Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СССР: “Тафриқа андоз ва сиёсат кун”


СССР-сиёсати сулхпарварона!
СССР-сиёсати сулхпарварона!

Коршиносон мегӯянд, ин асли бунёдии сиёсати Шӯравӣ барои тоҷикон бо фоҷиаҳои бештар тамом шудааст.

Низоми Шӯравӣ, ки бо ошӯбу инқилоб сари кор омада буд, мухолифатро таҳаммул намекард, вале барои бақои хеш аз ихтилофҳо кор мегирифт ва гоҳе ҳам онҳоро ангезиш медод. Бархе аз коршиносон Шӯравиро империя ё мустамлика намешуморанд, вале ҳатто онҳо низ эътироф мекунанд, ки меъёри истеъморгаронаи "тафриқа андозу ҳукумат кун" яке аз рукнҳои пойдории он шумурда мешавад.

Ин тафриқа чӣ байни элитаҳои ҳизбӣ ва чӣ байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ яксон истифода шудаву натиҷа медод. Абдунабӣ Сатторзода, сарвари раёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи тақсимоти маъмурии Осиёи Марказӣ, ки солҳои 1924 ва 1929-уми қарни гузашта дар оғози ташаккули давлати Шӯравӣ сурат гирифт, шаҳрҳои асосии тоҷикон Самарқанду Бухоро дар қаламрави Узбакистон монданд ва ба ин далел миллати тоҷик низ пароканда шуд. Ин иштибоҳро бисёриҳо ба пантуркистҳое марбут медонанд, ки он замон ба болшевикҳои рус лозим буданд ва биноан, баъд аз суқути аморати Бухоро дар соли 1920 ба сари ҳокимият омаданд.

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, агар тарҳи вазири вақти умури хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Чичерин, ки бо кӯмаки ховаршиноси маъруфи рус Василий Бартолд таҳия шуда буд, қабул меуфтод, имрӯз харитаи сиёсии Осиёи Марказӣ комилан дигар мебуд: “Чичерин тарафдорони он буд, ки Тоҷикистон ҷумҳурии асосӣ шавад ва Узбакистон ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Тоҷикистон. Плани Чичерин чунин буд, ки Самарқандро ба аморати Бухоро, ки бузургтарин давлати Осиёи Марказӣ буд, ҳамроҳ карда, Тоҷикистон бисозанд. Лекин ин план ба Сталин маъқул наомад. Агар масъала каме демократӣ ҳал мешуд ва плани Чичерин мегузашт, албатта, ба фоидаи тоҷикҳо анҷом меёфт.”

Ҳамин тавр бо талошҳои зиёди ватандӯстони тоҷик аввал дар соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон таъсис ёфт ва дар соли 1929 он мақоми баландтар, яъне Ҷумҳурии Мустақилро ба даст овард. Муаррихи тоҷик Нуралӣ Давлат мегӯяд, ин пешрафт на танҳо бо идомаи талоши ватандӯстони тоҷик, балки ҳамчунин таҳти таъсири шӯриши тоҷикҳои Афғонистон ба раҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ё Бачаи Сақо бастагӣ дорад, ки Маскавро маҷбур кард, то барои тоҷикҳо дар Шӯравӣ мақоми баландтареро қоил шавад. Ҳабибуллоҳхон аз 17-уми январи соли 1929 то 13-уми октябри соли 1929 амири Афғонистон буд, ки амири собиқ - Иноятуллоҳхонро дар тахт иваз кард.

Аксари таърихшиносон бар инанд, ки дар қаламрави Узбакистон мондани Самарқанду Бухоро кори дасти Маскав буд, то натиҷаи талоши сиёсатмадорон ва пантуркистони минтақа. Нуралии Давлат мегӯяд, раҳбарони вақти Осиёи Марказӣ дигар истиқлоли амал надоштанд, ки бархе мепиндоранд, балки ба ҳар амре ки аз Маскав мерасид, фақат ва фақат лабайк мегуфтанд: “Масъаларо дар Маскав ҳал карда буданд. Ин мавзӯъ дигар чандон иртибот ба афроде чун Файзуллоҳ Хоҷаев надошт. Дуруст аст, ки ӯ як пантуркист шуда буд, вале фикр намекунам, ки дар тақсими ҳудудӣ чизе зиёде аз ӯ ё Абдуллоҳ Раҳимбоев вобаста бошад. Онҳо дастнишондаи Маскав буданд ва аз фармони Маскав сар тофта наметавонистанд. Дуруст аст, ки инҳо миллаташонро иваз карданд, хиёнат карданд, вале ҳатто агар Файзуллоҳ Хоҷаев худро тоҷик ҳам менавишт ва садо баланд мекард, фикр мекунам, касе дар Кремл садои ӯро намешунид. Агар дар Маскав гӯш мекарданд, вазири хориҷаи шӯравӣ Чичеринро мешуниданд, ки гуфта буд, бояд Узбакистон дар ҳайати Тоҷикистон ҷумҳурии мухтор шавад.”

ДАРДУ ДОҒИ ДОИМИИ САМАРҚАНДУ БУХОРО

Бухоро
Бухоро
Пажӯҳишгар Темур Хоҷаӯғлӣ мегӯяд, то ҳол баҳси Самарқанду Бухоро кардани мардуми тоҷику узбак ба нафъи ҳеҷ кадоми онҳо нест, балки аҳли зиё бояд ба он бияндешанд, ки чаро Шӯравӣ давлати Бухороро аз байн бурд ва дар Осиёи Марказӣ 5 ҷумҳурии алоҳида сохт, ки акнун бо касби истиқлол сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд? Ба эътиқоди ӯ, ба кӣ додани Самарқанду Бухоро ё ҳар минтақаи дигарро Сталин дар Маскав ҳал мекард, то Файзуллоҳ Хоҷаев ё Шириншоҳ Шоҳтемур ё ҳар мақоми дигари он вақту он замон: “Албатта, касе ки даврони Шӯравӣ, бахусус даврони Сталинро хуб медонад, чунин суол намегузорад, ки корномаи Файзуллоҳ Хоҷаев, ё Садриддин Айнӣ, ё ҳар фарди дигари он давра сиёҳ буд ё сафед. Давр даври Сталин буд. Хеле сахт буд дар он давра кор карданд. Файзулло Хоҷаев низ фарзанди ҳамон замон буд ва агар кадом кораш ба сӯди узбакҳо ё тоҷикҳо нашуд, айби ӯ нест, балки айби давлати Шӯравист. Айб фақат ба гардани Файзулло Хоҷаев нест.”

Аммо академик Шакурӣ мегӯяд, тарси Сталин аз зуҳури як давлати қавмии форсизабон буд, ки метавонист бо кишварҳои дигари форсигӯ – Эрону Афғонистон – аз як гиребон сар барорад ва ба султаҷӯиҳои Русия дар Осиёи Марказӣ таҳдид кунад.

Оқои Шакурӣ мӯътақид аст, дар ҳар сурат, ҳатто бо вуҷуди аз даст рафтани Самарқанду Бухоро ва воҳаҳои дигари тоҷикнишин, худи таъсиси Тоҷикистон ба ҳайси як ҷумҳурӣ дар он шароити солҳои 20 як қаҳрамонии бузург буд ва феълан гурӯҳе аз зиёиёни саршиноси тоҷик ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки дар баробари Садридин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратуллоҳ Махсум ба шахсиятҳои низ дар ин ҷабҳа хидматкардае, чун Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов ё Аббос Алиев ҳам унвони қаҳрамонӣ дода шавад.

ТАСАЛЛОИ ЗИНДАГӢ ДАР ЯК ДАВЛАТИ МУШТАРАК
"Чун мегуфтанд мо ҳама дар дохили як давлат ҳастем ва аз нигоҳи идорӣ ин тавр тақсим кардан беҳтар аст ва ба манфиати худи тоҷикҳо ҳам ҳаст. Барои ҳамин ҳам имрӯз тоҷикҳо парешонанд дар кишварҳои минтақа - Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон. Ҳатто дар ин кишварҳо теъдоди тоҷикон аз теъдоди тоҷикони Тоҷикистон бештаранд. Агар аз ҳудуди 7,5
Абдунабӣ Сатторзода
миллион нуфузи Тоҷикистон 6 миллион тоҷик бошанд, дар Афғонистон ин рақам 15 ва дар Узбакистон 10 миллионро ташкил медиҳад. Ин натиҷаи ҳамон сиёсатҳо буд, ки то ба ҳол идома доранд",-афзуд ҷаноби Сатторзода.

Абдулло Ғафуров, мудири Шӯъбаи таърихи навтарини Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, тақсимоти марзӣ дар баробари раванди ташкили давлатҳои миллӣ дар Аврупо роҳандозӣ мешуд ва Иттиҳоди Шӯравӣ бо сари кор овардани давлатҳои миллӣ мехост аз ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ ҷилавгирӣ кунад ва ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ки ҳуқуқи миллатҳоро чӣ гуна муроот мекунад.

"ТАФРИҚА АНДОЗУ ҲУКМ РОН"

Ӯ гуфт: "Аммо дар ин роҳ онҳо ба иштибоҳҳои зиёд роҳ доданд, ки то имрӯз паёмадҳояш эҳсос мешавад. Ҳар ҷумҳурии Шӯравии собиқ аз дигараш марзеро талаб дорад. Тақсимоти нодуруст ҳаводиси солҳои 90-и асри гузашта дар Қаробоғро ба вуҷуд овард. Қариб дар аксари ҷумҳуриҳо ҳастанд мисолҳое, ки пайомади ин тақсимот ҳастанд."

Ба қавли коршиносон, сиёсати "тафриқа андозу ҳукм рон" хоси тамоми империяҳои таърих буд ва аз он барои ҳукумат кардани як миллат бар милали дигар истифода мешуд. Аммо дар замони Шӯравӣ ин сиёсат ба таври ошкор ва бепарда гуфта ва амалӣ намешуд.

Ҷаноби Ғафуров мегӯяд, ин сиёсат хеле боназокат амалӣ мегашт, дар навиштаҳову санадҳо, мулоқотҳои расмӣ зикр намешуд. Вай афзуд: "Агар сиёсатҳои Инглистонро дар Ҳиндустон омӯзем, мебинем, ки аз сиёсатҳои Шӯравӣ дар мо фарқи калон дорад. Инглисҳо бартарии худро бар ҳиндуҳо қонунӣ карда буданд. Ҳиндуҳо аз хеле ҳуқуқҳои инсонӣ маҳрум буданд. Аммо дар замони Шӯравӣ гуфтан мумкин нест, ки имтиёзи русҳо аз дигар миллатҳо зиёд буд. Масалан, як омӯзгор дар як кунҷи Тоҷикистон ҳамон маошеро мегирифт, ки омӯзгори Маскав мегирифт."

ҲАДАФ ЭҶОДИ ЯК ХАЛҚИ ВОҲИД БУД?

Владимир Бойко, сарвари Маркази таҳқиқоти минтақаии "Русия ва Шарқ"-и Русия мегӯяд, кор гирифтан аз тафриқа ба хотири ҳукумат ба талаботи давлати Шӯравӣ дуруст намеомад, зеро ҳадафи аслӣ эҷоди як халқи воҳид дар паҳнои Шӯравӣ буд: "Эҳтимолан қисмате аз элитаи ҳукмрони сиёсии Шӯравӣ дар Маскав аз ин усул кор мегирифт. Аммо дар маҷмӯъ ҳанӯз дар замони таъсиси сохтори иттиҳод ва ҳам ҷумҳуриҳо ин як кори вазнин ва мураккаб буд. Он ҳирфаияти баландро тақозо мекард. Ба назари ман, танҳо инглисҳо дар ин амр дар мустамликаҳои худ муваффақ буданд. Аммо бюрократияи ҷадиди Шӯравӣ аз ӯҳдаи ин вазифа набаромад. Бо ин вуҷуд, дар чанд даҳсола ин тарҳ амалӣ шуд ва кор кард. Аммо ин ки дидаву дониста ин минаро гузошта бошанд, дуруст нест ва пеш аз ҳама ин тарҳ бо ширкати элитаҳои маҳаллӣ амалӣ мешуд."

Нуралӣ Давлат
Дар ҳамин ҳол, Нуралӣ Давлат, муаррих ва рӯзноманигори тоҷик, ки муаллифи як қатор матлаб дар мавзӯи таърихи муосири Тоҷикистон аст, мегӯяд, эҷоди "сутуни панҷум" - минтақаи баҳснок дар ҳудуди ҳар ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ аз вижагиҳои сиёсати болшевикон буд. Ӯ афзуд, Кремл дурнамои сиёсатҳояшро тавре тарҳрезӣ карда буд, ки ҳар лаҳза тавонад, дар ҳоли истиқлолхоҳии ин ё он кишвар аз "сутуни панҷум" истифода кунад.

СӮИСТИФОДА АЗ "СУТУНИ ПАНҶУМ"

Ба қавли ӯ, дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ин усул низ кор гирифта шуд: "Дар Тоҷикистон, масалан, Бадахшонро таҳрик медоданд, то ба ҳукумати марказӣ итоат накунад. Дар давраи ҷанги дохилӣ хуб дар хотир дорам, ки матбуоти рус Бадахшонро дар харита ҷудо, бо дигар ранг нишон медоданд. Гӯиё қаламрави Тоҷикистон набуд. Ё дар замони хуруҷи марзбонони рус аз марзҳои Тоҷикистон кӯшиш мекарданд Бадахшонро таҳрик диҳанд. Дар матбуоти рус он замон ин нукта таъкид мешуд, ки ин қисмати Тоҷикистон дар соли 1895 дар ҳайати империяи Русия буд ва ҳоло боз мехоҳад ба Русия ворид шавад. Яъне заминаҳои таърихиро инҳо аз қабл ба вуҷуд овардаанд."

Нуралӣ Давлат мегӯяд, заъфи Русия ва ошноии мардуми Бадахшони Тоҷикистон бо имоми худ - Оғохони чорум ҳамчунин "сутуни панҷум"- ро алайҳи ҳукумати марказии Тоҷикистон заиф кард.
Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон КГБ-и Шӯравӣ дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои маҳаллӣ мекӯшиданд аз баҳамоии манотиқи гуногун ҷилавгирӣ кунанд, аз ҷумла ҷавонони як вилоятро алайҳи вилояти дигар мешӯронданд, ё миёни миллатҳо гоҳ-гоҳ баҳсҳои тафриқаангези фарҳангиро ба миён мегузоштанд.

ТАФАККУРИ МИЛЛӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, аз бадтарин тафриқаангезиҳое, ки то ба ҳол ба сарнавишти Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, шиддат бахшидан ба маҳалгароӣ буд: "Сохторҳои ҳукумати Шӯравӣ ба дасти дигарон, ба дасти худи мо сӯистифода мекарданд. Шимолро ба ҷануб, ҷанубро ба шимол, ғарбро ба шарқ, шарқро ба ғарб рӯбарӯ мекарданд, ҷанг меандохтанд, низоъ ба миён меоварданд ва аз ин ҳама суд мебардоштанд. Вагарна дар замони ҷанги дохилӣ дар Қӯрғонтеппа мардум дар тани деворҳои худ наменавиштанд, ки "ин хонаи кӯлобӣ аст", "ин хонаи ғармӣ аст", "ин хонаи фарғонагӣ аст" ва ғайраву ҳоказо."

Ҷаноби Сатторзода мегӯяд, агарчӣ дар замони Шӯравӣ тафриқа дар заминаи маҳал гоҳ-гоҳ истифода мешуд, пас аз истиқлолият аз сатҳи ҳукумат то ба илму адабиёту забон кашида мешавад ва як масъалаи ҳалношуда аст. Ба қавли ӯ, тафаккури миллӣ низ дар сатҳи маҳал ва музофот боқӣ мондааст.

Аммо афроде, ки дар солҳои 1920 дар таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, то имрӯз дар сутуҳи расмӣ арҷгузорӣ шуда, аз 6 нафаре, ки Душанбе унвони расмии Қаҳрамони Тоҷикистон додааст, 3 нафар – Садридин Айнӣ, Нусратуллоҳ Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур – аз ҷумла барои хидматҳояшон дар ташкили ин ҷумҳурӣ ба ин унвони олӣ тақдир шудаанд.

САРИ БЕМОР

Дар ҳамин ҳол, Искандар Асадуллоев, сарвари Маркази таҳқиқоти сиёсии "Симурғ" мегӯяд, тоҷикон бояд аз ҷустани сабабҳои мушкилоту бадбахтиҳои худ дар хориҷи кишвар даст кашанд: "Шумо мехоҳед гӯед, ки русҳо моро ба қисматҳо ҷудо карданд? Ин комилан дуруст нест. Онҳо ҳамаро таҳти ливои халқи Шӯравӣ муттаҳид мекарданд. Мехостанд як халқи воҳид созанд. Бубинед, худи русҳо ҳам аз нигоҳи идорӣ тақсим карда шуданд ба Уралу Примореву Маскаву Петербург. Аммо миллат мондаанд, на маҳал. Барои он чӣ ки буду он чӣ ки шуд, худи мо масъулем. Мо ба ваҳдат нарасидем. Чаро аз сари бемор ба сари солим ин ҳамаро партоем?"

Коршиносон мегӯянд, тафриқаҳое, ки дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон шакл гирифтанд, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ шиддат ёфтанд ва ин шиддат то ба ҳол эҳсос мешавад. Онҳо мегӯянд, ҳанӯз ҳам имкони истифода аз онҳо вуҷуд дорад, агар ҷомиа ва ҳукумат роҳҳалҳое дар ин замина надошта бошанд.

Нигоҳе ба СССР аз фосилаи 20 сол
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG