Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Алломаи Регарӣ


Эшонҷон Абдушарипов, маъруф ба номи “Алломаи Регарӣ” субҳи 9-уми сентябр дар сини 68-солагӣ аз дунё даргузашт. Алломаи Регариро ҳамчун як рӯҳонии мӯътадил этироф мекарданд. Рустам Абдушарипов, писари рӯҳонӣ 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтироми падараш аз он буд, ки “ҳақгӯ буд ва ба ҷуз ҳарфи Худованду ҳидояти мардум ба роҳи рост, коре надошт. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба сиёсат кор надошт, аз ин рӯ мардум эҳтиромаш мекард”. Эшонҷон Абдушарипов ё худ “Алломаи Регарӣ” соли 1947 дар водии Қаротегин таваллуд шуда, соли 1950 дар ҳоле, ки се сол доштааст, ба ноҳияи собиқ Регар, ҳоло Турсунзода муҳоҷир мешавад. Ӯ таълимоти ибтидоии динии худро назди Мавлавии Ҳиндустонӣ, як рӯҳонии дигари маъруфи замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон гирифтааст. Дар замони Шӯравӣ ӯ сӣ сол ба ҳайси мироб кор кардааст. Соли 1988 дар замони Шӯравӣ сархатиби масҷиди “Аллома”-и Регар интихоб мешавад ва то замони даргузашташ дар он ҷо фаъолият доштааст. Ба гуфтаи наздиконаш, то чанд соли баъд бо вуҷуди сархатиби масҷид будан ӯ кори миробиашро тарк накарда буд.

Аз соли 1999 то соли 2006 ҳамзамон дар Донишкадаи ба номи Имом Тирмизии шаҳри Душанбе ба ҳайси мударрис кор кардааст. Рустам Абдушарипов, писари ӯ мегӯяд, падараш чаҳор китоби динӣ навиштааст ва охирин китобаш “Саргузашти Имоми Аъзам” мебошад. Қисми якуми китобаш нашр шуд, вале барои нашри қисми дуввуми китобаш умр боқӣ накард. Ҳоло дастнависҳои зиёде дорад, ки мо тасмим дорем, онҳоро нашр кунем", - гуфт Рустам Абдушарипов.

Алломаи Регарӣ 7 писар ва як духтар дорад. Фарзандонаш мегӯянд, чаҳор моҳи охир падар аз дарди қалб ранҷ мекашид ва як дафъа ҳам сактаи қалбиро аз сар гузаронида буд. Қарор аст, имрӯз пас аз нисфирӯзӣ ҷанозаи ӯ дар шаҳри Турсунзода ба хок супурда шавад.

XS
SM
MD
LG