Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Музокироти раҳбарони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон барои имрӯз, 5 август анҷом шуда, қарор аст субҳи фардо, рӯзи панҷшанбе идома ёбад. Ба иттилои масъули нирӯҳои марзбонии ноҳияи Ботканди Қирғизистон, гуфтугӯҳои имрӯза соати 19:00 ба поён расиданд. Айни замон, ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки музокирот бояд фардо низ идома ёбад. Дар ин замина ба радиои Озодӣ Гулмира Борубоева, сардори Раёсати иттиллооти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар дод. Вай гуфт: “Имрӯз асосан мавзӯи сӯҳбатҳо марбут ба тадбирҳои баэътидол овардани вазъ дар марз будааст. Ҳарду ҷониб ҳам ба мувофиқа расиданд, ки чораҳои мӯътадилкунандаи вазъ дар маҳалли моҷарои рӯзҳои 3 ва 4 август қонеъкунанда ҳастанд. Айни замон, фардо, 6 август қарор аст музокирот идома кунад ва дар ин гуфтугӯҳо сухан аз роҳҳои бартарафсозии решаҳои ин моҷаро хоҳад рафт”, гуфт Гулмира Борубоева. Ба иттилои вай, интизор меравад идомаи музокироти тарафҳо аз субҳ шурӯъ шавад ва дар поёни он ҷузъиёти бештар ба даст хоҳад омад. Вай гуфт, дар музокирот танҳо ҳамин моҷарои мушаххаси ду рӯзи гузашта баррасӣ мешавад. Ба саволи ин ки оё ҷонибҳо бар сари кадом масъала бахусус ихтилофи назар доранд, ӯ гуфт, ин маълумот танҳо дар поёни музокирот ба даст хоҳад омад.

Рӯзи 5 август ҳайатҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон, тахминан 30 нафар ба манзури баррасии ихтилофи марзии сокинони рустоҳои тоҷикиву қирғизии Сомониён ва Кӯктош дар Исфара ҷамъ шудаанд. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳайатҳо баъди соати 14:00 дар маҳалли низоъ бо вазъ ошно шуда, харитаи мавзеи баҳсиро ташхис карда, аз манзилҳои тахрибшуда ва дигар маконҳо дидан намуда ва ҳатто бо мардум низ гуфтугӯ намуданд.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, “ҳайатҳои мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар маҳалли низоъ бо ҳам баҳс карданд, то тамоми ҷузъиёти ҳодисаи низоъро дақиқ намоянд. Ва баъдан ин ҳайат дар мулоқот бо сокинон ваъда кардаанд, ки вазъи ба амал омадаро баррасӣ карда ва аз натиҷаи музокирот онҳоро дар ҷараён хоҳанд гузошт”. Баъди ин музокироти тарафҳо дар пуши дарҳои баста ҷараён гирифт ва то соатҳои 7 шом идома кард. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин музокирот Раҷабалӣ Пираков, муовини фармондеҳи Сарраёсати нируҳои марзбонӣ, Ҳотам Дадобоев, муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Исфара намояндагӣ дорад.

Муноқишаи нав дар ҳоле сар зад, ки дар натиҷаи сангандозиҳои шоми 3 август дар назди деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара зиёда аз 10 нафар аз ҳарду ҷониб маҷрӯҳ шудаанд. Тарафи Қирғизистон мегӯяд, 7 нафар ба бемористон муроҷиат кардаанд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ рӯзи 5 август муовини нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, баъди моҷарои ахир “вазъ аз ҳарду тарафи марз таҳти назорат гирифта шудааст. Марзбонони ҳарду кишвар сарҳадро назорат мекунанд. Илова ба ин, низомиёни вазоратҳои умури дохилаи ҳарду кишвар ҳам ҳамон ҷо ҳастанд”, гуфт ӯ.

Нозирони вазъ эътироф мекунанд, ки ҳар сари чанд сар задани моҷароҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо сабаби ба дарозо кашидани имзои созишномаи аломатгузории марз иртибот мегирад. Маматалиев дар ин замина гуфт, ки Қирғизистон ҳанӯз соли гузашта ба Тоҷикистон тарҳи дидгоҳи худро дар масъалаи хатти марзи давлатиаш бо ин кишвар ироа кардааст, вале эҳтимолан, кори мутахассисони тоҷик мӯшикофона идома дорад. Илова ба ин, гуфт ӯ, баъди аз вазифаи муовини нахуствазир сабукдӯш шудани Муродалӣ Алимардон, раҳбарии намояндагии комиссиюни муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон ба тозагӣ Азим Иброҳим ба ӯҳда гирифтааст. Қарор аст дар моҳи август музокироти навбатии раҳбарони ин комиссиюн дар Душанбе баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG