Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Ҷонӣ аз радиои "Имрӯз" рафт


Рустами Ҷонӣ аз сардабирони қавӣ дар миёни рӯзноманигорон маҳсуб мешавад.
Рустами Ҷонӣ аз сардабирони қавӣ дар миёни рӯзноманигорон маҳсуб мешавад.

Рустами Ҷонӣ аз радиои "Имрӯз" рафтааст, вале зоҳиран дар рӯзномаи "Имрӯз-Нюс" мемонад.

Баъд аз 7 соли кор дар радиои "Имрӯз", Рустам Ҷониев, мудири ин радиои маҳбуби тоҷикизабон дар кишвар аз мақомаш барканор шудааст. Рустам Ҷониев сабаби рафтанаш аз ин мақом ва ё сабукдӯш шуданашро то кунун шарҳ надодааст, аммо ҳамкоронаш дар радиои “Имрӯз” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Худоёри Валӣ, мудири собиқи Радиои Душанберо ҳамчун раҳбари нави онҳо муаррифӣ кардаанд.

Радиои “Имрӯз”, ки дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷанду Хоруғ ҳам барнома пахш мекунад, садҳо ҳазор шунаванда дорад ва аз инъикоси мавзӯъҳои доғи ҷомеа парҳез намекунад. Маълум нест, баъд аз омадани Худоёри Валӣ, то чӣ ҳад мӯҳтавои барномаҳои Радиои Имрӯз тағйир мекунад.

Рустами Ҷонӣ, то кунун раиси гурӯҳи “Ориёно Медиа”, буд, ки онро мутааллиқи Ҳасан Асадуллозода, раиси Ориёнбонк ва додарзани Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Аммо бар асоси аснод Рустами Ҷонӣ, яке аз соҳибони “Ориёно Медиа” будааст. Рустами Ҷонӣ айни замон, сардабирии рӯзномаи “Имрӯз-Нюс"-ро бар ӯҳда дорад, ки ягона рӯзномаест, ки ҳар рӯз нашр мешавад, ҳарчанд теъдоди нашраш зиёд нест.

Рӯзномаи мазкур дар гузашта бо Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматзода, раиси собиқи ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ва яке хешовандони раиси ҷумҳур баҳси додгоҳӣ дошт ва додгоҳи Душанбе ба рӯзномаи "Имрӯз-Нюс" амр дод, ки барои паст задани шаъну эътибори Рустам Ҳукумов ба ӯ 10 ҳазор доллар ҷуброн бипардозад. Рустам Ҳукумов соли 2008 дар Русия бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд ва баъд аз раҳоӣ ӯро дар рӯзномаи "Имрӯз Нюс" дарди сари падар хонда буданд. Мусоҳибаи видеоӣ дар бораи додгоҳ инҷост:

Ҳолномаи кӯтоҳи Рустами Ҷонӣ инҷост: http://www.ozodi.org/content/backgrounderembedded/24448130.html

XS
SM
MD
LG