Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хостори ҳамкорӣ бо президенти оянда шуд


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, ки кишвараш омода аст бо раиси ҷумҳури ояндаи Амрико ҳамкорӣ кунад. Вай гуфт, ки Русия ва Амрико дар бисёре аз бахшҳо “барномаҳои муштарак” доранд ва Маскав бо ҳар касе, ки моҳи ноябри соли 2016 дар Амрико раиси ҷумҳур интихоб мешавад, ба ҳамкорӣ омода аст.

Дар мусоҳибае бо телевизиони давлатии Русия 18 апрел Путин гуфт, ки Амрикову Русия дар бахшҳое аз қабили маҳдудияти аслиҳаи куштори ҷамъӣ, терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта бояд ҳамкорӣ кунанд.

Путин афзуд, ин ду кишвар бояд барои “бештар демократӣ кардани иқтисоди ҷаҳонӣ ва суботу тавозуни он” корҳои бештар анҷом диҳанд.

Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ барои рафтори Русия дар қиболи Украина, аз ҷумла ба ихтиёри Русия даровардани Қрим дар моҳи марти соли 2014 таҳримҳо ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG