Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба артиши Узбакистон 328 зиреҳпӯш медиҳад


 Мошини зиреҳпӯши M-ATV
Мошини зиреҳпӯши M-ATV

Амрико гуфтааст, ба артиши Узбакистон дар маҷмӯъ 328 мошини зиреҳпӯш медиҳад. Аз ҷуумла 308 зиреҳпӯши M-ATV ва 20 зиреҳпӯши эвакуатсионӣ.

Амрико 308 мошини зиреҳпӯши навъи M-ATV ва 20 зиреҳпӯши тармимию эвакуатсиониро ба Узбакистон во мегузорад. Дар ин бора ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ Даниэл Розенблюм дар мусоҳиба бо бахши узбакии “Садои Амрико” хабар додааст. Розенблюм гуфтааст, “Узбакистон дар роҳи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ба ин васоили нақлиётӣ ниёз дорад. Ин мошинҳо ба вазорати дифоъ дода шуда, танҳо онҳо метавонанд аз он истифода баранд. Ин, албатта, васоили нақлиётии дифоист ва барои ҳифозат аз минаҳо, маводи тарканда ва амсоли ин пешбинӣ шудааст.”

“Садои Амрико” мегӯяд, ин бузургтарин кумаки низомиест, ки Амрико то кунун ба Осиёи Марказӣ расондааст. Пардохти харҷи интиқоли ин васоили нақлиётӣ аз Афғонистон ба Узбакистонро худи Тошканд бар ӯҳда гирифтааст.

Нашрияи русии "Экономические известия" қимати ҳар зиреҳпӯши M-ATV-ро 470 000 доллар мегӯяд. Чунин зиреҳпӯшҳо дар ихтиёри нирӯҳои мусаллаҳи Амрико ва Полша (Лаҳистон) қарор доранд.

Дар гузашта гуфта мешуд, ки нирӯҳои эътилофи байналмилалии зиддитеррор дар роҳи хуруҷ аз Афғонистон метавонанд як миқдор аз силоҳу таҷҳимзоти низомии худро дар ихтиёри артишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ гузоранд. Ин як навъ қадрдонии ин кишварҳо барои кумакашон дар амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дониста мешуд.

Далели дигар зарурати тақвияти нирӯҳои амниятии ин кишварҳо барои муқобила бо таҳдиди гурӯҳҳои ифротии фурсатталабе буд, ки ба бовари бисёриҳо, баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон метавонанд барои густариши ҷабҳаи ҷангҳои худ ба Осиёи Марказӣ талош кунанд. Хусусан гурӯҳҳои ҷангие, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ё Ансоруллоҳ, ки асосан зодагони ин минтақаро муттаҳид мекунанд.

Пойгоҳи Амрико дар Манас соли 2014 бардошта шуд
Пойгоҳи Амрико дар Манас соли 2014 бардошта шуд

Аммо бо онки хуруҷи нирӯҳои ҷангии паймони низомии НАТО ва Амрикову муттаҳидонаш аз Афғонистон расман 28 декабри соли 2014 ба поён расид, то ҳол дар бораи ба ягон кишвари Осиёи Марказӣ супурда шудани миқдоре аз таслиҳоту мошинҳои низомии нирӯҳои эътилоф гузориш нашуда буд. Ин ҳам буд, ки бо дигарбора боз шудани роҳи ағбаи Хайбари Покистон аҳамияти масири шимолии таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон камтар шуда буд ва аксари нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз роҳи ҷануб тарки ин кишвари ҷангзада кард.

Дар Тирмизи Узбакистон аз поёни соли 2001 ба ин тараф як пойгоҳи хурди артиши Олмон мустақар буд. То соли 2005 бузургтарин пойгоҳи таъминотии нирӯҳои Амрико дар Хонободи вилояти Қаршии Узбакистон қарор дошт, вале баъди ҷорӣ шудани таҳримоти Ғарб алайҳи Тошканд дар пайи саркӯби хунини эътирозҳои Андиҷон раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов замони ҳузури нирӯҳои Амрикоро дар Хонобод тамдид накард.

Амрико маҷбур шуд, пойгоҳи асосии таъмини нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбариашро аз инҷо ба фурудгоҳи “Манас” дар наздикии Бишкек кӯчонад, ки хеле дуртар буд.

Сарбозони Фаронса дар паради 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон. 9 сентябри соли 2011
Сарбозони Фаронса дар паради 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон. 9 сентябри соли 2011

Аз поёни соли 2001 дар назди фурудгоҳи Душанбе низ як ҳайати вобастаба вазъият аз 100 то тақрибан 200-нафарии сарбозон ва 4 ҳавопаймои низомии Фаронса мустақар буд, ки таъмини нирӯҳои ин кишвар дар Афғонистонро бар ӯҳда доштанд. Фаронса дар ивази ин мизбонӣ барои бунёди терминали нави фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон 20 миллион евро қарзи боимтиёз дод.

Сарбозони фаронсавӣ дар поёни соли 2014 бо анҷоми як маросим расман тарки Душанбе карданд. Вале дар бораи дар роҳи хуруҷ аз Афғонистон ба нирӯҳои амниятиву низомии Тоҷикистон додани кадом таслиҳоти таҷҳизоти низомие аз сӯи нирӯҳои Фаронса ё аъзои дигари эътилофи байналмилалӣ гузорише ҳанӯз ба даст нарасидааст.

XS
SM
MD
LG