Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле ки сарони мухолифон дар Украина таҳдид кардаанд, ки агар раисиҷумҳур интихоботи пеш аз муҳлат эълон накунад, тарафдорони онҳо ба ҳамла хоҳанд гузашт, ҷаласаи фавқуодаи порлумони ин кишвар баргузор мешавад.

Сарони мухолифони украин зарбулаҷал (ултиматум) гузоштаанд, ки агар раисиҷумҳури ин кишвар Виктор Янукович интихоботи пеш аз муҳлат эълон накунад, тарафдорони онҳо ба "ҳамла" хоҳанд гузашт. Ин дар ҳолест, ки ултиматуми се раҳбари мухолифон, ки танҳо дар зарфи 24 соат тарафдорони онҳо аз хушунат худдорӣ хоҳанд кард, ба поён расидааст. Бино бар охирин хабарҳо, раисиҷумҳури Украина ҷаласаи фавқулодаи порлумонро даъват кард, то вазъи кишвар баррасӣ ва роҳи бурунрафт аз буҳрон муайян гардад.

Сарони мухолифон Виталий Кличко, Арсений Ясенюк ва Олеҳ Тяҳнибок ин ултматумро дар ҷараёни гуфтушуниди нокоми худ бо раисиҷумҳур Янукович нимирӯзии 22-юми январ ба миён гузошта буданд. Гуфтушунид баъд аз он баргузор шуд, ки шумори кушташудаҳо бар асари бархӯрдҳои эътирозгарон ва кормандони пулис дар маркази шаҳри Киев, бино ба хабарҳо, ба 3 нафар расид. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, субҳи рӯзи чаҳоршанбе ҷавоне, ки як рӯз пеш чаҳор тир хӯрда буд, аз олам даргузашт. Аз ин пеш як ҷавони 22-сола аз сутуни 13-метраи варзишгоҳи “Динамо” ба замин сарозер шуд. Аз он ҷо эътирозгарон сӯи кормандони милиса шишаҳо бо маводи сӯхт меандохтанд. Ҳалокати ду нафар аз эътирозгарон то ҳол расман тасадиқ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол раиси Кумиссюни Аврупо Ҳосе Мануэл Баррозо эълом дошт, ки Кумиссионери густариши Иттиҳоди Аврупо Стефан Фуэле рӯзи ҷумла ва раҳбари сиёсати хориҷии ин эътилоф Кэтрин Эштон ҳафтаи оянда ба Киев сафар хоҳанд кард, то ба ҳалли буҳрон кумак кунанд.

Бархӯрдҳо дар пойтахти Украина идома доранд. Шаби гузашта кормандони милиса алайҳи эътирозгарон дар кӯчаи Грушевский аз мошинҳои обпош истифода бурданд. Аз рӯи меъёрҳои байнулмилалӣ, истифода мошинҳои обпош дар ҳавои сард ҳамвазни шиканҷа аст. Шурӯъ аз рӯзи чаҳоршанбе дар Украина татбиқи қонунҳое оғоз ёфт, ки дар онҳо барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ ҷарима ва ҳабс пешбинӣ шудааст.



Ба навиштаи расонаҳо, қарор аст, ки тақрибан 8 ҳазор кормандони милиса ва низомиёни нерӯҳои дохилиро барои парокандасозии эътирозгарон дар Майдони Истиқлол сафарбар шаванд. Ба иттилои расмӣ, бар асари задухӯрдҳо дар маркази Киев, ки рӯзи 19 январ шурӯъ шуданд, беш аз 200 нафар, аз ҷумла, 35 хабарнигор, ҷароҳат бардоштаанд. Эътирозҳо бо талаби истеъфои ҳукумати Украина аз моҳи декабри соли гузашта ба ин сӯ идома доранд.



Интиқоди тунди BBG ва Озодӣ аз латукӯби хабарнигорон дар Киев

BBG - Созмони суханпарокании Амрико - ва Радиои Озодӣ ҳамлаҳои хунин ба даҳҳо хабарнигор, бо шумули ду хабарнигори бахши украинии Радиои Озодӣ дар пойтахти Украинаро шадидан маҳкум карданд.


Ҷефф Шелл, раиси BBG - Созмони суханпарокании Амрико - ва Кевин Клоз, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамлаҳои хунин алайҳи даҳҳо хабарнигор, бо шумули хабарнигори бахши украинии Радиои Озодӣ Дмитро Баркар ва наворбардори ин бахш Иҳор Исхаковро маҳкум карданд. Раҳбарони расонаҳои бурунмарзии Амрико аз мақомоти Украина тақозо карданд, ки ин қазияро оҷилан таҳқиқ кунанд.

Ҷефф Шелл гуфт, "мо бо шадидтарин лаҳн ҳамлаҳои хушунатомез алайҳи хабарнингорони Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигарро дар Украина маҳкум мекунем. Ҳамла болои журналистон дар ягон шароит қобили қабул нест." Раҳбари созмони масъули расонаҳои бурунмарзии Амрико ин ҳамлаҳоро намунаи "саркӯби ошкору таккондиҳандаи озодии баён" номид, ки ба гуфтаи ӯ, "ба таҳқиқи мӯшикофонаву фарогир ниёз дорад."

Кевин Клоз афзудааст, ки "ҷомиаи озод журналистони ҳирфаиро ҳангоми иҷрои вазифаашон зери мушту лагат намегирад. Ман чунин аъмоли мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Украинаро манфур мешуморам. Онҳое ки дар ин латукӯбҳо даст доранд ва ҳамчунин масъулоне ки ба чунин рафтор амр додаанд, бояд барои чунин аъмолашон ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд."

Ду хабарнигори Бахши украинии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ пас аз раҳоӣ аз боздошт ҳодисаи латукӯб шудани худро аз ҷониби полиси Украина ҳикоят карданд.

Пас аз задухӯрдҳои рӯзи якшанбе дар майдони «Истиқлолият»-и Киев, афроди наве ба тазоҳурот мепайванданд ва нерӯҳои иловагии полис ба ин ҷо ворид мешаванд. Задухӯрди рӯзи якшанбе дар чанд маҳалли Киев, пойтахти Украина, ки зиёда аз 200 захмӣ ба ҷой гузошт, мухолифони ҳукумати раисиҷумҳур Виктор Януковичро ба хашм овард ва худи ӯро ба гуфтушунид бо мухолифон водор намуд.

Мухолифон пулисро ба бераҳмӣ дар баробари тазоҳуркунандагон айбдор намуда, хостори истеъфои раисиҷумҳур ва ҳукумат, ташкили “ниҳодҳои ҳукумати мардумӣ”, баргузории интихоботи пешазмуҳлати раёсатҷумҳурӣ, пароканда кардани порлумон ва таҳияи тарҳи нави Қонуни асосӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумат мухолифонро масъули задухӯрдҳои хиёбонӣ дар Киев меномад ва мегӯяд, онҳо панҷ автобуси полис ва ду боркаши Вазорати ҳолатҳои изтирориро сӯзонданд ва зиёда аз 100 корманди полисро захмӣ карданд, ки 61 нафари онҳо ҳоло дар бемористонанд.


Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович, ки шоми якшанбе раҳбари ҳизби мухолифи «УДАР» Виталий Кличкоро дар манзили берун аз шаҳраш ба ҳузур пазируфт, гуфт, омодаи гуфтушунид бо мухолифон аст. Ҳамзамон ҳукумат гуфтааст, ба задухӯрд ва беназмиҳои нав роҳ нахоҳад дод. Дар ҷараёни ин рӯйдодҳо зиёда аз 20 нафар боздошт шудаанд. Бахши украинии Радиои Озодӣ мегӯяд, ду хабарнигори Озодӣ низ ҳоло дар боздошт қарор доранд.

Тазоҳурот дар ҳоле авҷ гирифт, ки рӯзи ҷумъа Янукович қонуни маҳдудияти ҳамоишҳои эътирозии зиддиҳукуматиро имзо кард. Қонуни нав гузоштани хайма ва микрофонҳо дар маҳалли гирдиҳамоиро манъ ва барои вайрон кардани “тартиботи ҷамъиятӣ” 15 шабонарӯз ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Дар қонуни нав, айнан мисли яке аз қонунҳои ахири Русия, созмонҳои ғайридавлатӣ, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, “агенти хориҷӣ” арзёбӣ хоҳанд шуд. Мухолифон мегӯянд, ҳадаф аз ин қонун ҷорӣ кардани “низоми диктаторӣ” дар Украина аст.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Украина аз ҳукумати ин кишвар даъват кард, «бо мақсади ҳалли низои сиёсӣ ва пешгирӣ аз густариши зӯроварӣ талабҳои тазоҳуркунандагонро баррасӣ намояд.»

Иттиҳоди Аврупо низ зӯровариҳои ахир дар Киевро маҳкум кард ва раҳбари сиёсати хориҷии ин эътилоф, Кэтрин Эштон изҳори умедворӣ намуд, ки гуфтушунид қадаме ба пеш, ба самти ҳалли сиёсии буҳрон хоҳад буд: "Ман рӯйдодҳои охири Украинаро бо диққати тамом дунбол мекунам. Умедворам, раисиҷумҳур Янукович имрӯз бо сарони мухолифон гуфтушунид мекунад ва ин як пешрафти хуб аст.”


Вазири умури хориҷии Шведсия Карл Билдт аз гуфтушунид дар Киев истиқбол кард, вале гуфт, ҳалли буҳрон замоне имконпазир хоҳад буд, ки режим аз таъқиб даст кашад. Қарор аст, вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо авзоъ дар Украинаро дар ҳамоише дар Бруссел баррасӣ кунанд.

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Киев ҳанӯз моҳи ноябр, баъд аз тасмими ногаҳонии раисиҷумҳури ин кишвар, Виктор Янукович сар заданд, ки омодагиҳоро ба имзои паймони ҳамбастагӣ бо Иттиҳоди Аврупо қатъ кард ва гуфт, кишвараш бояд бо Русия ҳамбастагӣ дошта бошад. Тазоҳуркунандагон аз он вақт майдони «Истиқлолият»-и Киевро ишғол ва истеъфои Януковичро талаб карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG