Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрообод. Мавсими нави ҳамлаи гургон


Сокинони ноҳияи Шӯрообод мегӯянд, сард шудани ҳаво мавсими нави ҳамлаҳои гургон ба бузу гусфандони ин мардумро оғоз додааст.

Зевармоҳ Холова, сокини ҷамоати Саричашма мегӯяд, ки баъди боридани барфи зиёд гургон ҳамлаҳо ба чорвои хонагии мардумро сар кардаанд. Аммо то ҳол ягон мавриди аз дасти ҳамлаи гургон талаф шудани чорвои хонагӣ дар Шӯрообод сабт нашудааст.

Зевармоҳ Холова мегӯяд, сабаби ҳамлаи гургон аз наёфтани ғизо дар сарди ҳаво мебошад. «Ҳаво сард шуд, ҳамаи паррандаҳо ба лонаҳои худ мераванд, аз ин рӯ, дигар гургон ягон хӯроки хуб барои истеъмол намеёбанд ва ба ҳели гусфанду бузи мо ҳамла мекунанд,» - мегӯяд ӯ.

Аз рӯзи 1 феврал ҳавои сард кӯҳистони Шӯроободро ба оғӯши худ кашонда, равуои мардумро бахусус дар рустоҳои кӯҳистонӣ сахт мушкил кардааст.

Маҳмадшоҳ, як сокини рустои Доғистон тариқи тариқи телефон аз ҳамлаи гургон ба гусфандонаш хабар дод: «Саҳар, соатҳои шашуним 4- 5 гург дар гирди ҳели гусфандону бузон гашту гузор мекард. Вақте дидамашон, худам ҳам хавотир шудам ва писарамро гирифта рафтем, ки хушбахтона, ҳама гусфандон ва бузон дар ҷояшон буданд. Ба ягонтои онҳо осеб нарасондаанд. Гургҳо моро бо сагҳо дида, тарафи кӯҳ гурехтанд. Агар гургҳо барвақттар ҳамла мекарданд ё мо дер мекардем агар, ҳатман ягон гусфанд ё бузро дарронда, ҳамроҳашон мебурданд.»

Раҳим Файзалиев
Раҳим Файзалиев
Раҳим Файзалиев, иҷрокунандаи вазифаи менеҷери кӯмаки аввалаи тиббию санитарии ноҳияи Шӯрообод дар мавриди ҳамлаҳои пайдарпайи гургон дар фасли сармо дар ин минтақа мегӯяд, гургҳо бештар ба хотири таъмини ғизои бачаҳои худ ба чорвои хонагӣ ҳамла мебаранд. Файзалиев мегӯяд, ҳоло бештари ҳамлаҳои гургон дар ҷамоатҳои Доғистон ва Дараи об дида мешавад: «Се ҳамлаи гургонро мо пайхас кардем, сабаби ҳамлаи гург ба хонаҳои мардум ва чорпои онҳо ҷустуҷӯи хӯрок дар сардӣ барои фарзандонашон мебошад. Бештар вақт ҳамлаҳо аз тарафи гургони фарзанддор мушоҳида мешавад, то фарзадонашон аз гуруснагӣ нафавтанд.»

Аҳмад Валиев, як сокини дигар ҷамоати Дараи об тариқи телефон субҳи 2 феврал гуфт, ҳангоми додани хӯрок ба бузу гусфандонаш селаи гургонро дар кӯҳҳои душворгузар мушоҳида кардааст: «Субҳи вақт буд, ҳангоми додани хӯрок ба бузу гусфандонам, яке овози гургонро шунидам ва барома дидам, ки дар кӯҳ села-села шуда, рафта истодаанд. Шояд нимашаб ҳамла кунанд, зеро аксарашон гурусна мондаанд.»

Ҳамлаҳои гургон ба чорвои мардум дар рустоҳои Шӯрообод дар даҳсолаи охир бештар мушоҳида мешавад. Як мақоли мардумист, ки гушна ба шер задааст. Барфи зиёд ҷустуҷӯи ризқи гургонро дар кӯҳҳо мушкил сохта, онҳоро дар ҷустуҷӯи рӯзӣ ба рустоҳои воқеъ дар водиҳои байни кӯҳҳо, ба ҳелу оғили мардум тела медиҳад.
XS
SM
MD
LG