Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Ироқ шаҳри Ҳусайбаро пас гирифт


Нерӯҳои ҳукуматии Ироқ бо мадади размандагони қабилаҳои сунниву шиамазҳаб манотиқеро, ки ҳафтаи гузашта ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ ишғол карданд, пас гирифтанд ва ба самти шаҳри Рамодӣ пешравӣ мекунанд. Амир ал-Фаҳдовӣ, як қабиласолори суннимазҳаб гуфтааст, ки нерӯҳои давлатӣ шаҳри Ҳусайба дар 10 километрии шаҳри Рамодиро озод карданд ва қасд доранд, ҷангҷӯёнро ақиб бизананд. Суқути шаҳри Рамодӣ дар рӯзи 17-уми май, як шикасти бузург барои артиши Ироқ ба ҳисоб меравад, ки чанде пеш амалиётеро барои пок кардани вилояти Анбор аз ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ оғоз кард. Ва дигар ин ки бино ба гузоришҳо, баъди ақибнишинии нерӯҳои Сурия, гурӯҳи Давлати исломӣ, як гузаргоҳи марзии миёни Ироқу Сурияро ишғол кардааст. Ҳоло ин гурӯҳ ду роҳи аслӣ миёни Сурия ва вилояти Анбори Ироқро дар контроли худ дорад.

XS
SM
MD
LG