Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангалбонҳои минтақаи Кӯлоб дар мавзеи Чилдухтарон ва Сари Хосор ҷасади хирсу гург ва паррандаҳои лошахӯрро мушоҳида кардаанд.

Зимни таҳқиқ маълум шудааст, ки ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандаҳои лошахӯр аз заҳролудшавии бадан ба ҳалокат расидаанд.

Мираҳмад Давлатов, директори муассисаи хоҷагии ҷангал дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, чорвопарварон ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаи гургу хирс дар бадани ҳайвоноти хонагияшон маводи заҳрогин пошида, ба саҳро партофтаанд ва ҳайвоноти ваҳшӣ ҳангоми истеъмол ба ҳалокат расидаанд. Аммо ба гуфтаи Давлатов, чорвопарварон ба олами ҳайвонот бо ин амали худ зарари ҷиддӣ расонидаанд.

Ӯ гуфт, "онҳо мехостанд, танҳо аз гургу хирс халос шаванд, вале дар ин ҷо каргасҳо, рӯбоҳ ва дигар ҷонварҳои гӯштхӯр ба ҳалокат расидаанд. Ин амал чандтарафа зарар расонидааст. Мутаасифона, мо дар ҷангалҳои калон ва деҳоти атрофи он натавонистем, онҳоеро, ки чунин амал кардаанд, пайдо карда ҷазо диҳем."

Мираҳмад Давлатов

Мираҳмад Давлатов

Дар пайи чунин заҳролудкуниҳо ду хирс ва 5 гургу чанде аз рӯбоҳу каргас ҳалок шудааст. Дар миёни паррандагони лошахӯр ва ҳайвоноти ваҳшии аз заҳролудшавӣ фавтида хирс нодиртарин ҳайвон маҳсуб меёбад, ки барои шикори он 63 ҳазор сомонӣ баробар ба 13 ҳазор долари амрикоӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

"Танҳо шикори гургу хуки ёбоӣ дар чанд навоҳӣ, аз ҷумла Мӯъминободу Шӯроободу Балҷувон иҷоза дода шудааст, зеро ки дар ин навоҳӣ бисёр шудаанд. Шикори хирс бошад, манъ аст ва бояд ҳангоми таҳдиди он ба ҳайвоноти хонагӣ шикорчиён аввал онро бо оташ кушодани тир тарсонанд. Дар сурати натарсидан аз садои тир, мумкин аст, сӯи ин ҳайвон тир кушоянд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест, ки бо заҳролуд кардан ин ҳайвонро кушт",-афзуд, ҷаноби Давлатов.

Мо ҳам натавонистем, сокинонеро, ки чунин амал содир кардаанд, пайдо намуда, сӯҳбат кунем. Аммо Шамсиддин, як сокини ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, сокинон ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаи ғофилгиронаи хирсу гург чунин мекунанд: "Д у сол пеш як гови як ҳамдеҳаи мо ҷар шуда, ҳаром мурд. Ҳамдеҳагон, ки аз ҳамлаи гург ба ҳайвоноти хонагиашон ба ҷон расида буданд, ӯро заҳр пошида партофтанд. Лекин дар ин ҷо як гургу чанд каргас мурда буд ва ягон хирс намурда буд."

Ин сокини Мӯъминобод афзуд, "медонам, ки ба бадани ҳайвон заҳри "Олтингӯгирд" ва "Каралин" мепошанд, ки ин зуд мекушад. Ин доруҳои гуфтаам аслан барои куштани кайку канна пешбинӣ шудааст, вале баъзеҳо барои куштани гургҳо ҳам аз он истифода мекунанд."

Бархе аз сокинони дигар мегӯянд, яроқи шикории онҳоро ба хотири халъи силоҳ мақомот ҷамъоварӣ кардаанд ва ин ба афзоиши ҳайвонҳои ваҳшӣ сабаб шудааст. Назирмад, як сокини ноҳияи Ховалинг мегӯяд, "дар давраи Шӯравӣ ҳама яроқ дошт ва намегузоштанд, ки гург зиёд шавад. Баъди ҷанг силоҳ ҷамъ мекунем гуфта ҳама яроқҳоро ҷамъ карданд. Ҳоло тинҷ шудааст ва ҳеҷ нест, ки силоҳҷамъкунӣ тамом шавад ва милисаҳо, ки барои ҳисобот ҳеҷ чиз наёфтанд, камонҳои мардумро гирифта ҳисобот медиҳанд, ки фалон қадар яроқ чамъ кардем."

Дар ҳамин ҳол, Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори Раёсати умури дохила дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, кормандони онҳо ҳеҷ гоҳ ғайриқонунӣ силоҳи сокинонро нагирифтаанд: "Он силоҳҳое гирифта мешаванд, ки ҳуҷҷат надоранд ва сокинон пинҳонӣ онҳоро истифода мебаранд. Агар онҳо муроҷиат кунанд, силоҳояшон қонунӣ дода мешавад ва дар ин кор ҳеҷ мушкилӣ нест."

Ба таври заҳролудкунӣ куштани ҳайвонти ваҳшӣ, мисли хирсу гург дар минтақаи Кӯлоб дар ҳолест, ки ҳоло ҳодисаҳои ҳамлаи гургон ба чорпоёни сокинон ҳам афзоиш ёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG