Тоҷикистон

Эътирози зарардидагони таркиш

Як гурӯҳе аз зарардидагони таркиш

10.12.2007

Ҳудуди 25 зарардидаи таркиши ахир дар Душанбе дар назди бинои Ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо нишони эътироз ҷамъ омаданд.

Ба гуфтаи зарардидагон, пас аз  таркиши манзили онҳо на мақомоти давлатӣ ва на масъулони ҳукумати ноҳия ба назди онҳо наомадаанд ва дасти ёрӣ дароз накардаанд. Як гурӯҳи осебдидагони беш аз 40 нафар дар калисои «СонМин» ном як созмони мазҳабии масеҳӣ паноҳ ёфтаанд. Адиба Мусулмонова, яке аз афроди норозӣ гуфт, ягон нафаре на аз ҳукумат на аз дигар созмоне аз ҳоли мо хабар нагирифт ва кумаке накард. Вай афзуд, то имрӯз мо бе хона тоқат кардем ва омада муроҷиат кардем, аммо ба мо гуфтанд, ки масъалаи хонаҳоятонро худатон ҳалл кунед.

Вале қисмати бештари онҳо се шаби гузаштаро дар зери ҳамон бинои тахрибшуда  ба сар кардаанд. Онҳо намедонистаанд алъон дар куҷо хоб раванд. Мегӯянд, инфиҷор 23 оиларо аз хонаи истиқоматиаш маҳрум кардааст.

Раҳматулло Ғуломов, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ба  назди эътирозгарон баромада, гуфт, ҳукумат ба онҳо ҷиҳати таъмини хурокворӣ кумак мерасонад, аммо имкони таъмини онҳо бо манзили зистро надорад.  Вай гуфт, таъмири хонаҳо аз тарафи худи аҳолӣ бояд бошад. Вай афзуд, он чи ки аз тарафи фонди захиравии аҳолӣ пешбинӣ шудааст, ҳукумат кумак мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат ба соҳибкорон муроҷиат кардааст ва онҳо зарадидагонро бо хурокворӣ ва либоси гарм кумак мерасонанд. Вай гуфт, ҳоло хонаи холӣ нест, ки зарардидагонро ҷойгир кунем, вале ин масъаларо кушиш мекунем ба зудӣ ҳал созем.  

Ин зан дар натиҷаи таркиш бе хона мондааст

Аммо суханони раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт зарардидагони бинои тахрибшударо боз ҳам ба шӯр меовард. Онҳо мегуфтанд, дигар дар биное, ки тахриб шудааст, имкони зистан вуҷуд надорад, зеро эҳтимоли ҳар лаҳза фурӯ рехтани бинои тахрибшуда вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, мақомот ҳануз муайян накардаанд, ки асли таркиши бинои мазкур дар чист: маводи мунфаҷира ё газ. Сокинони ин хонаи баландошёнаи тахрибшуда аслан намедонанд, ки бар асари чӣ манзили онҳо тахриб шудааст.

Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: Вориси
18.12.2007 15:36

Худоё, кай дар Точикистон инсон кадр пайдо мекунад?! Магар Хукумати маркази дар баробари халли масъалаи хонахои зарардида чорае наандешидааст? Ё пулхои чудошуда(хеч имкон надорад ягон маблаг чудо нашуда бошад) дар нимарох "бухор" шуданд? Аввалан, агар бино зарари калон дида бошад, баяд, ки тахриб шавад ва чои он бинои нав сохта шавад. Дувуман, наход мардуми бе ин хам дармондаи мо дар ватани худ чунин азияту машакат бинан. О онхо хохарон, модарон, падарон ва фарзандони мо мебошанд. Магар хукумат фикр намекунад, ки он тифле, ки ин рузхои сардро дар "сарай" сипари мекунад, фардо бо чи "мехру мухаббат" пуштибони хукумат хохад шуд?! ===-- На кори инхост, на кори онхост,==== ===-- Аз ину он нест, аз мост, ки бар мост!!=

Ном: Кисмат аз: сокини Душанбе
11.12.2007 10:37

Мусибат бо хама буду набудаш пур аз дахшат ва гаменгезихост, ба хамин хотир бо онхо дар гаму андухашон шарик шуданро авло медонам. Лек як чизро то хол хуб нафахмидам, ки чаро дар тобистон мусибате, ки ба АШТУ РАШТ омада буд, сохторхои хукумати ва созмонхои гайри хукумати саросемавор ба онхо кумак карданро вазифаи аввалини худ дониста хизмат мекарданд, аммо дар дохили шахри Душанбе дар замистони хунук чашмашон ба ин зарардидагони мусибат зада намеафтад? Суоле хам пайдо мешавад, ки дар рохи дур ва манхарахои зебои Кухистон лахлае аз хавои тоза нафас кашидан аз хама чиз киматтар аст? ва ё обу лой кардани маблаг дар рохи Кухистон осон ва дар Душанбе аз чунин имкониятхо истифода кардан кори сахл нест? наздашон таркиш