Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зафар Бедняк"-ро барои чӣ куштанд?


Зафар Азимов, маъруф ба номи “Зафар Бедняк”
Зафар Азимов, маъруф ба номи “Зафар Бедняк”

Наздикони Зафар Азимов, маъруф ба "Зафар Бедняк" мегӯянд, ки на ҳамаи афроди дастдошта дар қатли ин тоҷир ба ҷавобгарӣ кашонда шудаанд.

Пайвандони тоҷири кушташуда Зафар Азимов, маъруф бо номи "Зафар Бедняк" мегӯянд, фармоишгар ва шарикони қотили бародараш ҳанӯз боздошт нашудаанд. Дар қатли ин тоҷир, ки шоми 18 феврали соли ҷорӣ дар ҳудуди "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе кушта шуд, Обид Мақсудов, писари раҳбари корхонаи кабелсозии Душанбе Эмом Мақсудов, айбдор дониста мешавад.

Аммо пайвандони Азимов мегӯянд, зоҳиран тафтишот холисона анҷом намешавад ва бархе ҷузъиёти муҳим дар ин парванда ба манфиати айбдоршаванда ба назар гирифта намешавад. ​

Алишер Азимов, бародари Зафар Азимов, рӯзи 30 март ба Озодӣ гуфт, ду рӯз қабл аз кушта шудани бародараш Искандар Мақсудов, амаки Обид Мақсудов, аз Дубай бо ӯ тамос гирифта, таҳдиди қатли бародарашро карда буд. "Обид Мақсудов ҳам пас аз бозгашт аз Дубай ба ин кор даст зад ва он шаб ӯро се нафари дигар ҳамроҳӣ мекарданд," - афзуд ӯ.

Бародари Зафар Азимов мегӯяд, ҳоло ҳамроҳ бо Обид танҳо як нафар боздошт шудааст ва он ҳам "барои хабар надодан аз ҷиноят", ки ҷазои сабукро дар назар дорад. Ӯ мегӯяд, Обид Мақсудов бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (куштор) айбдор мешавад. Ин модда аз 8 то 15 сол ҷазоро дар назар дорад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи Азимов, Обид Мақсудов бояд тибқи банди 2-и ин модда, ки куштор бо бераҳмии махсус, дар ҳолати хавфнок ва бо маслиҳати пешакиро дар назар дорад, айбдор бишавад.

Алишер Азимов гуфт: "Инҳо дар як мошин 4 нафар маслиҳат карда, омада бародарамро мекушанд. Он лаҳза Сӯҳроб Шамолов, дӯсти бародарам ҳамроҳаш буд ва шоҳид аст. Инҳо агар маслиҳати пешакӣ намедоштанд ва қасди куштор надоштанд, чаро аз ҷойи ҳодиса фирор карданд? Ҳоло ҳамроҳ бо Обид Мақсудов як нафарро боздошт карданд ва ду нафари дигар, ки шаб ҳамроҳи Обид буда, фирор карданд, номаълум дар куҷоянд."

Обид Мақсудов
Обид Мақсудов

Қаблан, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин куштор дар пайи баҳс бар сари муомилоти қарзӣ сурат гирифтааст. Пайвандони Зафар Азимов мегӯянд, бародарашон қарздор набуда, баҳси онҳо танҳо барои соҳибӣ бар сари як таваққуфгоҳ будааст. Ба қавли пайвандони ин тоҷири кушташуда, дар парванда низ ҳарфе аз қарздории Зафар Азимов вуҷуд надооштааст.

Аммо Эмом Мақсудов, раҳбари корхонаи кабелбарории Душабе ва падари Обид Мақсудов, рӯзи 31 март ба Озодӣ гуфт, Зафар Азимов на танҳо аз писараш, балки аз корхонаи зери раҳбарии ӯ низ қарздор буд. Мақсудов гуфт, ӯ ҳеч гоҳ кушта шудани як нафар бо дасти писарашро намехост ва ин амалро маҳкум мекунад.

"Мо бо хонаводаи Зафар қудо будем. Ҳамин писари ман хонаашро фурӯхта, пулашро ба ӯ дода буд ва худаш саргардон мегашт. Ҳеч кас намехоҳад, ки фарзандаш чунин кор кунад. Қонун худаш ҷазо медиҳад, вале ин гап, ки ӯ қарздор набуд, асос надорад. Ӯ аз корхона ва Обид қарздор буд ва қарзро намедод. Ин бачаро асабонӣ кард, ки ба ин роҳ рафтааст," - гуфт Эмом Мақсудов.

Эмом Мақсудов гуфт, ӯ ҳеч гоҳ хилофи қонун амал накарда ва худаш писарашро ба пулис таслим кардааст.

Бародари "Зафар Бедняк": Дар қатли ӯ се каси дигар ҳам даст доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Муфаттишони парвандаи қатли ин тоҷир мегӯянд, парванда бар асоси қонун тафтиш мешавад. Як ҳамсӯҳбати мо аз додситонӣ гуфт, ҳоло парванда татфиш мешавад ва дар сурати пайдо шудани далели нав он ҳатман ба парванда ҳамроҳ мешавад: "Ҳар далеле, ки тафтишот пайдо мекунад, он ба парванда ҳамроҳ хоҳад шуд. Агар ягон далели ногаҳонии дигар пайдо шавад, ҳатман моддаи дигар ва ё банди дигар илова мешавад. Ҳоло ҳама тибқи қонун ва дуруст тафтиш мешавад."

Зафар Азимов шоми 18 феврал кушта шуд ва вазорати умури дохилии Тоҷикистон як рӯз баъд дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки "Азимов Зафархон бо шаҳрванд Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984 сокини кӯчаи Борбад, дар назди боғи «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо ҳам муноқиша намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ, шаҳрванд Мақсудов О. бо олоти бо худ дошта, аз қисмати дил шаҳрванд Азимов Зафархонро захмӣ менамояд."

Обид Мақсудови 32-сола, писари севуми Эмом Мақсудов, директори корхонаи кабелсозии Душанбе аст ва ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, доғи судӣ дошта ва қаблан ҳам бо ҷурми авбошӣ ҳабс шудааст.

Зафар Азимов, ки аз зарби корди Обид Мақсудов ба ҳалокат расид, 38 сол дошта, истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Шамсиев шаҳри Душанбе буд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Зафар Азимов 5 бародар дошт ва дар "Корвон" -- бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон соҳиби фурӯшгоҳҳо ва дӯконҳои молу маҳсулот будаанд. Ҷасади ин тоҷири тоҷик рӯзи 19 феврал дар зодгоҳаш - ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба хок супурда шуд. Аз ӯ се фарзанд боқӣ мондааст. Дӯстонаш аз ӯ як тоҷири муваффақ ва босаховат ёд мекунанд.

XS
SM
MD
LG