Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари серӯзаи Анатолий Антонов ба Тоҷикистон


Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия (чап)
Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия (чап)

Анатолий Антонов -- муовини вазири дифои Русия бо сафари серӯзаи корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 27 январ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ – фаннӣ миёни Душанбеву Маскав аз ҳадафҳои сафари ӯст”. Ба қавли Маҳмадалиев, қарор аст, Анатолий Антонов бо генарал Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ва дигар раҳбарони дифоии кишвар дидору гуфтугӯ карда ва ҳамчунин дар ҷараёни сафари серӯзаи худ бо раҳбарияти Тоҷикистон низ мулоқот анҷом диҳад.

Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон афзуд, дар ин дидорҳо, иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда аз сӯи раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар ва дигар қарору тааҳҳудоте, ки дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ, ба хусус Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба манзури боло бурдани имконоти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар мубориза бо тероризим баррасӣ хоҳад шуд. Гуфта мешавад, муовини вазири дифои Русия дар ин сафар бо фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон низ ошно хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG