Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳиди парвандаи Зайд Саидов ба "нарасонидани хабар" айбдор шуд


Далер Бобоев.
Далер Бобоев.

Оҷонсии мубориза бо фасод алайҳи Далер Бобоев, шоҳид дар парвандаи Зайд Саидов айби нав эълон кард ва қарор аст, ин парванда дар рӯзҳои наздик ба додситонии кулл ирсол шавад.

Як манбаи мӯътамад дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки овардани номашро зарур нашуморид, рӯзи 7-уми август ба радиои Озодӣ гуфт, ки муфаттишони Оҷонсӣ пас аз анҷоми пурсиш бо Далер Бобоев, ки ҳамчун шоҳид дар парванди Зайд Саидов гувоҳӣ медод, барои "саривақт нарасонидани хабар аз ҳодисаи муҳим", айб эълон кардаанд.

Тибқи банди аввали модаи 347-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, «барои саривақт нарасонидани хабар аз ҳодисаи муҳим ва хабар надодан дар бораи шахси аниқ маълуми содирнамудаи ҷиноят ва бошишгоҳи ӯ», ҷурми дигар алайҳи Бобоев расман эълон ва ба парвандаи ҷиноии вай изофа шуд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қаблан алайҳи Далер Бобоевро бо ҷурми мусоидат ба гирифтани пора, тибқи моддаи 319 ҳамчун иштирокчии ҳолати ришватситонӣ, парванда боз карда буд.

Тибқи моддаи 347 и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, Оҷонсии зиддии коррупсия Далер Бобоевро дар ҳолати аз соҳибкори қазоқ Серикбол Окушев дар Алмаато гирифтани пора дар соли 2005 айбдор дониста, барои саривақт аз ин ҳодиса ба мақомоти дахлдор хабар надодан, гунаҳкор медонад.

Аммо Далер Бобоев дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин айбномаро комилан рад кард ва мегӯяд, ки худро гунаҳкор намедонад. Вай мегӯяд, ки ҳамчун шоҳиди ҳодиса тамоми маълумотро пас аз боз шудани парванда алайҳи Зайд Саидов ба Оҷонсии зидди коррупсия нақл кардааст.

Далер Бобоев дар солҳои 90-ум бо ширкатҳои бонуфузи Британия дар ширкати муштараки истеҳсоли тилои «Зарафшон» кор карда аст. Вай намояндаи ин ширкат дар Тоҷикистон буд ва бо вазорати саноати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.

Дар рафти тафтиши парвандаи Низомхон Ҷӯраев, ки ширкати «Тоҷикатлас» марбути ӯ буд, мавриди пурсиш қарор гирифт ва дар рафти пурсиш ошкор гардид, ки дар ин парвандаи мубраму пур сару садо, исми тоҷири Казоқистон Серикбол Окушев зуд-зуд ёдрас мешавад. Ва Далер Бобоев ҳамчун шоҳид дар парвандаи Зайд Саидов аз тарафи муфатишони Оҷонсӣ мавриди пурсиш қарор мегирад. Тавре худи Далер Бобоев мегӯяд, то замони боздошташ ҳамчун директори корхонаи иктишофӣ -экологии «Ангар»и Ишкошим фаъолият доштааст.
XS
SM
MD
LG