Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи якшанбе дар майдони марказии Киев то 200 000 нафар аз тарафдорони мухолифин гирди ҳам омаданд.

Тазоҳургарон алайҳи раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович, ки ба хотири қаробати бештар бо Русия аз имзои созишномаи тиҷорат ва ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо (ИА) даст кашид, шиор мезаданд.

Дар баробари издиҳоми ҷамъшуда сенатори амрикоӣ Ҷон МакКейн низ суханронӣ кард. Ҷон МакКейн рӯзи якшанбе дар паёмаш ба гирдиҳамомадагон гуфт, ба бовари ӯ, роҳи Украина бояд ба сӯи Аврупо бошад ва ин Аврупоро беҳтар мекунад. МакКейн гуфт, аз ҳаққи мардуми Украина барои интихоби озодонаи роҳи худ пуштибонӣ мекунад.

Ҷон МакКейн, ки рӯзи шанбе вориди Киев шуда, бо раҳбарони мухолифон ва эътирозгарон мулоқот кардааст, ба издиҳоми ҷамъшуда дар "Евромайдон"-и Киев гуфт, "Амрико имрӯз бо шумост.

Давлати Амрико низ аз эътирозҳои мухолифон алайҳи тасмими Виктор Янукович, ки рӯзи 21 ноябр баъди чанд соли музокирот аз имзои қарордоди ҳамкорӣ ва тиҷорат бо ИА даст кашид, ҳимоят мекунад.

МакКейн ва Кличко дар "Евро-майдон"

МакКейн ва Кличко дар "Евро-майдон"

Сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Аризона ҳамин тавр бо қаҳрамони бокси ҷаҳон ва раҳбари ҳизби мухолифи УДАР Виталий Кличко, раҳбари қавмгароён Олеҳ Тяҳнибок ва раҳбари ҳизби мухолифи Баткившина Арсений Ятсенюк ва дар айни замон бо раҳбари калисои православии Украина Патриарх Филарет ва ҳам бо вазири хориҷаи ин кишвар Леонид Кожара дидор доштааст. Ҷон МакКейн рӯзи якшанбе бо духтари раҳбари зиндонии мухолифон Юлия Тимошенко низ вохӯрдааст.

Иттиҳодияи Аврупо (ИА) рӯзи якшанбе эълон кард, ки музокироти созишномаи тиҷоративу ҳамкориаш бо Украинаро мутаваққиф мекунад. ИА гуфтааст, далелҳои овардаи Киев “заминаи воқеъӣ надоранд.” Кумиссари ИА дар умури густариши ин созмони қораӣ Штефан Фюле дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Twitter навиштааст, ки ӯ ҳафтаи гузашта ба муовини сарвазири Украина Серҳий Арбузов гуфтааст, ки мубоҳисаи минбаъда дар мавриди ин қарордод ба тааҳҳуди равшани давлати Украина бастагӣ дорад, ки оё ин созишномаро имзо карданист ё на?

Аммо сухангӯи ҳукумати Украина Виталий Лукяненко дар як вокуниши сареъ гуфтааст, ки Киев дар азмаш барои идомаи музокирот ҷиддан истодааст ва баёнияи интернетии Фюлеро ҳамчун дидгоҳи расмии ИА намепазирад.


Бино ба хабарҳо, дар раҳпаймоии мухолифон аз 150 000 то 200 000 нафар гирди ҳам омадаанд. Тарафдорони мухолифон майдони Истиқлолро аз рӯзи 21 ноябр, ки Янукович имзои созишномаи ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупоро рад кард, ишғол кардаанд.

Назар, яке аз ин эътирозгарон мегӯяд, онҳо қасд доранд, то замони иҷрои талабҳои худ дар майдон бимонанд: “Мо бовар дорем, ки мо ба ормонҳои худ хоҳем расид. Мо мефаҳмем, ки бояд то охир инҷо бимонем. Ва ин охир бояд лаҳзаи пирӯзии мо бошад.”


Дар ҳамин ҳол, тарафдорони давлат дар айни замон дар майдони Аврупо дар паҳлуи макони таҷаммӯъи мухолифон, гирди ҳам омадаанд. Тарафдорони давлат мегӯянд, хостори суботи иқтисодиву иҷтимоие ҳастанд, ки Янукович ваъда додааст. Мақомоти пулис аммо шумори гирдиҳамомадагон дар майдонҳои Истиқлол ва Аврупоро мутаносибан 20 000 ва 15 000 нафар баршумурдааст.

Мақомот дар як иқдоме, ки зоҳиран коҳиши таниш бо эътирозгаронро ба ҳадаф дорад, эълон карданд, ки 4 мансабдорро ба даст доштан дар саркӯбии хушунатомези гирдиҳамоии тарафдорони ҳамоиш бо Аврупо гумонбар медонанд. Шаби 30 ноябр нирӯҳои амниятӣ тазоҳургаронро аз маркази Киев бо истифода аз нирӯ пароканда карданд, ки мунҷар ба эътирозҳои бештар дар Украина шуд. Аммо мухолифон иқдомоти ахири давлатро кофӣ намедонанд ва ҳамчунон истеъфои ҳукумат ва интихоботи ҷадидро талаб мекунанд.

Мухолифон мегӯянд, онҳо хостори коҳиши нуфузи Русия бар Украина ва пайвасти бештари Киев бо дунёи Ғарбанд. Чизе ки имзои паймон бо ИА ба ҳадаф дошт. Аммо Русия, ҳамсояи қудратманди Украина, ба Киев фишор меорад, ки ба Иттиҳоди гумрукӣ, як ниҳоди минтақавии таҳти назари Маскав бипайвандад. Ин созмон дар ҳоли ҳозир Русия ва Беларусу Қазоқистонро муттаҳид мекунад.

Давлати Украина, ки дар як ҳоли наздик ба варшикастагӣ қарор дорад, миллиардҳо доллар қарздор буда, таъмини иқтисодаш ба манобеъи маводи сӯхти Русия сахт вобаста аст.

Интизор меравад, раисиҷумҳур Виктор Янукович рӯзи сешанбе барои музокироти масоили ҳамкорӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин ба Маскав сафар кунад. Яке аз мақомоти давлати ӯ ҳафтаи гузашта гуфт, давлати Украина қасд дорад, то ба зудӣ қарордодҳо бо Иттиҳодияи Аврупоро низ имзо кунад.

Аммо ИА ҳушдор додааст, ки Украина наметавонад узви ҳам созишномаи мушорикат бо ин созмон шаваду ҳам узви Иттиҳоди гумрукӣ бо Русия. Ба таъбири маъруф, дар айни замон дар ду курсӣ шиштан наметавон ва Киев бояд билохира равшан кунад, ки ояндаашро бо кӣ мебинад: Бо Аврупо ё бо Русия?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG