Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозии маргбор дар як пойгоҳи баҳрии Амрико


Дар Амрико ҷустуҷӯи мард ва ё афроде идома дорад, ки бо тирандозӣ дар як пойгоҳи баҳрӣ дар наздикии шаҳри Вашингтон, 4 нафарро кушта ва 10 тани дигарро маҷрӯҳ кардааст. Ҳодиса дар қароргоҳи Фармондеҳии Системаҳои Баҳрии Иёлоти Муттаҳида ба вуқӯъ пайвастааст ва маълум нест, ки ҳамла кори дасти як нафар аст, ё чанд нафар. Бар асоси гузоришҳо, як фарди мусаллаҳро хунсо вале то кунун боздошт накардаанд. Ба гуфтаи мақомоти дар ин пойгоҳи низомӣ тақрибан 3 ҳазор нафар кор мекунанд. Фармондеҳии системаҳои баҳрии Иёлоти Муттаҳида масъули сохту хариди киштӣ ва дигар системаҳои ҷангӣ аст.
XS
SM
MD
LG