Фарҳанг

Забони тоҷикӣ мемирад?

20.02.2008

Бо гузашти 19 сол аз тасвиби қонуни забони тоҷикӣ ва мақоми давлатиро касб кардани ин забон дар Тоҷикистон, ин суол ҳанӯз ҳам матраҳ аст, ки оё воқеан тоҷикӣ - забони модарии аксари мардуми Тоҷикистон ба гунаи мусбат, покизагӣ ва муоширати расмӣ ва коргузорӣ рушд кардааст?

Мардуми Тоҷикистон тасвиби қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989-ро қадами ҷиддӣ дар ҳифзи бештари забони тоҷикӣ унвон кардаанд, аммо бештари соҳибназарон ва муборизони ҷабҳаи покизагиву мақомдории забони тоҷикӣ бар инанд, ки коре, ки дар маврид бояд дар мӯҳлати начандон тӯлонӣ анҷом мешуд, то кунун идома дорад ва ҳам ба кундӣ пеш меравад. Зеро мегӯянд, бар изофаи он ки дар бархе маворид ҳатто соҳибони забони тоҷикӣ мавриди муошират ба забонҳои ғайр авлавият медиҳанд, ҳанӯз ҳам забони коргузорӣ ва илм дар кишвар комилан тоҷикӣ нест ва дар мавриди тоҷикисозии забони ин бахшҳо аз иқдомоти ҷиддӣ кор намегиранд.

Вале масуълини комиссиюни татбиқи қонуни забони тоҷикӣ ҳарчанд вуҷуди мушкил дар мавридро комилан рад намекунад, аммо мегӯянд, ин теъдод мунақиддин дар бештарин маврид ноогоҳона аз кори анҷомшуда сухан мегӯянд.

Дар ҳамин ҳол, Ғаффор Ҷураев, раҳбари дастгоҳи кории комиссиюни татбиқи қонуни забони тоҷикӣ аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки дар махлутшавии забони тоҷикӣ бо дигар забонҳои ғайр ва риоят нашудани имло ва сарфу наҳви забони тоҷикӣ хидмати «хирсонаи» матбуот ва васоити ахбор зиёд ба назар мерасад. Ва мегӯяд, ба истилоҳ «забондондонии» ин гурӯҳ соҳибони забон мардумро ҳатто бо иштибоҳ меандозад.

Раҳбари дастгоҳи кории комиссиюни татбиқи қонуни забони тоҷикӣ аммо мутмаин аст, ки  феълан хатари маҳвшавӣ дар қиёс ба 20 соли пеш домани забони тоҷикиро раҳо кардааст, зеро мегӯяд, тоҷикӣ забони давлатдорӣ аст ва аз сӯи давлат ҳифз мешавад.

Дар Тоҷикистон бо шумули забони тоҷикӣ 10 забони дигари кӯчакӯ бузург мавҷуд аст, ки бар изофаи 5-6 забони дар хориҷ мақоми давлатӣ дошта, боқӣ зери хавфи маҳвшавӣ қарор дорад. Аксари ин забонҳо қадимӣ ва забони сокинони қадимии минтақа аст, ки бо гузашти замон ва маҳви мероси таърихии адибиёту фарҳанг бо он забонҳо, ҳастии онҳо зери хавфи ҷиддӣ қарор гирифтааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 20)
Ном: Шер аз: Кулоб
05.03.2008 23:03

Ман гуфтани хастам ки агар мо филмхои точики дар теливизион нишон медиханд онро бо забони руси нишон медиханд ва боз дискхои летснзионный нестанд.. Агар ба точикии хеле одамони гапдону кордон тарчума мекарданд ана баъд халк факат точикии худро нигох мекард.. Боз филмхои нави ки вай кино ба монанди замони чавобгуй бошад.
Мисол Узбекистон хар моху руз кинохои нав истехсол мекунанд ба монанди Фотима Зухро ки ин филмро дар Сафина 5 - бори такрор нишон доданд.

Агар сесад забон дони фузун нест,
Хама руз ба кор ояд зарур нест,
Надони забони давлатии худ,
Пушаймони надорад окибат суд...


Ном: Шерзод аз: Душанбе
05.03.2008 22:43

Мактаббаччахо аз китоб не балки аз хонандахои беодобу бефахм гапхои пасти ба талаботи забони точики баробар нест гап мезананд...... Бояд мо аввал насли ояндаро гап ёд дихем !!!!


Ном: Умед Ҷайҳонӣ аз: Масков
04.03.2008 13:03

Забони тоҷикиро тарҷума ва баргардон аз забонҳои бегона, хусусан аз русӣ, мекушад. Ҳамакнун дафтаре дар даст дорам, ки "Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" ном дорад ва соли 2007 дар Душанбе чоп шудааст. Чунон ки аз номи дафтар бар меояд, онро аввал ба русӣ ном гузоштаанд ва сипас ба точикӣ баргардондаанд: "Нормативно-правовые документы по упорядочению традиций, торжеств и обрядов". Аммо ин гуна дафтарро ба забони тоҷикӣ "Асноди ҳуқуқии танзими ҷашну ойинҳо" бояд номид.


Ном: безабон аз: Дангара
01.03.2008 11:32

Ватт,вольт,герц ,гигагерц ,компютер,Радио,в гайра низ точики будагист ва точикхо ихтироь кардаги???? Шояд Амрикоро низ точикон кушодаги хастанд?Эхтимол ба Марс низ равона будагистанд? Вашингтон низ точик будагист?


Ном: Хамиди Хамид
28.02.2008 11:38

Рохбари дастгохи кории комиссияи тадбики конуни забони точики хазорон бор номаъкул кардааст. хатаре ки имруз забони точикиро тахдид мекунад, хеч вакт тахдид накарда буд. нимбарахнагони пойтахти макоми забони точикиро то чое заиф кардаанд, ки баъзан аз гуиш бо забони давлати "шарм " мекунанд. хушёр бояд буд ки макоми давлати гирифтани забони точики маънои аз тамоми хавфу хатар халос шуданро надорад ва ин забонро дастчамъона бояд хифз кард. Ва набояд гузошт ки ягон аблахи "соврименни" дар худуди Точикистон ба он беэхтироми кунад. кори коммисиюни забон то хдде заиф аст, ки кормандони онро меарзад вочиубулкатл хонд. Зеро то хол коре ки арзишманд бошад анчом надодаанд. Ва нишастхояшон аз сухахнони сар-сари фарки зиёде надорад. Бароти Юсуфи бошад дар нигоштааш натавонистааст хама пахлухоро рушан кунад. Гуё аз соли 1989 то имрузро тахлил карда бошад, вале аз сафсата кам фарк дорад.


Ном: Далер
26.02.2008 22:46

Гурез,

Мухандис арабй нест. Дуруст аст, ки он аз "хандаса"-и арабй меояд, вале решаи он форсй аст - "андоза". Холо мухандис наздиктар аст ё инжинер?


Ном: Далер
26.02.2008 22:22

"Патриоту",
Куринной слепотой кажется страдаешь ты. Разве не видишь, что сайт на таджикском и проблема таджикская? К чему твой русский патриотизм?


Ном: Маннонова З аз: Тошканд
26.02.2008 13:45

Харгиз ин тавр нахохад шуд. Ин гуфта, садои дили ман аст.


Ном: Олим
26.02.2008 06:42

Забони точики забони техника ва илм нест!!!!! Ман ба ин итминони омил дорам!!!!!!

Сад дар сад бо навиштаи ин инсон рози хастам!!!!


Ном: ALI аз: TJK
22.02.2008 21:56

Ba BEZABON:
--To zamone ,ki nomi buzurgoni abadi fors-tojik misli :RUDAKI,SINO,KHAYOM VA DAHHO TOYI DIGAR ZINDAAND,ZABONI FORS -TOJIK ZINDA KHOHAD BUD.

Шарҳҳо 1-10 (of 20)
Ҳаҷми матн