Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷори бам 7 сарбози покистонӣ кушта шуд


Имрӯз дар инфиҷори баме дар минтақаи қабиланишини шимоли ғарби Покистон 7 сарбози артиши Покистон куша шуд. Шафируллоҳ Хон-як корманди боломақоми ноҳияи қабиланишини Хайбар гуфтааст, дар ин инфиҷор дар 15 километрии ғарби Пешовар 11 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Хайбар яке аз роҳҳои аслии икмолотии нируҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистон ба шумор меравад. Ин минтақаи нимарасмии Покистон ба пойгоҳи шӯришиёне табдил ёфтааст, ки аз баъд аз вуруди нируҳои эътилофи байналмиллалӣ ба Афғонистон аз ин кишвар фирор ардаанд.
XS
SM
MD
LG