Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар аксҳои нав дида мешавад, Гулнора Каримова -- духтари калонии раиси ҷумҳури Узбакистон дар либоси одии хонагисту дар иҳотаи мардони низомипӯш қарор дорад.

Аксҳои наве аз Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, дастраси расонаҳо шудааст, ки аз ҳабси хонагии ӯ ва таҳти фишор қарор доштанаш дарак медиҳад. Дар аксҳои нав Каримова дар либоси одии хонагӣ ва дар иҳотаи мардони низомипӯш дида мешавад. Зоҳиран онҳо бо якдигар баҳс доранд, вале маълум нест сари чӣ мавзӯе.

Ин аксҳоро рӯзи 16 сентябри соли ҷорӣ ба расонаҳо намояндаи Гулнора дар Лондон -- Лоскли Райан дастрас кардааст. Ӯ гуфта, ки Каримоваю духтараш ба ёрии тиббӣ сахт ниёз доранд ва онҳо дар ҳабси хонагӣ ғизои кам дастрас мекунанд.

Лоскли Райан изҳор дошта, ки Гулнора Каримов бо ангезаҳои сиёсӣ, бахусус дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури Узбакистон, таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифтааст.

Худи духтари калонии раиси ҷумҳури Узбакистон гуфта буд, аз тирамоҳи соли гузашта дар Тошканд дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ӯ аз манзилаш дар Тошканд чанд дафъа ба расонаҳо мактуб фиристода, дар чунин “бадбахт” шудани худ раҳбарони ниҳодҳои амниятии Узбакистон, аз ҷумла раиси Хадамоти амният Рустам Иноятовро айбдор кардааст.

Дар ин муддат хеле аз шарикони тиҷории духтари президент, бо шумули Рустам Мадумаров ва Гаянэ Авакян боздошт ва ҳатто маҳкум ба зиндон шуданд. Аз ҷумла, додгоҳи вилояти Тошканд дар моҳи июл бо ҷароиме, чун напардохтани андоз, пиҳон доштани даромад, шустушӯи пул ва ғайра Мадумаровро ба 10 сол ва Авакянро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG