Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

М.Убайдуллоев: "Интихоби пойтахт Эмомалӣ Раҳмон аст" (2 ВИДЕО)


Наврӯзгоҳ. 3 ноябр

Наврӯзгоҳ. 3 ноябр

Шаҳдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз мардум даъват кард, ки рӯзи 6 ноябр дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

Даъвати Убайдуллоев дар як маъракаи фарҳангӣ, ки рӯзи 3-юми ноябр бо як консерт дар Наврӯзгоҳи Душанбе анҷом ёфт сурат гирифт. Ин маърака дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 15 майи соли 2013 «Оид ба ташкили барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе дар рўзҳои истироҳатӣ», баргузор шуд.

Маъракаи мазкур дар Наврӯзгоҳ бо як суханронии кӯтоҳи шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев оғоз ёфт. Раиси шаҳри Душанбе, дар ин маъракаи фарҳагӣ-фароғатӣ бо истифода аз мавқеъи шаҳрвандии худ аз хидматҳои раисиҷумҳури феълӣ ва довталаби курсии президентӣ Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда гуфт: "Гузашта ва ояндаи кишварро ҳар як шаҳрванди бомасъулият бе роҳбарии ин шахси таърихӣ (манзур Эмомалӣ Раҳмон) тасаввур карда наметавонад. Мо ба он хотир ин ҷо омадаем, ки якдилона собит созем, ки интихоби пойтахт Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳаст ва мемонад».

Шаҳрдори Душанбе афзуд, бар пояи назарпурсиҳо метавон гуфт, ки сокинони пойтахт дар рӯзи интихобот аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Оқои Убайдуллоев ба ин далел ба маъракаи имрӯза номи "Интихоби пойтахт - Эмомалӣ Раҳмон!"-ро дод ва гуфт, "боварии комил дорем, ки мардум рӯзи 6 ноябр дар интихоботи пинҳонӣ барои Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод. Иншоаллоҳ, боварии комил дорем, ки Эмомалӣ Раҳмон пирӯз мешавад."



Наврӯзгоҳ. 3 ноябр

Наврӯзгоҳ. 3 ноябр

Баъди ин чорабиниро овозхонҳои шинохта, ба мисли Бахтиёр Иброҳимов ва Зикриаллоҳи Ҳаким бо таронаҳояшон дар васфи Эмомалӣ Раҳмон идома доданд. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, дар лобалои консерти ҳунармандони маъруф намояндагони ин ё он соҳа, аз ҷумла як табиб, сари минбар омада, аз рушди соҳаи худ дар даври раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ситоиш кардаанд.

Тамошобинону ширкатдорони ин маъракаи таблиғотӣ, ки умдатан аз донишҷӯён ва кормандони ниҳодҳои тиббу маорифи Душанбе иборат буд, шиорҳое мисли «Эмомалӣ Раҳмон - кафили ваҳдат ва суботи ҷомеа», «Мароми номзади мо - зиндагии шоиста» дар даст доштанд, аммо зоҳиран бахши аъзами онҳо бо дастур ба ин маърака сафарбар шуда буданд. Ва замоне, ки маъракаи мазкур дар "Наврӯзгоҳ" ҳанӯз идома дошт, нирӯҳои пулис атрофи нишастгоҳҳоро печонида, касеро иҷозати тарки ин чорабинӣ намедоданд. Барои нигоҳ доштани ҷавонон дар Наврӯзгоҳ нирӯҳои пулис гоҳо ҳатто ба калтакҳои резинӣ (дубинка) ҳам даст мебурданд.

Малика Зоҳидова, донишҷӯи Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати Душанбе гуфт, ӯ ва ҳамсабақанаш бо дастури садорати ин мактаби олӣ ба ин ҷо омадаанд: «Моро дар донишгоҳ гуфтанд, ки ба ин ҷо оем ва ба тарафдорӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон шиор партоем.»


Наврӯзгоҳ. 3 ноябр

Наврӯзгоҳ. 3 ноябр

Чорабиние, ки соати 11-и рӯзи якшанбе, 3 ноябр дар Наврӯзгоҳи пойтахт оғоз ёфт, ба маъракаи саросарии "Президенти ман" шабоҳат дошт. “Созандагони Ватан” - қаноти ҷавонони ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон - бо ҳадафи ба майдонҳо овардани тарафдорони ҷавони президенти кунунӣ ва яке аз 6 номзад дар интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр ба баргузории раҳпаймоии саросарӣ бо номи “Президенти ман” ибтикор кардааст. Раҳбарони ин созмон аз қабл изҳори итминон карда буданд, ки дар чорабинии «Президенти ман» онҳоро на камтар аз 100 ҳазор ҷавон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Рӯзи 3-юми ноябр, ки маъракаи фарҳангӣ дар Наврӯзгоҳи Душанбе баргузор мешуд, аксари онҳое ки ба Наврӯзгоҳ мерафтанд, низ ба назар мерасид, ки донишҷӯёну хонандагони макотиб буданд. Аксари онҳо дар роҳи ба сӯи Наврӯзгоҳ дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз асли даъваташон ба ин чорабинӣ изҳори бехабарӣ карда, мегуфтанд, ки фақат “барои тамошои консерт даъват шудаанд.”

Аммо онҳое ҳам буданд, ки мегуфтанд, бо хоҳиши худ омадаанд:


Дар доираи ин чорабинӣ, ки ба ҷонибдории номзади ҳизби ҳоким баргузор мешавад, рӯзи 2-уми ноябр ҷавонони минтақаи Хатлону Бадахшону Суғд дар даст парчам ва аксҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳҳои марказии шаҳру ноҳияи худ роҳпаймоӣ карданд. “Созандагони Ватан” дар бораи алакай дар ин маъарка ширкат кардани даҳҳо ҳазор нафар хабар медиҳад. Вале мунтақидон мегӯянд, ки аксари ин мардуморо, ки донишҷӯёну хонандагони макотиб ва кормандони идороти давлатианд, бо дастур ба кӯча баровардаанд.

Қ Раҳпаймоиии 2 ноябр ба тарафдории Э.Раҳмон

Раҳпаймоиии 2 ноябр ба тарафдории Э.Раҳмон

аблан Адҳам Мирсаидов, раҳбари созмони «Созандагони Ватан» гуфта буд, дар ин чорабинӣ аз ҷавонон даъват мешавад, то ба ҷонибдории номзад аз ҳизби халқи-демократӣ Эмомалӣ Раҳмон раъй бидиҳанд. Оқои Мирсаидов гуфта буд, иштирок дар ин аксия озод аст: "Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам саҳфаҳои махсуси даъватӣ ташкил кардем. Ҳадафи аслӣ ин тарғибу пуштибонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон аст."

«Созандагони ватан» созмони ҷавонии ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст, ки сар аз соли 2011 ба фаъолият шурӯъ кардааст ва имрӯз 25 ҳазор узв дорад.

"Созандагони ватан» ният дошт, ба раҳпаймоиҳо таҳти унвони "Президенти ман" на камтар аз 100 ҳазор нафарро ҷалб кунад. Адҳам Мирсаидов, раҳбари ин созмон мегӯяд, шумори иштирокдорон ҳатто бештар аз интизори онҳо шудааст: «Мо 100 ҳазор гуфта будем аммо танҳо дар вилояти Суғд дар ин чорабинӣ ҳудуди 73 ҳазор нафар ширкат карданд. Азбаски ширкат озод буд, мо шумори аниқи мардумро ҳисоб накардем. Вале тибқи таҳлилҳои мо, дар он дар маҷмӯъ беш аз 100 000 нафар ширкат кардаанд».

Аммо роҳпаймоиву гирдиҳамоиҳои тарафдорони ҳизби ҳоким дар ҳоле сурат мегиранд, ки баргузор кардани айни чорабинӣ аз сӯи дигар ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони кунунӣ ғайри қобили тасаввур аст. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ мегӯяд, тибқи қонуни интихобот, ситоди ҳар номзад ҳаққи баргузор кардани чунин чорабиниҳои оммавиро дорад, вале: «Агар ҳамин гуна амалҳоро ситодҳои дигар номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурӣ барпо мекарданд, мақомот ҳатман аз он ҷилавгирӣ мекарданд. Тавре мушоҳида мешавад, мақомот дар вохӯриҳо бо 5 номзади дигар дар толорҳои хурд ва мулоқот бо шахсони боэътимоди Эмомалӣ Раҳмонро дар варзишгоҳҳои бузург барпо мекунанд».

Мусоҳиби мо афзуд, бо ин вуҷуд номзадҳои дигар ба мақоми президентӣ ба шарти бозии таъйинкардаи ҳукумат розиянд ва эътироз ҳам намекунанд. Ба таъкиди Шокирҷҷон Ҳакимов, ин боз як далели ба истилоҳ сунъӣ будани номзадҳои дигар ба мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон аст.

Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябр 6 номзад – Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист, Саидфаъфар Исмонов аз ҳизби демократ, Толиббек Бухориев аз ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ширкат мекунанд.

Вале нозирони умур бар ин боваранд, ки интихоботи шашуми раёсатҷумҳурии Тоҷикистон низ амалан бидуни рақобат мегузарад ва 5 нафарро дар муқобили оқои Раҳмон танҳо ба хотири дар рӯи қоғаз алтернативӣ ҷилва додани ин маърака сабти ном кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992, инак 21 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, дар се интихоботи ахири президентии солҳои 1994, 1999 ва 2006 ғолиб омада буд. Нозирон мегӯянд, интихоботи имсола низ ба фоидаи ӯ анҷом ёфта, замони раёсаташро то соли 2020 тамдид хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG