Пентагон рӯзи 25 апрел гуфт, нирӯҳои амрикоӣ дар соҳилҳои Ғазза сохтмони як истгоҳеро шурӯъ карданд, ки тавассути он ба дохили ин анклав кӯмакҳои башарӣ интиқол дода хоҳанд шуд.
Дар Маскав дар синни 83-солагӣ собиқ раиси шаҳри Душанбе Юрий Поносов даргузашт.
Дар шаҳри Тошканди Узбекистон мардеро барои таҳқири занон дар чорабинии Atlas Party 15 рӯз ҳабс карданд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, "мақомоти ин кишвар барои таъмини оромӣ ва амнияти мардуми худ чора хоҳад андешид".
Раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахан Мадумаровро, ки дар хиёнат ба давлат айбдор мешуд, шаби 25 апрел озод карданд.
Кумитаи тафтишотии Русия зидди 14 сокини шаҳри Балашихаи вилояти Маскав, аз ҷумла чаҳор корманди пулис бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ тафтишот шуруъ шудааст.
Узбекистон ба Афғонистон 48 тонна орд, 48 тонна гандум, 15 ҳазор литр равғани растанӣ, 24 тонна шакар ва 22 тонна макарон фиристодааст.
Як гурӯҳи дигар аз занону кӯдакони тоҷикро рӯзи 25-уми апрел аз Сурия ба Душанбе оварданд. Мақомот дар баёняие гуфтанд, ки онҳо намояндагони сездаҳ оила ҳастанд. 47 нафар -- 15 зану 17 духтару 15 писар. Синнашон маълум нест.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими мизбон - Тайланд - бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел дар шаҳри Бангкок, дар варзишгоҳи Hua Mark Indoor доир мегардад.
Мақомоти интизомии Чеченистон даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин ҷумҳурӣ рондаанд.
Ёфтҳои бештар