Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро орд дар Тоҷикистон гарон шуд?


Алмато Нархи ғаллаи Қазоқистон то моҳи сентябр, яъне то ҷамъоварии ҳосили нав боло хоҳад рафт.

Данеля Хасенова, мудири тиҷоратии ширкати "Сесна стик", ки яке аз бузургтари ширкатҳои содиркунандаи ғаллаи Қазоқистон аст, гуфт, болоравии нарх аз аввали ҳамин моҳ шурӯъ шуд ва минбаъд низ идома хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, дар бист рӯз қимати орд дар кишвар 15- 20% афзоиш ёфт.

Намояндаи дигари ин ширкат дар шаҳри Алмаато Ернар Аҳмадов мегӯяд, ки аввали моҳ 1 кило орд 43 танга кимат дошт . Алъон он 8 танга афзоиш ёфта, ба 51 танга расид, ки баробари қариб 42 сент аст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо омили асосии болоравии нарх, аз як сӯ дар анборҳои ғаллаи Қазоқистон боқӣ намондан ё ба таври басо кам мондани ин мавод асту аз сӯи дигар хушксолӣ дар Укроину Русия ва басо коҳиш ёфтани тавлиди ғалла дар соли равон. Аз ин хотир ба таъкиди намояндаи ширкати ғаллаи "Сесна стик" наметавонанд аз афзоиши минбаъдаи нарх ҷилавгирӣ кунад. Хонум Хасенова мегӯяд, ки чун Тоҷикистон низ ғаллаи хешро асосан аз Қазоқистон мегирад, гароншавии нарх дар ин кишвар ба бозори ғаллаи Тоҷикистон низ бетаъсир нахоҳад монд.

Ба иттилои як бозаргони тоҷики муқими Қазоқистон, як тонна орд дар ин ҷо аз 220 то 260 доллари амрикоӣ харидорӣ шуда, дар маҷмӯъ бо масрафи роҳу дигар харҷҳо ба пойтахти Тоҷикистон 280 -- 320 доллар шуда мерасад. Қимати 1 тонна гандум дар Қазоқистон аз 160 то 180 доллар арзиш дорад ва он то шаҳри Душанбе бо масрафи умумии 220 то 260 доллар мерасад,

Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон ҳарчанд ғалла тавлид мекунад , вале он ниёзи мардуми кишварол қонеъ намегардонад ва миқдори зиёди ғалларо аз Қазоқистон харидорӣ мекунад. Соли гузашта Тоҷикистон аз ин кишвар беш аз 850 000 тонна орду гандум ворид карда буд. Имсол коршиносон ҳадс мезананд, ки Қазоқистон қариб 17-18 миллион тонна ғалла хоҳад бардошт, ки назар ба соли гузашта 1,6% камтар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG