Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Кумитаи забон бо мағозаи “I am different”


Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, номи мағозаи либосфурӯшии “I am different” муғойир ба қонуни забони давлатӣ буда, масъулонашро расман огоҳ кардаанд, ки номи мағозаро мувофиқ ба забони давлатӣ кунанд. Раҳим Зулфониён, сармутахассиси Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 12 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “I am different” номгузорӣ шудани мағозаи хусусии либос ва пойафзолфурӯшӣ дар Тоҷикистон ба қонуни забони давлатӣ мувофиқат намекунад ва номаш бояд иваз шавад.

Ҷаноби Зулфониён меафзояд, ки бар иловаи мухолифат доштанаш бо қонуни забони тоҷикӣ масъулони мағоза номи тамғаи “Iam different”ро ҳамчун номи мағоза истифода бурдаанд, ки ин ҳақро надоранд.

Мағозаи хусусии “Iam different” хиёбони Рудакӣ дар ру ба руи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҷойгир шуда, асосан ба фурӯши либосу пойафзол машғул аст. Масъулони он то ҳол огоҳии Кумитаи забонро шарҳ надодаанд.

Ахиран номгузорӣ шудани яке аз тарифҳои ширкати мобилии Билайн инз боиси баҳси доғ миёни Кумитаи забону истилоҳот ва ин ширкат шуд. Кумита мегӯяд, бояд ба ҷои “Любой ҷо” дар исми яке аз тарифҳои ин ширкат ибораи “самти дилхоҳ” ё “ҳама ҷо” истифода мешуд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, ширкати мобилии “Билайн” (Таком) яке аз таъруфа (тариф)-ҳои навашро “Любой ҷо” номгузорӣ кардааст, ки бо қонуни забони давлатӣ муғойират дошт ва пас аз машварат бо Кумитаи забон дар моҳи сентябри соли гузашта ин масъала ҳалли худашро пайдо кард

XS
SM
MD
LG