Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри аксҳои Ислом Каримови "арақхӯр, бангӣ ва фоҳишабоз"


Акси Ислом Каримов аз сомонаи uzxalqharakati.com

Акси Ислом Каримов аз сомонаи uzxalqharakati.com

Дар сомонаҳои интернетии наздик ба мухолифини узбак паиҳам чанд матлаб дар бораи “бадахлоқӣ”-ҳои набераи раисиҷумҳур Ислом Каримов нашр шудааст. Дар ин гузоришҳо Ислом Каримови хурдӣ як ҷавони арақхӯр, бангӣ ва фоҳишабоз тасвир шудааст.

Ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз мусоҳибаи пурсарусадои Ислом Каримови хурдӣ, набераи раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, бо ББС, сомонаҳои наздик ба мухолифини узбак, ки дар хориҷ аз Узбакистон амал мекунанд, силсилаи матолибе нашр шуд, ки дар онҳо набераи президент ба бадахлоқӣ, аз ҷумла ба арақхӯрӣ, истеъмоли банг ва фоҳишабозӣ айбдор мешавад.

Аммо бисёриҳо дар ин силсилаи матлабҳое, ки бо аксҳои нодири лаҳзаҳои айшу ишрати Ислом Каримови хурдӣ “зебу зиннат” дода шудаанд, дасти Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримови калонӣ ва модари ин навҷавон ва ҳам Хадамоти пурнуфузи амнияти миллии Узбакистонро мебинанд, ки як сол боз бо Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳур ва модари Ислом, дастбагиребон шудааст.

Дар бораи ишратбозиҳои набераи нахустини президенти Узбакистон чанд сомона, аз ҷумла сомонаи Ҳаракати халқии Узбакистон, “Замондош” ва “Дунё узбеклари” матлабҳо нашр кардаанд. “Дунё узбекларӣ” баъди чанд рӯзи нашр матлабашро ҳазф кард, вале як матлаб дар “Замондош” ва 3 гузориши дигар дар сомонаи Ҳаракати халқии Узбакистон - uzxalqharakati.com – то ҳол дастрас аст.

Акси Ислом Каримов аз сомонаи uzxalqharakati.com

Акси Ислом Каримов аз сомонаи uzxalqharakati.com

Uzxalqharakati.com аз ҷумла дар яке аз матлабҳояш бо номи “Достони узбакӣ: Зуҳури дувуми Ислом Каримови хурдӣ” менависад, ки набераи нахустини президент Каримов соли 1992 аз издивоҷи пурмоҷарои духтари калонии ӯ Гулнора бо соҳибкори афғонтабори шаҳрванди Амрико Мансур Мақсудӣ ба дунё омадааст, вале азбаски ин издивоҷ ҳанӯз дар соли 2001, ки Исломи хурдӣ ҳамагӣ 9 ва хоҳараш Имон танҳо 3 сол дошт, фурӯ пошид. Гулнора Каримова танҳо дар соли 2008 ноил шуд, ки фарзандонашро аз шавҳараш баргардонад ва ба ин далел, ба навиштаи муаллиф, онҳо бетарбия ба воя расидаву дар натиҷа чунин ишратпарасту бесар шудаанд.

Дар силсилаи матлабҳои нашршуда дар бораи набераи президенти Узбакистон Ислом Каримови хурдӣ як одами фиребгар, қаллобе, ки пули мардумро гирифта, баргардондашро “фаромӯш” мекунад, арақхӯр, бангӣ, духтарбоз ва дар айни замон, бо такя ба шаҳодати ду духтаре, ки гӯё бо ӯ равобити ҷинсӣ доштаанд, камари мардиаш суст тасвир шудааст.

Аммо ин матлабҳо дар ҳоле нашр шуданд, ки ҳамагӣ рӯзи 11 ноябр Ислом Каримови хурдӣ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо ББС гуфта буд, ки ҳадафи таъқиби мақомоти амниятии Узбакистон қарор гирифтааст. Ӯ дар ин мусоҳиба аз бархе асрори хонаводаи раисиҷумҳури пурнуфузи Узбакисон пардабардорӣ кард ва гуфт, дар асл риштаи идораи Ислом Каримови калонӣ дар дасти ҳамсараш ва бибииӯ Татяна Каримова аст. Ӯ аз ҷумла мавридеро ёдовар шуд, ки бобояш мехост хатти Интернет дошта бошад ва аз ахбори дунёву Узбакистон бохабар шавад. Наберааш барои ин тарзи истифода аз Интернетро ба президент ёд медиҳад, вале Татяна Каримова ба хашм меояд, ки “медонӣ, агар ӯ ин ҳамаро бихонаду бидонад, чӣ мешавад?” Дар ниҳоят, ба гуфтаи Каримови хурдӣ, бибияш хатти Интернети президентро пурра меканад.

Акси Ислом Каримов аз сомонаи uzxalqharakati.com

Акси Ислом Каримов аз сомонаи uzxalqharakati.com

Аз ин пеш Ислом Каримови хурдӣ дар моҳи июни соли равон дар як мусоҳиба бо шабакаи телевизионии РЕН ТВ-и Русия низ ба ҳимоят аз модараш Гулнора, ки як сол боз дар Тошканд дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, садо баланд карда буд. Ӯ дар он сӯҳбат бибияш Татяна ва холааш Лола Каримова – духтари хурдии президенти Узбакистонро айбдор карда буд, ки алайҳи модари вай тавтиа эҷод кардаву ӯро аз президент дур кардаанд.

Алексей Волосевич, хабарнигори муқими Тошканд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нашри матлабҳои охир бо аксҳое, ки ба даст оварданаш барои хабарнигорон тақрибан номумкин аст, мтеавонад як навъ интиқоми бибии Каримови хурдӣ – Татяна Каримоваи пурнуфуз ва мақомоти амниятии Узбакистон бошад, ки як сол боз бо Гулнора Каримова ва наздикону фарзандони ӯ бархӯрди танишолудае доранд. Ба ақидаи Волосевич, “ҳамон мошини таъқиботие, ки алайҳи мухолифон ва намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ кор мекард, ҳоло ба зидди Гулнора Каримова ва наздикони ӯ партофта шудааст. Ин ҳама идомаи бозиҳои сиёсӣ дар дарбор аст.”

Лола Каримова ҳам баъди нашри мусоҳибаи ахири хоҳарзодааш дар ББС дар як номаи шадидуллаҳн иддаоҳои Ислом Каримов дар бораи даст доштани ӯ дар фишорҳо алайҳи хоҳараш Гулнораро тӯҳмат номида, таҳдид карда буд, ки ББС-ро ба додгоҳ хоҳад кашонд.

Гулнора Каримова дар ҳабси хонагӣ

Гулнора Каримова дар ҳабси хонагӣ

Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон, як сол пеш баъди боз шудани парвандаҳои марбут ба ришвахорӣ алайҳи ӯ дар Аврупо мавриди хашми падар қарор гирифт. Ӯ мегӯяд, аз он замон дар манзилаш дар Тошканд дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Гулнора Каримова гоҳо аз ин макони “асорат”-аш паёмҳое ба матбуот мефиристад, ки дар он Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, модараш Татяна Каримова ва ҳам модараш Лола Каримова –Тилоеваро дар бадбахтиҳои омада бар сари худ айбдор мекунад.

Аммо Сафар Бекҷон, яке аз дигарандешони узбак, ки соли гузашта виллаи Гулнора Каримоваро дар Швейтсарияро барои чанд рӯз ишғол карда буд, ба Озодӣ гуфт, нашри ин аксҳо метавонанд на аз дохили хадамоти амниятӣ ваё хонаводаи Ислом Каримови калонӣ, балки аз берун сурат гирифта бошад: “Моҳи январ Романенко ном муҳофизи Ислом Каримов аз Узбакистон фирор кард. Аз эҳтимол дур нест, ки ӯ чунин аксҳои нодирро дар ихтиёр дошт ва ҳамроҳ бо худ бурда бошад. Ҳамин тавр, чанд афсари дигари собиқи амниятианд, ки ҳоло дар хориҷ ба сар мебаранд ва ҳатман андешаи интиқом аз хонаводаи пурнуфузи Каримовро доранд. Хусусан дар ҳоле ки мавқеъи Гулнора Каримова дар як соли охир хеле заиф шудааст.”

Аммо ба ҳар сурат, бисёриҳо ба даст доштани мақомоти амниятии Узбакистон дар ин моҷарои нав бартарӣ медиҳанд. Онҳо аз ҷумла аз муаллифи матлаби нахустини нашршуда дар ин бора дар сомонаи Ҳаракати халқии Узбакистон иқтибос мекунанд, ки Ислом Каримови хурдиро аз нашри мусоҳибаҳои нав ҳушдор медиҳад ва мегӯяд, дар сурати сӯҳбатҳои наваш бо матбуот мунтазири чопи аксҳову санадҳои бештари “бадахлоқӣ”-ҳояш бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG