Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Видеои бозпурсии гумонбар дар қатли "Зафар Бедняк"


Обид Мақсудов

Обид Мақсудов

Обид Мақсудов – гумонбар дар қатли Зафархон Азимов, маъруф ба "Зафар Бедняк", дар бозпурсии ибтидоӣ ба маъмурони пулис гуфтааст, ки сабаби ин куштор баҳс дар бораи 110 ҳазор доллар қарз буд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки қатли тоҷири тоҷик Зафархон Азимов, маъруф ба "Зафар Бедняк", дар пайи баҳс барои 110 ҳазор доллар қарз сурат гирифтааст. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 25 феврал ба Озодӣ гуфт, ин нуктаро Обид Мақсудов, писари Эмом Мақсудов (Эмом-хубак) - раҳбари корхонаи кабелcозии Душанбе ва гумонбар дар қатли Зафархон Азимов ҳангоми бозпурсӣ ба маъмурони пулис баён доштааст.

Ӯ гуфтааст, сабаби асосии баҳси онҳо, ки бо куштори Зафар Азимов анҷом ёфт, асосан пул буд. Худи Обид Мақсудов дар навори бозпурсияш, ки 25 феврал дастраси Озодӣ шуд, мегӯяд: "Ба ӯ гуфтам, ки аз ман 110 ҳазор доллар қарздор ҳастӣ. Ту ҳамин сумро чӣ хел мекунӣ? Хест ва ду бор маро дашном дод. Наистод дар ҳамон ҷо, ки гап занем. Гапҳо пасту баланд рафтанд. Дигар ман ҳам аз контроли худ баромадам. Аз чоқу, ки мисли "открывашка" ҳаст-ку, аз ҳамон истифода кардам."

Мақсудов рӯзи 19 феврал, баъд аз як рӯзи қатли Зафархон Азимов боздошт шуда, ҳоло дар бемористон бистарист. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ӯ ҳангоми боздошт аз маъмурони пулис фирор карда, худро аз ошёнаи боло ба замин партофтааст ва дасту пояшро шикастааст. Ҳоло алайҳи ӯ бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне одамкушӣ парванда боз шудааст.

Зафар Азимов

Зафар Азимов

Ҳодисаи куштори Зафархон Азимов шоми 18 феврал рух дод ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як рӯз баъд дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки "Зафархон Азимов бо шаҳрванд Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984 сокини кӯчаи Борбад, дар назди боғи «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо ҳам муноқиша намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ, шаҳрванд Мақсудов О. бо олоти бо худ дошта, аз қисмати дил шаҳрванд Азимовро захмӣ менамояд."

Обид Мақсудови 32-сола писари севуми Эмом Мақсудов, директори корхонаи кабелсозии Душанбе аст ва ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, доғи судӣ дошта ва қаблан бо ҷурми авбошӣ ҳабс шудааст.

Зафархон Азимов, ки аз зарби корди Обид Мақсудов ба ҳалокат расид, 38 сол дошта, истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Шамсиев шаҳри Душанбе будааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ Зафар Азимов 4-5 бародар доштааст ва дар "Корвон" - бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон соҳиби фурӯшгоҳҳо ва дӯконҳои молу маҳсулот будаанд.

Ӯ, инчунин, ба Эмом Мақсудов риштаи хешутаборӣ доштааст ва ба гуфтаи яке аз соҳибкорон, ҷанҷоли онҳо бар сари муомилоти пулӣ сурат гирифтааст. Вале Дилшод Сафаров, бародари Зафархон Азимов, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, аз додугирифти пулии миёни бародараш ва Обид Мақсудов иттилои дақиқ надоранд, вале гумон мекунанд, ки ин ҳодиса аз рӯи хусумати шахсӣ сурат гирифтааст.

Дилшод Сафаров, бародари Зафар Азимов

Дилшод Сафаров, бародари Зафар Азимов

Ӯ афзуд, "дар бораи қарздориашон намедонем. Вақте ин ҳодиса шуд, як гап ба мо расид, ки гуфтанд, барои кадом коре бародари моро туҳмат зада ва парванда кушоданӣ будаанд. Вале ба ҳадафи худ намерасанд ва зоҳиран ҳодиса баъди бигӯмагӯҳо дар ин бора сар задааст."

Ҷасади ин тоҷири тоҷик рӯзи 19 феврал дар зодгоҳаш - ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба хок супурда шуд. Хонаводаи Зафархон Азимов иддао доранд, ки дар қатли ин тоҷири тоҷик ба ҷуз аз Обид Мақсудов боз се тани дигар даст доранд. Дилшод Сафаров, бародари Зафархон Азимов, гуфт, ки аз мақомоти интизомӣ талаб доранд, то афроди боқимондаро низ боздошт ва ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз манобеъ дар вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22 феврал ҳарчанд даст доштани афроди зиёд дар ин ҳодисаро тасдиқ ё рад накарданд, вале гуфтанд, ки ҷустуҷӯи як ҳамроҳи Обид Мақсудов идома дорад. Рӯзи 19 феврал, як рӯз баъди куштори Зафархон Азимов, мақомоти корҳои дохилӣ гуфта буданд, ки Маъруфҷон Асоевро ба унвони шарики Обид Мақсудов таҳти пайгард қарор додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG