Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷири қазоқ на 1,5 млн $, балки муҷозоти Зайд Саидовро мехоҳад


Серикболу Окушев.

Серикболу Окушев.

Серикболу Окушев, шаҳрванди Қазоқистон ва яке аз шоҳидон дар парвандаи Зайд Саидов мегӯяд, ҳадафаш баргардонидани пулҳояш набуда, балки муҷозоти вай аст.

Соҳибкори қазоқ Серикболу Окушев, ки рӯзи ҷумъаи 19-уми июл бо ҳузури Амир Жанаев, котиби дуввуми сафорати Қазоқистон дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон" бо бархе аз хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ки "Зайд Саидов мустақиман ва ғайримустақим, яъне аз тариқи дигарон, ба хусус Далер Бобоев, ки ёвараш ё намоядааш маҳсуб меёфт, дар маҷмӯъ ба маблағи 1 миллиону 500 ҳазор доллар аз ӯ пора гирифтааст".

Ҷаноби Окушев иддао дорад, ки вай бори нахуст зимистони соли 2005 дар Алмаато ба Зайд Саидов, ба маблағи 700 ҳазор доллар ба таври нақд пора додааст, аммо дар мулоқоти баъдӣ Саидов гуфтааст, ки барои ҳалли масъала боз 800 ҳазор доллари дигар лозим аст, то ба "боло" бидиҳад ва мушкилро ҳал кунад, аммо аз ин маблағ танҳо 200 ҳазораш ба худи Саидов мерасаду халос."

Вай афзуд, ки "Зайд Саидов он замон гуфта будааст, ки бар иловаи он, ки 200 ҳазор доллараш ҳаққи ӯ аст, 300 ҳазори он барои имзо ба вазорату идораҳо дода мешавад ва 1 миллиони боқимонаро ба "боло" медиҳад".

Ба ин тартиб он гуна, ки Серикболу Окушев мегӯяд, дар маҷмӯъ барои фаъолияти тиҷоратиаш, яъне ба даст овардани кони тиллои Чоре дар ноҳияи Айнӣ, маблағи 1 миллиону 500 ҳазор доллар ба Зайд Саидов ришва додааст, аммо бо ин ҳам мушкил ҳал нашуда ва ҳар замон ва он ҳам шаш сол Саидов ба ваъдаҳои хушку холӣ ӯро таскин медодааст.

Дар ниҳоят, ба гуфтаи Серикболу Окушев, Зайд Саидов дар ивази пора "Тоҷикатлас", аниқтараш санадҳои аслии онро додааст ва вай намедонистааст, ки ин корхона мустақиман ба Зайд Саидов марбут набуда, балки ба ҷияни вай Дилшод Раҳимов, тааллуқ доштааст.

Аммо худи Окушев мегӯяд, вақте Зайд Саидовро дар ҳузури намояндаи сафорати Қазоқистон, ду муфаттиши Оҷонсии мубориза бо корупсия ва вакили дифоъ бо ӯ рӯ ба рӯ карданд, Саидов эътироф кардааст, ки ӯро мешиносад, вале даъвои порагириро рад ва онро ҳарза унвон кард.

Ҳарчанд ба гуфтаи Серик Окушев, порадиҳии ӯро Далер Бобоев, намояндаи Зайд Саидов тасдиқ кард ва гуфт ҳатто аз ӯ хубтар дар ёд дорад, ки чӣ тавр ва бо чӣ гуна борхалта ё сумка пул оварда шуд.

Ҷаноби Окушев дар посух ба ин суол, ки чаро он замон, вай ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат накарда, аммо имрӯз ба чунин коре даст задааст, гуфт, "он замон мутмаин будам, ки ба ҳар куҷое, ки муроҷиат кунам, дастгирӣ намеёфтам. Аммо имрӯз ин фурсат пайдо шуд ва ман, ки худам омадам, барои пулҳоям наомадаам, балки мехоҳам Зайд Саидов муҷозот шавад. Зеро вай «нобакор» аст. Чун борҳо маро фиреб додааст, ба Қуръон чандин бор қасам хӯрдааст ва ваъда додааст, ки "Серик кор ҳал мешавад. Ҳатто гуфт, ки муовини сарвазир хоҳам шуд ва ин кор ҳал хоҳад шуд. "

Бо он ки Серик Окушев, хуб медонад, ки порадиҳанда чун порагиранда ҷавобгарии ҷиноӣ дорад, аммо мегӯяд, "ҳаросе надорам, ки ҳабс мешавам. Зеро ин ҷо тамаҷӯӣ буд. Чун вақте, ки аз шумо дӯстона аввал 5 тин талаб мекунанд ва баъдан ин ба 10, 20 ва ҳамин тавр зиёд шудан мегирад, ин ҷо тамаъҷӯӣ аст."

Зимнан, Серик Окушев соли 1954 дар шаҳри Балхаши вилояти Қарағандаи Қазоқистон таваллуд шудааст. Вай пас аз хатми Донишгоҳи Қарағанда ба фаъолияти соҳибкорӣ аз замони шӯравӣ машғул шудааст. Дар Тоҷикистон аз соли 1998 инҷониб, яъне 15 сол боз ба тиҷорат машғул аст ва чандин ширкат низ дорад.

Ба гуфтаи ҷаноби Окушев, вай бо Зайд Саидов, аз тариқи Далер Бобоев, ки замони вазирии вай ёвараш будааст, ошно шудааст. Ҳамроҳ бо Далер Бобоев ва як соҳибкори дигар ширкати "Азия мининг"-ро низ ташкил додаанд, ки ба воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ сару кор дорад.

Ҳарчанд худи Серик иддао мекунад, ки ӯро дар Тоҷикистон бисёриҳо мешиносанд ва кӯмакаш низ ба бисёриҳо расидааст, аммо номи ин шаҳрванди Қазоқистон дар пайи боздошти Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақ дар ин кишвар пайдо шуд. Он гуна, ки вай мегӯяд, ҳарчанд ба касе бадӣ намехоҳад, аммо чун Зайд Саидов муддати шаш сол ӯро фиреб додааст, мехоҳад то "ҳақ ба ҳақдор бирасад".

Бино ба иттилои Оҷонси зидди коррупсияи Тоҷикистон, Зайд Саидов ба ду маврид гирифтани пора ба маблағи мутаносибан 700 000 ва 800 000 доллар аз шаҳрванди Қазоқистон Серикбол Окушев дар соли 2005 айбдор мешавад.

Зайд Саидов рӯзи 19-уми май баробари бозгашташ аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Рӯзи 20 май маҷлиси шаҳри Душанбе дахлнопазирии ӯ ба ҳайси вакили ин маҷлисро лағв ва рӯзи 22 май додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳукми ҳабсаи пешакиаш барои ду моҳро содир кард.

Мақомот Зайд Саидовро ибтидо ба бисёрзанӣ ва порагирӣ айбдор мекарданд. Баъдан ба парвандаи ӯ иттиҳоми қаллобӣ ва инак "таҷовуз ба номус" афзуда шуд. Аммо ӯву тарафдоронаш мегӯянд, ин ҳама иттиҳомот ангезаҳои сирф сиёсӣ доранд ва бармегарданд ба азми ӯ барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав. Мушкилоти Зайд Саидов бо мақомоти Тоҷикистон низ вақте оғоз ёфт, ки ӯ рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ин ҳизби нав хабар дод.

Зайд Саидов, ки аз соҳибкорони муваффақи тоҷик ба шумор меравад, соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуда, аз соли 2001 то оғози 2007 вазири саноат буд. Ӯ баъди рафтанаш аз мақом дубора ба соҳибкорӣ пардохт ва бахусус дар риштаи сохтмони биноҳои осмонбӯс пешдаст шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG