбусе ё маҳбусоне гуруснанишинӣ эълон кунанд, дар маҳбас «казармное положение» эълон мешавад, он ҷо прокурор меояд, духтурон меоянд. "Передача" ҳам қабул намекунанд, ба хотири пешгирӣ кардан аз эҳтимоли интиқоли воситаҳои нашъадор ё тиру дигар воситаҳои мамнӯъ ба маҳбас. Ҳайати шахсии раёсати корҳои дохилӣ, яъне милисаҳо атрофи маҳбасхонаро зери назорати шадид қарор медиҳанд. Роҳбарияти маҳбас дарҳол прокурорро аз гуруснанишинии маҳбусон огоҳ мекунад, бояд шартҳои маҳбусон аниқ бошад, ки дар кадом асос гуруснанишинӣ мекунанд.»

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, маъмурияти муассисаи ислоҳӣ набояд ба пинҳон кардани далели гуруснанишинии маҳбусон алоқаманд бошад, зеро дар сурати шиддат гирифтани беморӣ ё реҳлати маҳбуси гуруснанишин, маъмурият дастикам бо иттиҳоми «бемасъулиятӣ» ё «хунукназарӣ» ба муҷозот кашида хоҳад шуд.

ГУРУСНАНИШИИ ЗИНДОНИЁН ДАР ТОҶИКИСТОН

Садриддин Тошев
Садриддин Тошев
Хабари эътирози маҳбусони маҳбаси Қӯрғонтеппа дар ҳолест, ки ахиран Садриддин Тошев, мулаққаб ба "Қорӣ Садриддин" пас аз як ҳафтаи гуруснанишинӣ дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе, бинобар ин ки аз сӯйи ҳеҷ ниҳоди давлатию ғайриҳукуматӣ вокунише нашунид, аз ин амали худ даст кашидааст. Эътирози Садриддин Тошев марбут ба татбиқ нашудани қонуни афв буд, ки тибқи он, мебоист ба озодӣ мерасид.

Вале маҳбусе, ки аз зиндони Қӯрғонтеппа бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки дар сурати ба зудӣ ислоҳ нашудани мушкили маҳбусон ва иҷрои шарти онҳо, имкон дорад, чанд нафар ба нишони эътироз даст ба худкушӣ зананд.

Муассисаи ислоҳии ЯТ9/7-и шаҳри Қӯрғонтеппа маҳбаси низомаш шадидтарин дар қаламрави Тоҷикистон маҳсуб гардида, дар он танҳо афроде, ки дар ҷиноятҳои махсусан сангин муттаҳам дониста шуда, барои беш аз 15 сол аз озодӣ маҳрум мегарданд, нигоҳдорӣ мешаванд. Дар ин маҳбас асосан ҷинояткорони ретсидивист - онҳое, ки ба қатли инсонҳо, пайравӣ аз гурӯҳу созмонҳои ифротгаро, аз ҷумла аъзои гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам мешаванд ва дигар маҳкумшудаҳои ба иддаои додситонӣ, «ниҳоят хавфнок» ба сар мебаранд.

Соли 2005-ум як гурӯҳи тахминан 30-нафараи маҳбусони зиндони мазкур ба нишони эътироз аз шароити будубоши худ даст ба тазоҳурот зада буданд. Баъд аз чанд рӯз бо дахолати артиш аз фирори оммавӣ ҷилавгирӣ ва тазоҳуроти дастаҷамъонаи маҳбусони зиндони Қӯрғонтеппа саркӯб шуд. Бо ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон муҳлати маҳрумият аз озодии маҳбусони дастандаркор дар ин ҳодиса тамдид гардида, ҳар яке барои аз 25 то 30-солӣ маҳкум ба зиндон шуд. Гуфта мешавад, то ин замон аз он гурӯҳи маҳбусон дастикам се нафарашон фавтидаанд.
XS
SM
MD
LG