Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳусайнӣ: Омодаем, ки номи ҲНИТ-ро тағйир диҳем


Cаидумар Ҳусайнӣ
Cаидумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, агар раисиҷумҳури Тоҷикистон бихоҳад, омодаанд, ки номи ҳизбро тағйир диҳанд. Оқои Ҳусайнӣ дар ин бора 22 июн дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, масъалаи табдили номи ҳизб бори аввал соли 1999 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раҳбари марҳуми ҲНИТ пешниҳод шудааст.

Ба нақли Ҳусайнӣ, "соли 1999, вақте Додгоҳи олӣ дубора иҷозат дод, то ҳизб фаъолияташро давом диҳад, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба устод Нурӣ пешниҳод карда буд, ки калимаи Ислом аз номи ҳизб гирифта шавад. Аммо Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба раисиҷумҳур гуфтанд, ҳоло барои иваз кардани номи ҳизб каме вақт ҳаст, чунки дар сурати гирифтани калимаи Ислом душманон метавонанд, сулҳи моро вайрон кунанд. Соли 2003 Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба назди раисиҷумҳур рафт, то пеш аз ҷаласаи навбатӣ иваз кардани номи ҳизбро дар миён гузорад, аммо раисиҷумҳур ба он розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки бо ҳамин ном фаъолият кунем."

Ноиби аввали раиси ҲНИТ гуфт, гӯиё оқои Раҳмон гуфтааст, дар тамоми Осиёи Марказӣ танҳо дар Тоҷикистон ҳизби исломӣ фаъолият дорад ва он аз демократияи бештар дар кишвар гувоҳӣ медиҳад. "Барои ҳамин, розӣ шудааст, то номи Ҳизби наҳзати исломӣ боқӣ монад. Вагарна, он замон омода будем, дар ном тайғирот ворид кунем," -- афзуд Ҳусайнӣ. Саидумар Ҳусайнӣ гуфт, агар мушкили мақомот бо онҳо сари номи ҳизб бошад, дар сурати матраҳ шудани ин масъала аз сӯи раисиҷумҳур ва ё мақомоти баландпоя омодаанд, ки онро табдил диҳанд.

XS
SM
MD
LG