Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирри муваффақияти "Ориёно-Медиа" чист? Ё кист? (3 ВИДЕО)


Дар "Кохи Ваҳдат" ба шарафи солгарди 10-уми таъсиси ширкати "Ориёно - Медиа" шабнишиние бо ширкати ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор шуд.

Шоми 7 март дар “Кохи Ваҳдат”-и шаҳри Душанбе 10-солагии ширкати холдингии “Ориёно-Медиа”, ки ду радиои бонуфузи “Имрӯз” ва “Ориёно”-ро дарбар мегирад, таҷлил шуд.

Радиои “Ориёно” асосан рӯи мавҷи 103 FM бо забони русӣ ва радиои “Имрӯз” рӯи мавҷи 107,4 FM бо забони тоҷикӣ 24 соат дар шабонарӯз барнома пахш мекунанд ва бо баррасии мушкилоти доғи мардум маъруфият касб кардаанд. Ба вижа радиои “Имрӯз”, ки доираи пахши барномаҳояш тақрибан тамоми Тоҷикистон ва чанд ноҳияи Афғонистонро ҳам фаро мегирад, бо ошкоргӯиву масъалабардориҳояш маъруф аст.

Дар ҷашни 10-солагии "Ориёно -Медиа" як идда аз ситораҳои эстрадаи тоҷик ширкат ва ҳунарнамоӣ карданд.

Видеои Шабнами Сурайёро инҷо тамошо кунед:

Шабнами Сурайё дар 10-солагии "Ориёно-Медиа"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

Бисёриҳо ширкати “Ориёно-Медиа” ва ҳарду радиои “Имрӯз” ва “Ориёно”-ро мутааллиқ ба Ҳасани Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарзани раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Худи Асадуллозода дар солгарди 10-уми таҷлили ширкат ҳузур надошт.

Аммо Худоёри Валӣ, раиси кунунии ин ширкат шоми 7 мартдар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ инро рад кард ва гуфт, муассиси аслии “Ориёно-Медиа” онҳоеянд, ки имрӯз дар он кор мекунанд.

Ҳасани Асадуллозода
Ҳасани Асадуллозода

Худоёри Валӣ гуфт, даромади асосии ширкат аз ҳисоби таблиғот аст ва маоши кормандони ҳарду радиоро низ аз ҳисоби ҳамин даромадҳо пардохт мекунанд. “Муассис ё сарпараст будани Ҳасани Асадуллозодаро мутлақо рад мекунам. Ширкати мо тариқи худхизматрасонӣ фаъолият мебарад,”- мегӯяд Худоёри Валӣ.

Дар Тоҷикистон расонаҳои мустақили озодгӯ каманд ва ин ақидаеро дар зеҳнҳо халқ кардааст, ки агар расона бепарда сухан бигӯяд, умри дароз намебинад. Аммо Худоёри Валӣ мегӯяд: “Тайи чанд муддате ки ба ҳайси роҳбар фаъолият мекунам, аз ягон маҷомот фишору монеаҳоро надидем.”

Ин дар ҳолест ки барканории раиси қаблии ин ширкат Рустами Ҷонӣ ва гардонандаи барномаи “Баҳси имрӯз” Орзу Исоев дар моҳи августи соли 2014-ро бисёриҳо натиҷаи фишори мақомот медонанд. Ин ду нафар, ки яке аз дар саргаҳи таъсиси ширкат меистоду дигареро як сабаби маъруфият пайдо кардани радиои "Имрӯз" дар солҳои охир медонанд, дар ҷашни 10-солагии "Ориёно-Медиа" ҳузур надоштанд.

Орзу Исоев
Орзу Исоев

Корманди ҳамакнун собиқи радиои “Имрӯз” Орзу Исоев сабаби аслии аз кор рафтанашро ба ҳамин фишорҳо рабт медиҳад. Ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: “Сабаби аслии рафтани ман аз радио ба додгоҳ кашидани худи ман ва аризаҳои шикоятии сохтакорона аз ҷониби баъзеҳо буд, ки ин онҳо ҳеҷ ҳақиқате надоштанд. Даъватҳои пайдарпай ва фурсатсӯз куллан вақти маро мехӯрданд ва барои як эҷодкор ин фишори сахти рӯҳию равонӣ аст. Баъди ин тасмим гирифтам, ки бояд аз кор равам.”

Табрикоти Валиҷони Азиз дар ҷашни "Ориёно -Медиа":

Валиҷони Азиз дар ҷашни 10-солагии "Ориёно-Медиа"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

Ба гуфтаи Далери Эмомалӣ, ки муҷрии барномаи таҳлилии “Ҳарфи шумо” дар радиои “Имрӯз” аст, ҳанӯз ҳам фишор сари рӯзноманигорони ошкоргӯ ҳаст, аммо ба таври дигар: “Ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳои таҳдидомез бо ишора ба сӯҳбатҳои танқидиам ҳастанд, аммо ман аҳамият намедиҳам. Дар ҳолати даъват кардан ба сӯҳбати рӯбарӯ раисони ин ё он ноҳияву ҷамоат ё ширкатҳои гуногун, ҳамеша ба мусолиҳакорӣ ишора мекунанд.”

Ҷашни 10-солагии "Ориёно-Медиа"
Ҷашни 10-солагии "Ориёно-Медиа"

Бархе аз рӯзноманигорони собиқадору ҳирфаӣ, ки дар таҷлили 10 солагии ин ширкат иштирок доштанд, ба сурати умум чунин радиоро як комёбӣ барои журналистикаи мустақили имрӯза арзёбӣ мекунанд.

Ба андешаи Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи СССР, бар замми он ки радиои “Имрӯз” аз мушкилоти мардум ҳарф мезанад, ин радиои, ба таъбири ӯ, “сирф тоҷикӣ”-ст: “Замони пайдоиши ин радио, аксаран радиоҳо бо забони русӣ фаъолияти хуб доштанду шунавандаҳои зиёдро гирд оварда буданд. Гӯё чунин фикр буд, ки ҳеҷ гоҳ радиои тоҷикӣ муваффақ намешавад. Вале радиои “Имрӯз” ин халоро пур кард ва нахустин радиое шуд, ки бо тоҷикии тоза ҳарф мезад ва ба ин забон арҷ мегузошт.”

Феълан дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 33 шабакаи мустақили радиоиву телевизионӣ фаъолият мекунанд. Вале бо онки чанд шабакаи радиоии мустақил дар сатҳи ҷумҳурӣ арзи ҳастӣ кардаанд ва дар бисёр ҷанбаҳо аз радиоҳои давлатӣ ҳам пеш гузаштаанд, то ҳол дар Тоҷикистон ягон шабакаи телевизионии мустақили бақуввате пайдо нашудааст, ки битавонад бо 4 шабакаи телевизиони давлатӣ ба таври билқувва рақобат кунад.

Табрикоти Фарзонаи Хуршед дар ҷашни "Ориёно -Медиа":

Фарзонаи Хуршед дар ҷашни 10-солагии "Ориёно-Медиа"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

XS
SM
MD
LG