Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД дар поёни як амалиёти муштараки кишварҳои узв ва размоише дар Тоҷикистон иқрор кард, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таҳкими бештар ниёз дорад.

Ҳарчанд вай аз сатҳи омодагии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ситоиш кард ва гуфт, қувваҳои зудамали кишварҳои СПАД метавонанд дар зарфи чанд соат ба имдоди онҳо бирасанд, аммо эҳтиёҷи марзбонони тоҷикро ба ёриҳои фаннӣ масъалаи аввалиндараҷа номид.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои узви СПАД тайи як соли гузашта ваъда медиҳанд, ки дар таҳкими нерӯҳои марзбони Тоҷикистон саҳм хоҳанд гирифт. Дар бораи ин раванд ҷаноби Бордюжа гуфт: «Ба ҳар ҳол кор пеш меравад дар ин самт. Шояд на чандон зуд ва муассир, бо дарназардошти масоилӣ молӣ ва техникӣ, аммо ба ҳар сурат кор дар ин самт пеш меравад. Ва ҳатман ба Тоҷикистон кӯмак расонида мешавад. Тасмимҳои шӯрои муштараки амниятӣ, ҳам ки дар Сочӣ рӯи даст гирифта шуд, ба ҳамин масъала равона шудааст. Имрӯз лоиҳаҳо ҷиҳати кӯмак ба Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Барои мисол, метавонад тасмими мақомоти Арманистон барои харидории мошинҳои махсус дар роҳҳои мушкилгузар, ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бошад.»

Дар робита ба ҳодисаҳои ахир минтақаи Юмгони Бадахшони Афғонистон ва ҳаммарз бо Тоҷикистон, ки барои чанд муддат таҳти тасарруфи ҷунбиши «Толибон» қарор дошт ва ахиран аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон дубора бозпас гирифта шуд, гуфт, ин ҳодисаҳо ба Тоҷикистон хатаре нахоҳанд дошт, чун мақомоти амниятиву сохторҳои низомии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ҳамагуна ҳамла омодаанд.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.

Ба қавли ӯ, ҳоли ҳозир ниёзе барои эъзоми нерӯҳо нест ва ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ин маврид ҳеҷ дархосте нашудааст: «Барои чунин дархост феълан ягон зарурат нест. Дар ҳоли зарурӣ мо омодаем кӯмак кунем, ҳадафи созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳам ҳамин аст.»

Амалиёти панҷрӯзаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳти унвони «шабакаи қапқони ҷанубӣ» ахиран дар размоишгоҳи Лоҳури Тоҷикистон таҳти раҳбарии масъулони Ожонси назорат бар маводди мухаддири ин кишвар, бо ширкати раиси Оҷонсии федероли назорат бар маводди мухаддири Русия ва дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) натиҷагирӣ шуд. Ҳадаф аз ин амалиёт, ки ҳанӯз дар нишасти сарони узви СПАД дар соли 2013 ба нақши гирифта шуда буд, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Виктор Иванов, раҳбари Оҷонсии федероли назорат бар маводи мухаддири Русия баёнияҳои пешинаи худро, ки бояд марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргарданд рад кард ва гуфт: «Ман гуфта будам, ки танҳо нерӯи марзбонони тоҷик барои ҳимояи марз ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир кофӣ нест. Мо дарк мекунем, ки мубориза бо маводи мухаддир, танҳо кори марзбонон нест, ин кори мақомотҳои дигар, аз ҷумла мақомоти умури дохила ва амният ҳам ҳаст ва набояд танҳо ба як нерӯ такя кард. Бинобар ин, бояд кору тадобир барои ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддирро таҳким бахшид.» Ба гуфтаи ӯ, «то замоне, ки дар Афғонистон кӯкнор кишту парвариш мешавад, талабот ба маводи мухаддир ҳам барои истеъмол ва ҳам тиҷорат боқӣ мемонад. Бинобар ин, бо ду роҳ метавон ба коҳиш ва маҳви парвариш ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастёб шуд. Яке аз тариқи зӯр ё тадобири нерӯҳои мақомоти қудратӣ, ва ҳамчунин бо пешниҳоди роҳҳои алтернативии рушди иқтисод дар Афғонистон ва кишварҳои минтақа.»

Ба пурсиши радиои «Озодӣ», ки мақомоти Русия барои коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар кишвари худ чӣ корҳоеро анҷом медиҳанд, ҷаноби Иванов посухи рӯшан надод. Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳо мегӯянд, агар барои коҳиши талабот ба чунин мавод талоши бештар анҷом шавад, қочоқи маводи мухаддир низ кам ва мубориза бо он босамартар хоҳад гашт.

Аммо ба сурати умум, мақомоти Русия ва Тоҷикистон ба ҷараёни мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон баҳои мусбат доданд ва хостори тақвияти талошҳои м ушатараки кишварҳои СПАД дар ин ҷ абҳа шуданд.

Созмони Паймони Аамнияти Дастаҷамъи 15 майи соли 1992 дар Тошканд таъсис ёфта, ба ин далел, чанд сол номи "Паймони Тошканд"-ро дошт. Ин эътилофи амниятӣ соли 2002 ба СПАД табдили ном кард ва дар ҳоли ҳозир ҳафт кишвари собиқи шӯравӣ -- Русия, Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG