Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳпаймоии ҷавонон дар Хатлону Суғду Бадахшон


Ҷавонон бо аксҳои Эмомалӣ Раҳмон дар даст дар кӯчаҳои Бадахшон раҳпаймоӣ доранд.

Ҷавонон бо аксҳои Эмомалӣ Раҳмон дар даст дар кӯчаҳои Бадахшон раҳпаймоӣ доранд.

Қанноти ҷавонони ҳизби халқи демократии Тоҷикистон бовар доранд, ки дар чорабинии «президенти ман» беш аз 100 ҳазор ҷавон онҳоро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Дар доираи ин чорабинӣ, ки ба ҷонибдории номзади ҳизби ҳоким баргузор мешавад, қарор аст рӯзи 2-уми ноябр ҷавонони минтақаи Хатлону Бадахшону Суғд дар даст парчам ва аксҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳҳои марказии шаҳру ноҳияи худ роҳпаймоӣ кунанд.

Аммо дар Душанбе ин аксия рӯзи 3-юми ноябр дар «Наврӯзгоҳ» бо як барномаи фарҳангӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд.

Адҳам Мирсаидов, раҳбари созмони «Созандагони Ватан» мегӯяд, дар ин чорабинӣ аз ҷавонон даъват мешавад, ки ба ҷонибдории номзад аз ҳизби халқи-демократӣ Эмомалӣ Раҳмон раъй бидиҳанд.

Вай гуфт иштирок дар ин аксия озод аст. "Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам саҳфаҳои махсуси даъватӣ ташкил кардем. Ҳадафи аслӣ ин тарғибу пуштибонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон аст."

Намояндагони «Созандони ватан» бовар доранд, ки онҳоро дар ин чорабинӣ ҷавонони зиёде ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Аммо оё худи ҷавонон ба ин даъвати бахши ҷавонии ҳизби ҳоким чӣ назар доранд ва ва оё омодаанд дар ин маърака ширкат кунанд?

Рустам Юсупов, раҳбари созмони «Ваҳдати ҷавонон» мегӯяд, дар чорабинии президентӣ дар Суғд ширкат хоҳад кард. Зеро мегӯяд Рӯстам ӯ дар ин интихобот дигар ягон «номзади арзанда»-ро намебинад ва ба барномаву ваъдаҳои ин номзадҳо бовар надорад.

«Ман ҳамин номзадро интихоб кардам, чун кордониву шахсияти худро нишон додаст, дигарашро намедонам ва онҳо таҷрибаи корӣ дар сиёсат надоранд ё агар дошта бошанд ҳам ниҳоят кам аст. Бо барномаҳояшон ҳам ошно шудам, ягон чизи дақиқ нест ва фикр мекунам ҳамааш фиреби мардуму ваъдаи холист.», гуфт Рустам.

Аз Рустам пурсидем, дар барномаи номзаде, ки шумо интихоб кардаед, чи нуктаҳои хуб аст барои ҷавонон?

Вай гуфт, «албатта шароитҳо барои ҷавонон хуб аст, барои мисол соҳибкорон дастгирӣ мешаванд, хулоса ҳама чӣ ҳаст, фақат ҷавонон бояд тавонанду аз ин имкониятҳо истифода баранд».

Вале ба қавли Рустам, чорабинии «Президенти ман» бояд на ба таври иҷборӣ сурат гирад, балки ҷавонони фақат хоҳишмандро ҷамъ орад. Аммо Ҳумайро, ҷавони дигари тоҷик намехоҳад дар чунин маърака Рустаму дигар хоҳишмандонро ҳамроҳӣ кунад. Ташкили чунин як маъракаро дар ҳоле, ки дар интихобот муборизаи воқеии сиёсӣ ва рақиби арзанда нест, як навъ сохтакорӣ меномад.

«Албатта агар мо медонистем, ки номзадҳои воқеан устувор дорему номзадҳое дорем, ки барои ба даст овардани ин курсӣ талош мекунанд, гузаронидани чунин як маърака дуруст мебуд. Вале тавре маълум аст, ҳоло танҳо як номзад дорем, ки он ҳам раиси ҷумҳури кунунӣ аст ва баргузории чунин як аксияи сохтакорона ҷойи таасуфу нигаронӣ аст. Набояд то ин ҳад ба сохтакорӣ роҳ дода шавад.», гуфт Ҳумайро.

Аммо дар ҳар сурат ташаббускорони ин иқдом бовар доранд, ки дар чорабинии мазкур, ки «Президентӣ ман» номгузорӣ шудааст бештар аз 100 ҳазор ҷавон онҳоро ҳамроҳӣ хоҳанд кард. «Созандагони ватан» созмони ҷавонии ҳизби халқи-демократии Тоҷикистон аст, ки сар аз соли 2011 ба фаъолият шурӯъ кардааст ва имрӯз 25 ҳазор узв дорад. Бояд гуфт, ки то интихоботи прпезидентии Тоҷикистон 4 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Сокинони Тоҷикистон 6-уми ноябр бояб ба ба пои қуттиҳои раъйдиҳӣ рафта ба ҷонибдории як номзад раъй диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG