Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як тоҷики муаззини яке аз масҷидҳои шаҳри Махачқалъаи Доғистонро дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани норинҷак ва маводи мухаддир айбдор мекунанд.

Дар ин бора Мурод Маллаев, вакили дифои Ибодулло Наботов, ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, ки бо Ибодулло Наботов шахсан ошно буд, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 21 апрел хабари боздошту ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудани ӯро тасдиқ кард.

Ибодулло, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дорад, аз рӯи ду банди Кодекси ҷиноӣ – банди 222 “ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳи оташфишон” ва банди 228.1 – “бо худ нигаҳ доштани маводи мухадир” айбдор мешавад. Ба гуфтаи Иззат Амон, гӯё кормандони полис аз киссаи Ибодулло норинҷаки РГД ва 5 грамм маводи мухадддир пайдо кардаанд.

Иззат Амон

Иззат Амон

Боздошту ҳабси хонагии Ибодулло Наботов ҳамаи онҳоеро, ки ӯро мешинохтанд, ғофилгир ва ҳайратзада кард. Неъматулло Раҷабов, имом-хатиби масҷид дар кӯчаи Ҷанговарони венгери шаҳри Махачқалъа, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 21 апрел дар тафсири ҳодиса гуфт, чанд рӯз пеш нозири полиси маҳалла аз Ибодулло хост, ки ба шӯъбаи умури дохилаи ноҳия биёяд. Дар шӯъбаи полиси ноҳияи Совети Махачқалъа гӯё аз ҷайби ӯ норинҷак ва маводи мухаддир ёфтаанд. “Бигӯед, магар касеро медонед, ки норинҷаку маводи мухадир дар ҷайб ба идораи полис равад?”-суол мекунад ӯ. Рӯзи 17 апрел додгоҳи ноҳиявӣ Ибодулло Наботовро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард.

Навбатдори шӯъбаи полиси ноҳияи Совети шаҳри Махачқалъа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Ибодулло Наботов аз сӯи кормандони шӯъбаи онҳо боздошт шудааст ва ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. “Ҳангоми кофтукоб аз ҷайби ӯ норинҷак ёфтанд”, афзуд афсари полис. “Норинҷакро дар куҷо пайдо карданд, дар идораи полис?”-пурсидем аз ӯ. Навбатдор лаҳзае хомӯш монд ва сипас гуфт, ки дар ин бора чизе намедонад, зеро дар ин бора фақат шунидааст ва худаш шоҳиди ҳодиса набуд.

Мурод Маллаев ба хабаргузории “Кавказский узел” гуфтааст, ки шахси зери ҳимояташ то эълони расмии иттиҳом таҳти ҳабси хонагӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, шахси таҳти ҳабси хонагӣ аз ҳама васоили мухобирот маҳрум мешавад ва ҳаққи истифода аз интернетро ҳам надорад.

Имом-хатиби масҷид Неъматулло Раҷабов иттиҳом алайҳи Ибодулло Наботовро комилан сохтаву тақаллубӣ мехонад.“Ибодулло соати суву ними субҳ ба масҷид меомад ва мусалмонҳоро ба намози бомдод даъват мекард, сипас ба манзилаш бармегашту соати даҳ боз дар масҷид ҳозир мешуд ва ба шогирдон дарси Қуръон медод. Баъд аз намози аср ҳам ӯ ба гурӯҳи дигари кӯдакон сабақ меомӯхт. Ибодулло ҳамеша панҷ вақт намозашро дар масҷид мегузорад, яъне, ҳамеша дар пеши чашми мо буд”.

Аз дигар сӯ, ба гуфтаи имом-хатиби масҷид, “Ибодулло сокини маҳаллӣ нест ва шумо медонед, ки агар шахси “омада” ба коре ё амале даст занад, ҳеҷ имкон надорад, ки одамонро инро набинанд”.

Ба гуфтаи Неъматулло Раҷабов, Ибодулло Наботов аз Тоҷикистон омадааст ва ҳамроҳ бо зану ду фарзандаш, зимнан, кӯдаки дуввумаш навзод аст, дар Махачқалъа ба сар мебарад. “Ибодулло ду-се сол пеш дар як дӯкони назди Масҷиди марказии Махачқалъа шаурма мефурӯхт. Бародарон огаҳ шуданд, ки ӯ овози форам дорад ва Қуръонро хело зебову шево мехонад. Мо ӯро моҳи Рамазон чанд бор даъват кардем, ки баъди ифтор барои намозгузорон ояҳои Қуръонро қироат кунад. Ва вақте, ки ба мо муаззин ва шахси тиловаткунандаи Қуръону мударрис зарур шуд, ман баъди сӯҳбат бо Ибодулло ба кор даъваташ намудам ва ӯ розӣ шуд”.

Имом-хатиби масҷид тайид кард, ки дар намози ҷумъаи гузашта онҳо изҳороти расмии худ бо талаби раҳоии фаврии Ибодулло Наботов ва қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯро қироат карданд. Дар ин изҳорот гуфта шудааст, кормандони полис аз Ибодулло хостаанд, ки ба худаш тӯҳмат бизанад ва иттиҳоми дурӯғро эътироф кунад.

Иззат Амон гуфт, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук маъракаи пуштибонӣ аз Ибодулло Наботов роҳандозӣ шудааст, то ки аз бар пояи тӯҳмат муҷозот шудани ин ҷавони тоҷик ҷилавгирӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG