Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Э.Раҳмон бо як мақоми ширкати Тотал


Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Майкл Боррел
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Майкл Боррел

Шоми гузашта дар ҳошияи Конфересияи 21 - уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Парижи Фаронса Эмомалӣ Раҳмон бо Майкл Боррел, муовини аввали раиси ширкати Тотал мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат, аз ҷумла,ба роҳ мондани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва содироти захираҳои он баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо бо дарназардошти имкониятҳои мазкур таъкид намуданд, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси натиҷаҳои мушаххас дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад шуд.

Инчунин, дар мавриди имкониятҳои дигари сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори ин кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

XS
SM
MD
LG