Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари сисёсии Толибон аз мақомаш истеъфо дод


Яке аз раҳбарони боломақоми Толибон баъд аз муборизаҳои дохилӣ барои раҳбарӣ дар ин ҷунбиш аз мақоми худ истеъфо додааст. Саид Муҳаммад Тайиб Оқо дар изҳороте гуфтааст, ки вай аз раҳбарии дафтари сисёсии Толибон дар Доҳа-пойтахти Қатар истеъфо медиҳад.

Ин дафтар дар Доҳа барои он ташкил шуд, ки Толибон битавонанд бо ҳукумати Афғонистон музокироти сулҳ анҷом диҳанд. Тайоб Оқо гуфт, ки вай махфӣ нигоҳ доштани марги Мулло Муҳаммад Умар-раҳбари Толибонро аз тарафи баъзе шахсиятҳо “иштибоҳи таърихӣ” медонад.

Толибон ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки Мулло Умар дигар зинда нест ва мурдааст. Дар ин эълон ҳамчунин омадааст, ки Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур раҳбари нави Толибон хоҳад буд. Ин хабар мақомоти баландпояи Толибонро ба ғазаб овард. Бародари Мулло Умар низ онро интиқод кард.

Бино ба гузоришҳо, баъзе аз фармонденҳони Толибон даргириҳоро нигоҳ доштанд ва гуфтанд, то замоне ки раҳбарият маълум нашавад, ҷангҳоро аз сар намегиранд.

Саид Муҳаммад Тайиб Оқо мегӯяд, раҳбари нави Толибон бояд дар дохили кишвар дар ҳузури муҷоҳидини саршинос интихоб шавад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон гуфт, ки вай эъломияи Оқоро таъйид карда наметавонад.

XS
SM
MD
LG