Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИРТ натиҷаҳои ниҳоии интихоботро эълон кард


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии 1-уми мартро эълон кард. Абдуманнон Додозода, раҳбари дастгоҳи КМИРТ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси натиҷаҳои ниҳоӣ аз ҳавзаи умумиҷумҳурӣ ҲХДТ 65,4 дарсад, ҲАТ 11,7 дарсад, ҲИИТ 7,5 дарсад ва ҲСТ 5,5% дарсади раъйи интихобкункандагонро ба даст овардаанд. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Додозода, ҲНИТ, ҲКТ, ҲДТ ва ҲСТД аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ҳадди панҷ дарсадаро ба даст наовардаанд. Ба таъкиди вай ҲНИТ 1,6 дарсад, ҲКТ 2,2 дарсад, ҲДТ 1,7 дарсад ва ҲСДТ 0.5 дар сад раъй гирифтанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки бар асоси натиҷаҳои пешакии интихобот, ки рӯзи 2 март аз сӯи КМИРТ эълон шуда буд, ҲХДТ 65,2 дарсад, ҲАТ 11,7 дарсад, ҲИИТ 7,6 дарсад, ҲСТ 5,5 дарсад раъйи интихобкунундагонро ба даст оварда буданд. Аммо ҲНИТ 1,5%, ҲКТ 2,3%, ҲДТ 1,7% ва ҲСДТ 0,5% соҳиби раъйи интихобкунандагон шуда буданд.

Бар асоси натиҷагирии ҳавзаҳои якмандатӣ, аз 41 ҳавза 35 номзад аз ҲХДТ, 2 нафар аз Ҳизби аграрӣ, 2 нафар аз Ҳизби комунист, 1 нафар аз Ҳизби демократ ва 1 нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ пирӯз шуданд. Дар ҳамин ҳол нахустин ҷаласаи ҳайати нави Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумон дар таърихи 17 март бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG