Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: Паймони амниятӣ таҳдиде ба ҳамсояҳо надорад


Амрикову Афғонистон ба паймони амниятии деринтизоре, ки шароити ҳузури низомиҳои Амрико дар ин кишвари ҷангзада баъд аз соли 2014-ро муқаррар мекунад, имзо карданд. Кобул мегӯяд, ин паймон ба кишварҳои ҳамсояаш таҳдиде надорад.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз имзои ин мувофиқатнома истиқбол кард ва онро дар ҳамкориҳои миёни ду кишвар "рӯзи таърихӣ" номид.

Раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай рӯзи 30 сентябр дар маросими имзои паймони нави амниятии Амрикову Афғонистон дар шаҳри Кобул гуфт, ин созишнома ба ҳамсояҳои Афғонистон "ягон навъ таҳдиде эъмол намекунад."

Амрикову Афғонистон рӯзи 30 сентябр билохира ба созишномаи дуҷонибаи амниятӣ имзо гузоштанд. Аз ҷониби Кобул зери ин санад мушовири амнияти миллии Афғонистон Ҳаниф Атмар ва аз тарафи Амрико сафираш дар Кобул Ҷеймс Каннингҳам имзо карданд.

Ин паймони дуҷонибаи амниятӣ, мавсум ба BSA (Bilateral Security Agreement) заминаи ҳуқуқии дар Афғонистон мондани ҳудуди 10 000 сарбози амрикоиро баъди 31 декабр фароҳам меорад.

Ин нирӯҳо баъд аз хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилофи байналмилалӣ, ки бояд то 31 декабри соли 2014 такмил шавад, боз ҳам барои идомаи амалиёт алайҳи шабакаи Ал-Қоида ва тамрини нирӯҳои амниятии афғон дар Афғонистон хоҳанд монд. Ин паймони амниятӣ ба ин тартиб, заминаи ҳуқуқии тамдиди ҳузури нирӯҳои Амрикоро фароҳам меорад.

Сухангӯи раисиҷумҳури нави Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай рӯзи 29 сентябр тасдиқ карда буд, ки ин паймон билохира ба имзо хоҳад расид. Аҳмадзай рӯзи 29 сентябр бо адои савганд Ҳомиди Карзайро дар мақоми раҳбарии Афғонистон иваз кард. Карзай аз имзои ин паймон то поёни давраи ниҳоии раёсаташ худдорӣ кард ва мегуфт, ин масъулиятро ба раҳбари ҷадиди Афғонистон вогузор мекунад.

Ҷунбиши Толибон дар баёнияе, ки рӯзи 30 сентябр тавассути почтаи электронӣ фиристод, ин паймони амниятиро “сӯъиқасд”-и Амрико ба хотири ҳифзи назораташ бар Афғонистон номид. Хабаргузории Ройтерс аз ин баёния иқтибос овардааст, ки мегӯяд: “Онҳо бо ҳилаву найрангашон мехоҳанд мардумро гӯл бизананд. Онҳо фикр мекунанд, ки гӯё мардуми афғон тавтиаҳои онҳову аҳдофи бади онҳоро намефаҳмад.”

Нирӯҳои хориҷӣ дар ҳоле аз Афғонистон мераванд, ки ҷангу ҷӯш дар ин кишвар ҳанӯз идома дорад
Нирӯҳои хориҷӣ дар ҳоле аз Афғонистон мераванд, ки ҷангу ҷӯш дар ин кишвар ҳанӯз идома дорад

Интизор меравад, ки Кобул дар ин ҳафта чунин як созишномаро бо паймони низомии НАТО ҳам имзо кунад. Ин қарордод ба НАТО иҷозат медиҳад, аз 4 то 5000 сарбози изофиаш, умдатан аз Бритониё, Олмон, Итолиё ва Туркияро баъд аз соли 2014 низ бо аҳдофи ғайриҷангӣ дар Афғонистон нигоҳ бидорад.

Амрико қаблан дар посух ба саркашиҳои Карзай аз имзои ин паймони амниятӣ таҳдид карда буд, ки агар тавофуқ ба даст наояд ва қарордод имзо нашавад, тамоми нирӯҳояшро то поёни сол аз Афғонистон берун хоҳанд кашид.

Рӯзи 29 сентябр раиси Кумитаи нирӯҳои мусаллаҳи Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Калифорния Ҳовард МакКон гуфт, ӯ умедвор аст, ки президент Барак Обама ба созишномаи дуҷонибаи амниятӣ бо Афғонистон ба ҳайси “роҳкоре барои таҳкими ҳамкориҳои давомдор имзо мекунад, то ҳамчун василаи хуруҷи пеш аз вақти нирӯҳо.”

Ашрафғанӣ Аҳмадзай
Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Tаҳлилгарон мегӯянд, равобити Вошингтону Кобул бояд дар даври Ашрафғанӣ Аҳмадзай, технократи 65-солае, ки қаблан дар Бонки ҷаҳонӣ кор мекард, беҳтар шаванд. Аҳмадзай дар суханрониаш дар маросими адои савганд гуфт, ҳадафи асосии худро дар овардани сулҳ ба ин кишвари ҷангзадла мебинад. “Мо аз мухолифони ҳукумат, бахусус аз Толибон ва ҳизби исломӣ( гурӯҳи Гулбуддин Ҳикматёр) мехоҳем, ки ба музокироти сиёсӣ бипайванданд. Ҳар мушкиле ки онҳо доранд, бояд ба мо бигӯянд ва мо роҳи ҳаллашро пайдо хоҳем кард,” – гуфт Аҳмадзай баъди адои савганд.

Расми адои савганди раҳбарони нави Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Аҳмадзай раҳбариаш бар Афғонистонро ҳам аз мусолиҳа шурӯъ кард. Аз мусолиҳа бо рақиби асосиаш дар интихобот – Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки ба далели тақаллуби фаровон натиҷаҳои даври дувуми интихоботро тайи 3 моҳ напазируфт. Аҳмадзай дар ниҳоят барои қаноат додани доктор Абдуллоҳ ва тарафдорони ӯ баа ин вазири собиқи хориҷа курсии раҳбарии ҳукумати ваҳдати миллиро дод.

Танҳо баъди ин рӯзи 21 сентябор Аҳмадзай барандаи интихобот ва раисиҷумҳури ояндаи Афғонистон эълон шуд ва рӯзи 29 сентябр бо адои савганд ҳамроҳ бо доктор Абдуллоҳ ҳарду муштаракан ба раҳбарии ин кишвари ҷангзада шурӯъ карданд. Акнун суол ин аст ки ин тандеми Аҳмадзай –Абдуллоҳ то кай давом хоҳад кард ва аробаи Афғонистонро то ба куҷо хоҳад бурд?

XS
SM
MD
LG