Пайвандҳои дастрасӣ

"Нармиши қаҳрамонона" - дар лаҳни сӯҳбати Хоманаӣ бо Ғарб


Саҳифаи Хоманаӣ дар Facebook

Саҳифаи Хоманаӣ дар Facebook

Раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар масъалаи музокироти кишвараш бо қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ бар сари барномаҳои зиддинақизи ҳастаии Теҳрон нармиши бештар нишон додааст.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки бо мавқеъи тунду оштинопазираш фарқ мекунад ва дар сиёсати дохиливу хориҷии Эрон ҳарфи ниҳоиро ӯ мезанад, зоҳиран мавзеъгириаш дар қиболи муомилоти байналмилалии дипломатӣ дар баҳси ҳастаии Эрон бо ҷомиаи ҷаҳониро нармтар кардааст.

Раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ, ки рӯзи 17 сентябр дар ҷамъи фармондеҳон ва сарбозони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ сӯҳбат мекард, гуфт, “арсаи дипломатия арсаи лабханд, дархости музокира ва музокира аст, аммо ин ҳама рафторҳо бояд дар чорчӯби фаҳмиши аслӣ фаҳму дарк шавад.“

Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт, бо тактикаи “нармиши қаҳрамонона” мувофиқ аст: “Мухолиф бо ҳаракатҳои саҳеҳ ва мантиқии дипломатӣ ҳам нестем мо. Чӣ дар олами дипломатия ва чӣ дар олами сиёсатҳои дохилӣ. На! Банда мӯътақид ба ҳамон чизе ҳастам, ки солҳо пеш исмгузорӣ шуд “нармиши қаҳрамонона.” Айб надорад. Нармишҳо дар як ҷойҳое бисёр лозиманд, бисёр хубанд, аммо ин гуштигире, ки дорад бо ҳарифи худаш гуштӣ мегирад, ва як ҷойҳое бе далели фаннӣ нармише нишон медиҳад, фаромӯш накунад, ки он тарафаш кист? Фаромӯш накунад, ки машғули чӣ корест? Ин шарти аслист.”


Ин изҳороти назар ба паёмҳои қаблиаш хеле нармтари Хоманаӣ, ки дар як они воҳид дар сархати хабарҳои дунё қарор гирифт, зоҳиран аз мувофиқати ӯ ба шурӯъи дигарбораи талошҳои дипломатӣ аз сӯи раисиҷумҳури ҷадиди Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ . дарак медиҳад. Рӯҳонӣ, ки моҳи август Маҳмуди Аҳмадинажодро дар мақоми раёсати давлати Эрон иваз кард, ваъда додааст, то равобити кишвараш бо Ғарбро беҳтар ва фаъолиятҳои ҳастаии Теҳронро шаффофтар кунад.

Рӯҳонӣ ва Обама

Рӯҳонӣ ва Обама

Интизор меравад, Рӯҳонӣ ва вазири хориҷаи Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҷаласоти ҳафтаи ояндаи Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк бо раҳбарони дигари ҷаҳон талошҳои дипломатӣ дар ин масъалаи ҳассосро баррасӣ кунанд. Бархе расонаҳо ҳадс мезананд, ки Рӯҳонӣ шояд дар ҳошияи Маҷмаъи умумӣ ҳатто бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мулоқот кунад. Обама дар поёни ҳафтаи гузашта тасдиқ кард, ки байни ӯву Рӯҳонӣ дар ин авохир табодули номаҳо сурат гирифтааст.

Вале сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Марзия Афхам рӯзи сешанбе гуфт, чунин мулоқот пешбинӣ нашудааст. Хонум Афхам афзуд, Обама ба Рӯҳонӣ ба муносибати пирӯзиаш дар интихобот паёми табрикӣ фиристода буд. Вале ӯ иддаои раҳбари ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ Ҳусейн Мӯсавӣ мабнӣ бар инро, ки Хоманаӣ ба давлати Рӯҳонӣ барои музокироти мустақим бо Амрико фотиҳа додааст, тасдиқ карда натавонист.

Қаблан, рӯзи 15 сентябр сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ низ сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли дидори Обама бо Рӯҳониро, ки тибқи рӯзномаи Маҷмаъи умумии СММ, қарор аст, дар як рӯз суханронӣ кунанд, радд кард. Карнӣ гуфт: “Дар ҳоли ҳозир Обама барномаи мулоқот бо ҳамтои эрониаш дар Маҷмаъи умумии СММ дар ҳафтаи ояндаро надорад.” Карнӣ афзуд, Амрико барои ҳамкорӣ бо Рӯҳонӣ дар роҳи расидан ба ҳалли сулҳомези буҳрони ҳастаии Эрон омода боқӣ мемонад. Ба таъбири сухангӯи Кохи Сафед, “садои амалҳо, албатта, хеле баландтар аз садои ҳарфҳо хоҳад буд.”

Аловуддин Буруҷирдӣ, раиси кумитаи амнияти миллии парлумони Эрон гуфтааст, шароит барои мулоқот дар сатҳи ду раисиҷумҳур дуруст нашудааст, чунки ба гуфтаи ӯ, Вошингтон ҳамчунон дар қиболи Ҷумҳурии исломӣ сиёсатҳои “душманона”-ро думбол мекунад. Ӯ гуфтааст, мулоқот дар ҳошияи Маҷмаъи умумии СММ “ҳеҷ таъсире ба равобити ду кишвар нахоҳад дошт. Он чӣ ки барои Амрико муҳим аст, тағйир додани сиёсатҳояш дар қиболи миллат ва давлати исломии Эрон мебошад.”

Интихоби Рӯҳонии эътидолгаро ба мақоми раисиҷумҳури Эрон ва ваъдаи ӯ ба эҳёи равобит бо ҷаҳон мояи афзоиши умедвориҳо ба ҳалли масъалаи ҳастаӣ шудааст. Ин ба навбаи худ метавонад заминаҳо барои беҳбуди равобит бо Амрикоро муҳайё созад.

Равобити дипломатӣ байни Вошингтону Теҳрон дар пайи инқилоби исломии соли 1979-и Эрон ва гаравгонгирии 52 дипломати амрикоӣ дар Теҳрон қатъ шудааст. Табодули номаҳо байни Обама ва Рӯҳонӣ, ки дар таърихи 33 соли ахири равобити ду кишвар собиқаи хеле ангуштшумор дорад, аз тарафи бархе таҳлилгарон ҳамчун як гоми кӯчак, вале муҳим дар роҳ ба сӯи шикасти девори беэътимодӣ ва душманӣ байни Амрикову Эрон талаққӣ мешавад.

Амрико Эронро айбдор мекунад, ки дар зери либоси фаъолиятҳои ҳастаӣ ба сурати пинҳонӣ барномаи сохтани силоҳҳои ҳастаиро пеш мебарад. Эрон инро радд мекунад ва мегӯяд, барномаи ҳастаияш сулҳомез аст ва фақат барои тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар суханронии рӯзи 17 сентябраш бори дигар ба ин нукта пой фишурд ва гуфт, кишвараш на ба хотири Амрико ё кишвари дигаре, балки, ба таъбири раҳбари рӯҳонии Эрон, “ақидатан” дар фикри сохтани бомби атомӣ нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG