Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қӯрғонтеппа - хӯроки хуб, вале утоқҳои танги маҳбаси ислоҳӣ


Барои аввалин бор намояндагони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ тавонистаанд аз маҳбаси низомаш шадиди Қӯрғонтеппа дидан намоянд.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони "Перспектива плюс" рӯзи ҷумъаи 13-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз иҷозаи маъмурияти Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон барои рӯшанӣ андохтан ба чанде аз арзу шикоятҳои маҳбусҳо, аз ин зиндон дидан намудааст.

Хонум Бобоназарова мегӯяд, шикоятҳо бар сари ин буд, ки баъзе аз маҳбусҳоро латту кӯб мекунанд ва шароити зисту хӯрдании онҳо ногувор аст.

Аммо дар сӯҳбат бо маҳбусҳо, аз ҷумла бо Абдурасул Мирзоев ва ду табааи доғистонӣ Алиев ва Мамадов, ки дар моҳи августи соли 2010 аз боздоштгоҳи КДАМ фирор ва дубора боздошт шуданд, аз шароити танги маҳбас шикоят нашудааст. Абдурасул Мирзоев гуфтааст, мехоҳад парвандаи вай бозбинӣ шавад ва ҳукми 30-сола дар нисбати вай тағйир дода шавад.

Дар мулоқот бо аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки дар ин маҳбас ба сар мебаранд, ишорае ҳам аз вазъи ногувори маҳбас карда нашудааст. Ба сурати умум машбусҳо шикоят накардаанд.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, вақте ба утоқҳои маҳбаси Қӯрғонтеппа назар мекунад, айнан маҳбасҳои солҳои сиюм пешин назар меояд. Утоқҳои тангу торик ва серрутубат барои саломатии зиндониён хатарнок буда, ба шароити стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нестанд.

Ба ҳуқуқшинос Бобоназарова муяссар шудааст, ки аз боздоштгоҳи қаблии тафтишотии маҳбаси Қӯрғонтеппа дидан кунад. Дар онҷо аз ҷумла бо чанд зан мулоқот кардааст, ки барои дуздӣ айбдор шудаанд. Яке аз онҳо барои рабудани гушвори дугонааш айбдор буда, дар ҳолати сурати тасдиқи он, ба ду соли зиндон маҳкум мешавад. Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, барои дуздидани гӯшвор дусолӣ дар зиндон нишастанд аз рӯи адолат нахоҳад буд.

Ёдовар мешвем, низоми зиндони Қӯрғонтеппа шадид буда, то кунун ҳеҷ созмони маҳаллии масоили ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар вориди ин маҳбас нашуда буданд.
XS
SM
MD
LG