Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Вошингтон кори як сарбози собиқ будааст


Силоҳбадасте, ки рӯзи душанбе дар муҷтамаъи нерӯҳои баҳрии ИМА дар Вашингтон 12 касро бо ҳалокат расонд, собиқ сарбози эҳтиётии нерӯҳои баҳрӣ Арон Алексис будааст.

Арон Алексис дар бархӯрд бо афсарони полис кушта шуд. Дар тирпаррониҳои рӯзи душанбе боз 8 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Валерия Парвал - ёвари раиси Хадамоти тафтишоти ИМА (FBI) мегӯяд: “Мо метавонем тасдиқ кунем, ки фарди субҳи имрӯз ба ҳалокат расида Арон Алексиси 34-сола аз Форт Ворти аёлати Тексас мебошад. Мо акси Алексисро дар сайтамон гузоштаем ва аз ҳар касе, ки дар бораи ӯ иттилоъ дорад, хоҳиш мекунем, бо мо дар тамос шавад.”

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
Линки мустақим


Ибтидо полис тахмин мекард, ки силоҳбадастон се нафар ҳастанд, вале баъди муддате ошкор шуд, ки ӯ танҳо будааст. Шоҳидон мегӯянд, Алексис дар дохили ошхона тирпаррониро оғоз намуд. Сабаби ин ҳамла маълум нест.

Алексис дар муассисае бо номи "Экспертс" ифои вазифа мекард, Ин ниҳод бо муҷаҳҳазгардонии шабакаи интернетии нерӯҳои баҳрии ИМА машғул аст.


Аарон Алексис
Аарон Алексис
Хадамоти тафтишоти ИМА изҳор намуд, ки Алексис ҳаққи қонунии вуруд ба муҷтамаи нерӯҳои баҳриро дошт. Гуфта мешавад, ки номбурда аз соли 2007 то 2011-ум дар нерӯҳои баҳрӣ хидмат кардааст. Тибқи баъзе гузоришҳо, Алексис дини буддоиро қабул карда, дар гузашта бо аслиҳа ба хилофкорӣ роҳ додааст.

Дар Қасри Сафед президенти ИМА Барак Обама ҳамларо маҳкум кард: “Ин ҳамла ба афроди низомӣ ва мулкии мо буд. Ин ҳамла ба мардумест, ки кори онҳо муҳофизати мост. Онҳо ватандӯст мебошанд. Онҳо медонанд, ки ҳангоми хидмат дар хориҷ бо хатар мувоҷеҳ ҳастанд. Вале имрӯз онҳо дар хонаи худ бо хушунати ғайри қобили тахайул рӯ ба рӯ шуданд.”

Президенти ИМА фармон дод, ки ба ёди қурбониҳои ҳамлаи рӯзи душанбе дар биноҳои давлатӣ парчами кишвар нимаафрохта бошад. Ҳамчунон баргузории консертҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ба таъхир гузошта шудаанд.

Дар муҷтамаи нерӯҳои баҳрӣ дар Вашингтон, ки рӯзи душанбе мавриди ҳамла қарор гирифт, наздик ба 3000 нафар ифои вазифа мекунад. Ин муҷтамаъ нерӯҳои баҳрии Амрикоро бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ таъмин мекунад.
XS
SM
MD
LG