Тоҷикистон

Ҳушдори Э.Раҳмон аз буҳрони озуқа

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

01.03.2008

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни як муроҷиат аз мардум даъват кардааст, ки барои таъмини амнияти озуқа дар кишвар парвариши ғалларо афзоиш диҳанд.

Президент Раҳмон ҳушдор додааст, ки раванди болоравии баҳои орду ғалла дар бозори ҷаҳонӣ идома дорад ва дар ҳоле, ки бахши аъзами маҳсулоти мавриди ниёзи аҳолӣ аз хориҷ таъмин ва имконоти дохилӣ дар ин замина маҳдуд аст, масъалаи таъминоти мардум бо маводи аввалияи ғизоӣ дар тобистони соли ҷорӣ дучори мушкил хоҳад шуд.

Дар тобистон ва тирамоҳи соли гузашта баҳои маҳсулоти ордӣ ва нафт дар бозорҳои Тоҷикистон аз як то якуним баробар афзоиш пайдо кард, ки ин амр кишвареро, ки беш аз 60 дарсади аҳолии он зери хатти фақр ба сар мебарад, дар баробари бартараф кардани мушкилот нотавон сохтааст.

Муроҷиат ва ҳушдори  раисҷумҳури Тоҷикистон барои истеҳсол ва парвариши ҳарчи бештари ғалла ва таъминоти аҳолӣ бо маводи аввалияи мавриди ниёз дар ҳоле тавассути телевизиони сартосарӣ ба такрор нашр мешавад, ки бар асоси гузоришоти ниҳодҳои масъули давлат, аз нисф бештари кишти баҳорӣ ба иллати сармои шадиди зимистони имсола талаф ёфтааст.

Афзун бар ин Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати худ бар ин нукта ишора кард, ки кишварҳои тавлидкунандаи ғалла барои содироти он бархе аз мавонеъ ва маҷдудиятҳо аз ҷумла боҷи изофии гумрукӣ ҷорӣ кардаанд, ки дар ниҳояти амр барои кишварҳои воридкунанда душвориҳои зиёдеро ба бор меоварад. Аз ин рӯ, таъкид мекунад оқои Раҳмон, истифодаи муассир аз заминҳои кишт ва бахусус ба даст овардани ду ҳосил шиддати гаронии нарх дар бозорҳоро коҳиш хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди бархе аз коршиносон, муроҷиати раисҷумҳур дар сурате иҷро хоҳад шуд, ки давлат дар ислоҳоти арсаи кишоварзӣ аз иқдомоти зарурӣ кор бигирад. Давлати Усмон, иқтисодшиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки даъвати мазкур дар шароити имрӯза амалан иҷро нахоҳад шуд.

Ба эътиқоди Тоҳири Абдуҷабор, устоди донишгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе, чунин муроҷиат аз сӯи роҳбари давлат як ҳарфи хушк аст. Зеро бо даъват ва ё ҳушдор наметавон соҳаи кишоварзӣ ва ба вижа таъмини амнияти озуқа дар кишварро дуруст кард. Оқои Абдуҷаббор бо ишора ба як чунин ҳушдори раисҷумҳур дар тирамоҳи соли гузашта, ки мегуфт зимистон имсол сард меояд, вале дар рафъи он ниҳодҳои масъули давлат амале ба суди мардум анҷом надоданд, гуфт, ин муроҷиатро метавон як талоши давлат барои гурез аз масъулият дар баробари атбояш арзёбӣ кард.

Зимнан барои рафъи таҳдиди гуруснагӣ дар Тоҷикистон раисҷумҳур дар соли соли 1996 бо фармони худ 50 ҳазор ҳектор заминро ба таври ройгон дар ихтиёри мардум гузошта буд. Аммо новобаста аз чунин иқдом раванди муҳоҷирати кории аҳолӣ ба хориҷ аз кишвар рӯ ба афзоиш дорад ва ба эътиқоди соҳибназарон муҳоҷират ҳамоно манбаи аслии таъминоти хонаводаҳои тоҷик дар чандин соли оянда боқӣ мемонад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 14)
Ном: Муким аз: НТМ
02.04.2008 11:47

Ба рости, рохи ояндаи Точикистон норушан аст. Бо ин усуле, ки рафта истодаем, агар идома дихем, хеч бехбуди нахохад шуд. Айб айби раисчумхур аст ё атрофиёнаш инаш мухим нест. Асос ин, ки дастгохи идоракунии давлат фалач гаштааст. Бисёр рафторхоямон сохтаву бофта аст. Имрузхо механизми идоракунии давлат сахнаи театрикунонидаро мемонад. телевизионхои давлати бо "сулхи мо сафо дорад, халк рахнамо дорад" ва селаи кабутарону анбухи гулафшонон, ду каскадори накбкану се рохсоз симои чумхуриро бехбуд нишон додани мешаванд. Аммо дар асл на иктисоди пешрафта дрему на истехсолот на чизи дигар. Ба кор шуруъ кардани як агрегати Сангтуда-1-ро огози хамин сол кариб буд ба рекорди Гиннес дохил кунанд. шоирони маддохаш достон гуфтанд, шабакахо силсилафилм офариданд. Кадом маддохи беномус лентаи буридаи рузи ифтитохро дар музей шарх медод. Як хофизи дигараш имсолро -"соли нур" эълон карда суруд буровард. Вале асли кор чи буд? Хама мардум аз хунуки кариб мурданд. Хамаги чанд руз баъди ба кор шуруъ кардани агоегати Сангтуда-1 кормандони сохаи энергетикаро бо сари кашолу дасти пеши бар ва кошу кавоки Раиси чумхурро дида ба ин хама спектакл хам хандаи кас меомад ва хам гиря.
Хуллас, ин як масхарабозияш буд. Тамоми сохахо хамин хел фалачу пусида аст. Фарханг мегуем холи фархангиёнро мебинем, рахмамон меояд, Мусики мегуем, мусикии миллиамон гум шудааст. Иктисод мегуем хол табохтар мешавад.....
Хуллас, дар ин кишвар чизе намондааст, ки ба ифтихор кардан арзад.
Ягона рохи начот он аст, ки насли наве бо тафккури нав дар идоракунии давлат рох ёбанд. Бо ин гуломони маддохи галстукдор кор пеш намеравад.


Ном: Juyanda аз: Rasht
05.03.2008 08:22

Az mavzu dur naraved, Biyoed dar doira mavzu gap zanem. guem ki chi rohho anik hast. mo hama korupsiya korupsiya meguyem. O agar mo pora namedodem in dard kamtar meshud. Lekin dodani pora va giriftani on in dardi milli va mahali shudaast. Dar in mintaka (Osiyoi miyona) hama milatho dar hama jumhuriho poradeh va porakhurand. Pas az in dard boyad gurekht. Meguyand ba yak gul bahor nameshavad va bo yak E. Rahmon ham in dard taskin nameyobad. Pas biyoed dar doira in mavzu bahs kunem. Shoyad ruze shavdu yake mo ba kursii vaziri kishovarzi rasad pas u az onchi dar injo shunidaast dars mekunad va shoyad kori nazarrase mekunad.


Ном: билол аз: дангара
04.03.2008 21:50

Чаноби оли ман як бачаи факир манро дасгири кунед


Ном: умеда
04.03.2008 16:58

Айби раисчумхур нест, айби гирду атрофиёнаш мебошад, ки ба у дар зохир содик хастанду дар ботин не. Факат гами киссахои худро мехуранд ва бехабар, ки давлатро ба ботлоки фаношави мекашанд. Чунки дар сари мансаб холо ки хаст? Хамонхое ( на хама), ки бо рохи пора диплом харидаанд ва дар вазоратхо чойгир шудаанд. Бояд аз онхо халос шуд. Шахсоне, ки тафаккур ва илми баланд доранд, аз бепули хеч касанд. Онхоро ба сари мансаб бе пора шинондан даркор. Шахсе, ки бо рохи пора мансабдор шуд, табиист, ки дузд хохад шуд. Чунки маблаги пораро дучанд бояд руёнад.


Ном: Dehkon аз: Dehkonobod
04.03.2008 15:41

Durud, Man fikr mekunam ki Hukumat metavonad chora andeshida mardumi kishvarro az mavodi ghizoi tamin namoyad. hama ba Kazokiston nigoh karda naistem ham meshavad. Masalan az hisobi kam kardani zamini pakhta, dastgirii dehkonon bo tukhmi, neruhoi minerali, kam kardani andoz baroi on dehkonone ki az 1 zamin du hosil megirand, islohoti durusti zamin va rohho ziyodand. Inchunin academiyai kishovarziro meboyad baroi rohhoi barovardani tukhmhoi navi gandum ki metavonand hosili naghz dihand korhoi ilmii anik barad. Tukhmi balandsifat nest. Gandumi Tojikiston noni khub nameshavad binobar hamin tukhmie lozim ast ki on ham hosili khub dihad va ham noni sifatdor shavad. lekin in kori sahl nest. Ba fikri man ba baland shudani narkhi ozuka baland shudani narkhi naft dar bozori jahoni yake az sabahost. inchunin arzishi nakli borho ham baland ast. binobar in durust ast ki davlat boyad hozir chora andeshad.


Ном: Pironsol
04.03.2008 11:57

Barodaron,
Biyoed ba shaxsiyathoi va ramzhoi mili va diniyamon dast darozi nakynem. In preblemahoi mo hast dar asr mo boyad rohi halashro yobem. Aloma Rudaki harchi az dastash omad kard baroi milat. biyoed mo az dastamon meomadagira kynem, yo moshin ikhtiro meniyo samalyot.
Tesha ba reshat nazan ki qoq meshai.


Ном: Димпломдор аз: Ехсу
04.03.2008 11:56

Точикон 7 миллион нестанд!! бошанд 5 миллион хастанду халос . 2,5 миллион дар Россия аробакаши мекунанд е кучаруби ! Арманиро,яхудиро дидаед ,ки кучаруби кунад. Ширкатхо,бонкхо дар дасти онхост.Савод.ки надорем бо дипломи донишгоххои Точикистон аробакаши мекунем! Зинда бод кучарубхои дипломдор.


Ном: Rafiq
04.03.2008 09:19

Nek: prezident talosh karda istodaast, aybi vay nest ki vay savodi hukmroni davlat dar sharoiti hozira nadorad. mo boyad kushish kunem dar yakjoyagi baroi vay kumak kunem, vay boyad dar navbati xud mutaxasisoni navro ba yidorakunii davlat jalb kunad. Mutaxasisone ki dar gharb talim giriftand onhoro boyad ba yin xel korho jalb kard.


Ном: Saimurod аз: Dushanbe
04.03.2008 09:06

Arvohi Buzurgonro naranjoned, Istimos. To ba Rudaki rasidan va ba u baho dodan ba shumo sadsolaho darkor ast. Shumo hukuk nadored ki ba u baho dihed. Tu benishon benishon memoni lekin Rudaki na tanho nishonai yak millat ast balki dar hardu dunyo inshoaaloh ki nomu nishon dorad. Uro olam medonad va ammo turo mumkin ki turo "padarat" nameshinosad


Ном: Beswet
03.03.2008 15:34

zimiston az be sweti mardum aziyat kashid bo tobiston az mawodi ozuqa tirahmohash shoyad az digar chiz digar mardumi bechora chikor kunad

Шарҳҳо 1-10 (of 14)