Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ёрӣ ба осорхонаи журналистика


Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон
Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон

Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, осорхонаи рӯзноманигорони кишварро таъсис диҳад. Масъулони ин иттиҳодия бо нашри эълон аз ҳамаи хабарнигорон барои иҷрои ин кор кумак хостаанд. Онҳо мегӯянд, дар осорхона бештар радиову диктофони куҳнаву муосир, дастгоҳи аккосӣ, мошинаҳои чопӣ, шаҳодтаномаи журналистон, маҷаллаву нашрияҳо, дастурҳои таълимӣ ва акси хабарнигорон ҷой дода хоҳад шуд. Ин осорхона дар толори ҶДММ “Чархи гардун”, дар ошёнаи якуми бинои “Шарқи озод” (ГЖК), ҷойгир мешавад.

XS
SM
MD
LG