Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳбуси ошиқ ба висоли дилдодааш расид


Маҳбаси Қӯрғонтеппа.

Маҳбаси Қӯрғонтеппа.

Маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа, пас аз қариб як моҳи талошу эътирозҳо рӯзи 19–уми январ бо дӯстдоштааш дар маҳбас ақди никоҳ бастааст.

Зиндонӣ Давлатмурод Ҳалимшоев, ки аз таъхири сабти никоҳи ӯ бо дӯстдоштааш дар зиндони Қӯрғонтеппа шикоят карда буд, ахиран ба висолаш расид.

Ҷиёнбӣ Ҳалимшоева, хоҳари маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ниҳоят идораи САҲШ (ЗАГС)–и шаҳри Қӯрғонтеппа 19-уми январ ба бинои маҳбас омад ва паси дарҳои баста маҳбус Давлатмурод Ҳалимовро бо арӯсшавандааш ақди никоҳ баст.

Хонум Ҳалимшоева гуфт, ки дар рӯзи арӯсии бародараш ба зиндон ғизову хӯриши идона фиристода шуд ва зиндониҳои дигар ҳам ба шодии бародараш шарик шуданд.

Рӯзи 2 январи соли ҷорӣ Давлатмурод Ҳалимшоев, аз он ки Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС сабти никоҳи ӯро бо дӯстдоштааш ба таъхир гузошт, эътироз кард. Мақомоти САҲШ гуфтанд, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ин, яъне 26 декабри соли 2012 ин маҳбус аз зани аввалааш ҷудо шудааст ва бояд барои сабти ақди никоҳи нав бояд муҳлати муайян гузарад. Ҷиёнбӣ Ҳалимшоева гуфт, ки равобити бародараш бо ҳамсараш Зебуннисо ҳанӯз то замони ба зиндон афтодани ӯ дар соли 2006 қатъ шуда буд ва ӯ мехост бо духтари дӯстдоштааш - сокини ноҳияи Восеъ издивоҷ карда, ҳақи мулоқот ва ҳам гирифтани ғизоро аз ҳамсари қонуниаш пайдо кунад. Баъди музокироти мақомоти идораи САҲШ рӯзи 4 январ, маъмурияти САҲШ гуфтанд, ки ба Ҳалимшоев кӯмак хоҳанд кард.

Давлатмурод Ҳалимшоев, сокини ноҳияи Муъминобод, собиқ рассоми шӯъбаи фарҳанги ин ноҳия мебошад, ки дар соли 2006 барои тамаъҷуӣ аз як мулло бо маблағи 150 сомонӣ, ба додгоҳ кашида шудааст. Тибқи ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа ӯ барои 13 сол равонаи зиндон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG