Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар маълумоти расмӣ, дар натиҷаи таркиши рӯзи 7 декабр дар яке аз биноҳои истиқоматии Душанбе ҳафт нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ягон нафар кушта нашудааст.

Дар ҳоли ҳозир, фарзияи аслии мақомот дар мавриди ин таркиш газ мебошад. Тафтишот ҷиҳати муайян намудани иллати дақиқи инфиҷор идома дорад.

Гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳаллаи таркишро ин ҷо бихонед


Дар натиҷаи таркиш шаш сокини он бино – се мард ва се тифл ҷароҳати дараҷаи мутавассит бардоштаанд. Ҷароҳати як духтараки 15-сола шадидтар будааст ва дар ҳоли ҳозир, пизишкон барои наҷоти ҷони ӯ талош доштаанд. Наҷотдиҳандагон ин духтарро, ки дар қабати чаҳорум мезистааст, дар вайронаҳои қабати дувум ёфтаанд.


Аксҳо аз маҳалли таркишро ин ҷо бубинед

Таркиш дар қабати савум ба вуқӯъ пайвастааст ва дар лаҳзаи таркиш касе дар он хона набудааст.

Шаш хона комилан тахриб ва беш аз 30 хонаи дигар қисман зарар дидаанд. Сокинони бино шаби гузаштаро дар як маҷмаъаи варзишӣ рӯз кардаанд.


Гузориш ва аксҳо аз таркиши қаблии газ дар Душанбе дар моҳи ноябр ин ҷост

XS
SM
MD
LG