Рӯзи 4-уми май дар Душанбе дар синни 73-солагӣ синамошиноси маъруфи тоҷик Саъдулло Раҳимов даргузашт.
Дар Қирғизистон як қисми кӯдакони дар як ҷашн аз садамаи мошин осебдидаро бо ҳавопаймои махсус аз ноҳияи Сузаки Ҷалолобод ба шаҳри Бишкек интиқол доданд.
Бо вуҷуди эътирозҳои оммавӣ, Иракли Кобахидзе, нахуствазири Гурҷистон зарурати қабули қонуни “агенти хориҷӣ”-ро ҳамчун, ба гуфтааш, шарти кам кардани ихтилоф дар ҷомеа, онгуна, ки Иттиҳоди Аврупо тақозо мекунад, дуруст шумурд.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия додааст, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.
Қадимтарин нусхаи дастнависи китоби Қуръон, ки бо номи "Қуръони Усмон" маъруф буда, дар асри 7 дар пӯсти оҳу навишта шудааст, таъмир карда мешавад.
Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ба рушди озодии баён монеа нашавад ва рӯзноманигорони зиндониро раҳо кунад.
Вазири пешини корҳои дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоевро ду моҳ ба ҳабс гирифтаанд. Дар ин бора Додситонии кулли он кишвар хабар дод.
Муҳоҷиронро дар вилояти Курски Русия аз ҳаққи рондани таксӣ маҳрум карданд. Чунин қарорро губернатори он вилоят Роман Старовойт имзо гузошт.
Муовинони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина мулоқот кардаанд.
Вазорати маориф ва илми Қирғизистон хабар додааст, ки баргузории чорабиниҳои оммавии хонандагон дар доираи озмуни “Урааним Манас” дар саросари ин кишвар “ба далелҳои амниятӣ” манъ карда шуд.
Ёфтҳои бештар