Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони хориҷаи Амрикову Эрон дар Ню-Йорк мулоқот мекунанд


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Иёлоти Муттаҳида таъйид кард, ки котиби давлатӣ Ҷон Керрӣ рӯзи панҷшанбе бо вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зарифӣ мулоқот мекунад.

Иёлоти Муттаҳида таъйид кард, ки котиби давлатӣ Ҷон Керрӣ рӯзи панҷшанбе бо вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зарифӣ мулоқот мекунад. Дар ин бора ёвари раисиҷумҳури ИМА оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Бенҷамин Роудс хабар додааст. Ин вохӯрӣ, ки дар он намояндагони панҷ кишвари узви Шӯрои амният ва намояндагони кишвари Эрон ширкат мекунанд, дар ҳошияи Маҷмаъи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк доир мешавад.

Дар иҷлоси Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк ширкати раиси ҷумҳуриҳои ИМА ва Эрон, Барак Обама ва Ҳасан Рӯҳонӣ дар назар аст, вале дар мавриди вохӯрии онҳо чизе гуфта намешавад. Рӯҳонӣ ва Обама ҳарду имрӯз, 24 сентябр дар ин иҷлосия суханронӣ мекунанд. Аммо агар ба сурате мулоқоти ӯву Обама сурат бигирад, ин аввалин дидори сарони Амрикову Эрон аз замони инқилоби исломии соли 1979-уми Эрон аст. Кохи сафед аммо гуфтааст, ки вохӯрии мушахас дар ин ҳамоиш дар нақшаи корӣ нест.

Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар мусоҳибаи телевизионии худ гуфта буд, бо Ҳасани Рӯҳонӣ баъд аз раисиҷумҳури Эрон интихоб шуданаш табодули нома кардаанд. Ба гуфтаи Барак Обама, вай дар номаи худ таваҷҷӯҳи Амрикоро ба барномаи ҳастаии Эрон қайд кардааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ ахиран бори дигар изҳор дошт, ки кишвараш барои музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ оид ба ба қазияи барномаи ҳастаияш омода аст. Зимни суханронӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ дар робита ба 33-юмин солгарди ҳамлаи Ироқ ба Эрон ва дар арафаи сафар ба Ню-Йорк ба иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ, Рӯҳонӣ изҳор намуд, ки Ғарб бояд ҳаққи Теҳрон барои ғанисозии ураниумро эътироф кунад. Ҳамзамон раисиҷумҳури Эрон гуфт, ки кишвараш омода аст барномаи ҳастаияшро мутобиқи қавонини байнулмилалӣ пеш барад.

Барномаҳои ҳастаии Эрон як мояи аслии таниш байни Ҷумҳурии исломӣ ва қудратҳои ғарбист. Дар Ғарб Эронро ба талоши даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Аммо Теҳрон ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон рӯзи 17 сентябр аз нармиш дар арсаи дипломатӣ сухан гуфт, ки ин масъала метавонад умедҳо ба ҳалли ин муноқишаи ҳастаиро то ҳадде афзоиш диҳад. Оятулло Хоманаӣ дар ҷамъи фармондеҳон ва сарбозони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, “арсаи дипломатия арсаи лабханд, дархости музокира ва музокира аст, аммо ин ҳама рафторҳо бояд дар чорчӯби фаҳмиши аслӣ фаҳму дарк шавад.“

Ин изҳорот ҳамзамон бо сафари мақомоти эронӣ ба Ню-Йорк барои ҳузур дар Маҷмаъи умумии СММ садо дод, рӯйдоде, ки қарор аст, замина музокироти эрониён бо гурӯҳи “панҷ ҷамъи як”-ро низ фароҳам оварад. Бар ин асос, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи якшанбеи оянда бо Кэтрин Эштон, раиси идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва намояндаи гурӯҳи “панҷ ҷамъи як” дидор хоҳад дошт. Аммо оғои Зариф дар идомаи суханони рӯзи гузаштаи худ аз нақши Созмони Милал дар робита ба чолишҳои имрӯзи ҷаҳон, монанди “мубориза бо терроризм, силоҳи куштори ҷамъӣ ва гарм шудани замин” ситоиш кардааст. Ба гуфтаи ӯ, давлати Эрон мӯътақид аст, ки Созмони Милали Муттаҳид метавонад нақши бисёр муҳим ва созандаеро барои наслҳои имрӯзӣ ва фардо ифо кунад ва “Эрон хоҳони таъомул бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва СММ аст.”

Муҳаммадҷаводи Зариф бар асоси тасмими раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ ӯҳдадори музокироти ҳастаии Эрон низ шудааст, дар ҳоле, ки пеш аз ин дабири Шӯрои олии амнияти кишвар намояндаи давлат дар ин музокирот буд. Ҳасани Рӯҳонӣ дар мусоҳибаи худ бо як шабакаи телевизионии Амрико таъкид кардааст, ки “барои тавофуқ бар асари парвандаи ҳастаӣ ихтиёроти том дорад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG