Пайвандҳои дастрасӣ

17 ё 18 июн? Комиссияи махсус рӯзи аввали Рамазонро дақиқ мекунад


Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки имсол ба ҳисобҳои тахминӣ Рамазон 18 июн оғоз меёбад. Ба қавли ӯ, барои дақиқ кардани ин рӯз комиссия таъсис ёфтааст.

Як комиссияи махсус дар Тоҷикистон оғози рӯзи моҳи Рамазон, моҳи муборак барои мусалмононро меомӯзад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, 10 май ба “Озодӣ” гуфт, ду моҳ боз комиссияи вижаи иборат аз намояндагони Шӯрои уламо ва Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон соатҳои фаро расидани субҳи содиқ, ғуруби офтоб ва вақтҳои намозро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

"Эҳтимол моҳи шарифи Рамазон 18 июн дар Тоҷикистон фаро бирасад. Аз рӯи омӯзишҳои пешакӣ ин тахмин аст ва мумкин аст ин рӯз тағийр биёбад. Ҳоло дар Хуҷанду Бадахшон расадхонаҳо ҳаракати моҳ ва ғурубу тулӯи офтобро меомӯзанд. Талош мекунем, то ин рӯзро аз мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон дақиқ муайян кунем,"--гуфт Абдулқодирзода.

Идораи муфтиёти Қирғизистон ҳам эълон кардааст, ин кишвар тақрибан рӯзҳои 17-18 июн моҳи шарифи Рамазонро истиқбол хоҳад гирифт. Аммо ҳар сол дар Тоҷикистон баҳси оғози моҳи Рамазон ва хотимааш вуҷуд

Саидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода

дорад. Соли гузашта Шӯрои уламо рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазонро 28 июн муқаррар карда буд, аммо иддае бо пайравӣ ба кишварҳои исломӣ 29 июн ба рӯзагирӣ пардохтанд. Сайидмукаррам Абдулқодирзода он вақт дар масҷиди марказии Душанбе гуфта буд, касоне ки рӯзаашонро субҳи 29 июн оғоз кардаанд, баъд аз анҷоми ин моҳ як рӯз рӯзаи қазоӣ бигиранд.

Масъулони Шӯрои уламои Тоҷикистон аз сокинон мехоҳанд, ба тақвими омодакардаи онҳо диққат дода, аз ҳарфи онҳо пайравӣ намоянд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, тақвими моҳи шарифи Рамазонро як гурӯҳ мардуми ғофил на, балки уламову коршиносон таҳия мекунанд.

Соли гузашта тӯли рӯз, ки барои шахси рӯзадор хӯрдану ошомидан манъ аст, ҳудуди 17 соатро дарбар мегирифт. Гармии ҳаво дар Душанбе 38-40 дараҷа ва дар бархе манотиқи вилояти Хатлон то 42 дараҷа буд, ки доштани рӯзаро мушкил мекард.

Дар моҳи шарифи Рамазон бархе аз ошхонаву қаҳвахона ва майкадаҳо дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон муваққатан дарҳои худро мебанданд. Ин тасмими соҳибони онҳо ба хотири гиромӣ доштани моҳи шарифи Рамазон аст, ки мусалмонон дар ин моҳ рӯза медоранд. Аммо бархе аз соҳибони ошхонаҳо, ки дар ин моҳ кор намекунанд, сабабро дар кам шудани муштариён дар ин моҳ медонанд, ки ба гуфтаи худашон, "кирои кор кардан нест".

Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG