Пайвандҳои дастрасӣ

Дар олам чи миқдор забон мурдааст ва ё аз миён рафтааст – ягон забоншинос дақиқан намедонад. Вале имрӯз забонҳои дар марзи маҳв қарордоштаро, дақиқан мушаххас кардаанд, ки теъдоди онҳо ба 383 мерасад!

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар дунё дар ҳоли ҳозир 3583 забон ҳаст. Аз ин миён бо 83 забон ҳудудан 80% сокинони кӯраи замин сухан мегӯянд ва 3500 забон миёни 0,2%-и аҳолӣ роиҷ аст. Ва хатари маҳви комили ин ҳама 3500 забон, ки гурӯҳи кӯчаки мардум ба он ҳарф мезананд, бармалост.
Вале, бар тибқи иттилоъи забоншиносон, дар соли 2008 шояд 383 забон аз миён равад. Инҳо забонҳоеанд, ки бо онҳо гурӯҳи кӯчактари мардум сухан мегӯяд. Ба гунаи мисол, ҳаст дар олам забонҳое, ки бо онҳо 2 ё 3 нафар сухан мегӯянд, ва онҳо охирин сулолаи посдори ҳамин забонҳо будаанд.
Масалан, бо забони ючӣ – забони ҳиндувони амрикоӣ – ҳамагӣ 5 нафар ҳарф мезанад, ки синни онҳо аз 60 сол болост. Вале бо забони сили-динӣ, забони дигари ҳиндувони иёлати Орегони ИМА, танҳо 1 нафар сухан мегӯяд. Забоншиносон мегӯянд,бо фавти ин 6 нафар 2 забон низ мефавтад.
Умуман, дар ИМА 27 забони ҳиндувон дар марзи маҳвшавӣ қарор дорад. Дар Австралия 153 забони аборигенҳо (аҳолии бумии ҳиндувон) дар марзи нестӣ будааст. Дар Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ ин теъдод ба 113 мерасад. Ба қавли коршиосон, дар кишварҳои соҳили уқёнуси Ороми Амрикои Лотин 54 забон зери хатари нестшавӣ қарор гирифтааст. Дар Сибири Русия, Чин ва Жопун 23 забони қадимӣ ҳатман мемиранд ва роҳи наҷоти онҳо вуҷуд надорад...
Сабаби фавти забонҳоро забоншиносон дар таъсири хеле пурзӯри забонҳои аврупоӣ – ба вижа англисӣ, испонӣ ва фаронсавӣ – дидаанд, ки мавқеъи забонҳои бумиро танг кардаву аз истифода баровардаанд. Имрӯз ҳатто наметавон тасаввур кард, ки замоне забони амрикоиҳо англисӣ набудааст!
Вале забонҳо на танҳо дар зертаъсири забонҳои аврупоӣ маҳв шудаанд. Бар асари сиёсати ишғолгароӣ ва колонизаторӣ ё ғуломдории аврупоӣ дар асрҳои миёна садҳо қабоили ҳиндувон дар Амрико, Осиё ва Австралиё нест шуданд.
Бар тибқи иттилоъи Дэвид Харриссон, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи забонҳои зиндаи ИМА, дар шӯравии собиқ сиёсати маҳви забонҳо роиҷ будааст, ки бар асари он забонҳои сибирӣ ба таври сунъӣ аз миён рафтаанд.
Ҷонибек Акобир, нависандаи тоҷик ва нафаре, ки мегӯяд, ҳоло ҳам хатари маҳв шудани ин забон бармалост, мегӯяд: «Ин ҳам дар ҳолест, ки забоншиносони тоҷик иддаъо доранд, ҳамин сиёсат дар тӯли 70 сол дар кишвари мо ҳам пиёда мешуд ва дар мавриде, ки дар шаҳрҳои хурду бузург тоҷикии форсӣ маҳдуду маҳв мегардид, забони миллӣ дар дараву деҳоти кӯҳманзар ҳифз шудааст». Оқои Ҷонибек афзуд, ҳамакнун сиёсати ҷаҳонишавӣ боз ҳам сари тоҷикии форсӣ хатар эҷод кардааст.
Вале ба иттилоъи Зиё Абдулло, шоири саршиноси тоҷик, ҷаҳонишавӣ сари тоҷикии форсӣ хатаре надорад, зеро бо ин забон беш аз 100 миллион одам дар Афғонистону Ирону Покистон ва Тоҷикистону Узбакистон сухан мегӯяд.
Бар тибқи иттилоъи Мирзо Шакурзода, муаллифи китоби «Тоҷикон дар Фалоти Ирон» хатари бузургтаре сари забони тоҷикӣ дар кишварҳои ҳамсоя эҷод шудааст, ки ба таври сунъӣ лаҳҷаи тоҷикиро маҳв мекунанд.
Ва аммо уламои хушбин мегӯянд, бо тоҷикӣ, дарӣ ва ё форсӣ садҳо миллион сухан мегӯяд ва ин яке аз бузургтарин забонҳои роиҷ будааст. Бо форсии тоҷикӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ эҷод шудааст, Рӯдакӣ сурудааст, Сино навиштааст ва дар Осиёи марказӣ аз тоҷикӣ забони қадимтаре нест.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷонибдрони ҳушдори хатарҳо сари забон мегӯянд, форсии тоҷикӣ мутаассифона забони андеша, илм ва зеҳн нест. Ато Мирхоҷа, садри шуъбаи назми Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки миёни кишварҳои ҳамзабон алифбои ягона нест ва ин забон ба се шоха ҷудо шудаасту ҳамзабонҳо ҳатто имкони мутолиъаи асарҳои ҳамдигариро надоранд ва шеваву гӯиши ин як забон бештар бар 3 пора мешавад ва хатари дар алоҳидагӣ нест шудани он мавҷуд аст.
Аз сӯи дигар, дар олам забонҳои бузургу тавоное ҳам будаанд, ки маҳв шудаанд ва беғамиву бепарвоӣ дар нисбат ба забони миллӣ метавонад тоҷикии форсиро низ пешорӯи ҳамин хатар ҷо кунад. Ҷонибдорони ин идея забони лотинӣ, коптӣ ва санскритро мисол меоранд, ки дар тӯли беш аз 2000 сол то ҳанӯз забони илму андешаанд, вале ... мурдаанд, зеро бо онҳо касе ҳарф намезанад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG