Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари ҳарорати баланди ҳаво муроҷиати шаҳрвандон ба шифохонаҳо, хусусан шӯъбаҳои кӯдаконаи бемориҳои сироятӣ дар вилояти Хатлон афзоиш ёфтааст.

Шамсия Қурбонова, сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, мегӯяд, пизишкон иллати аслии ҳарорати баланди бадан ва дарунравии духтари яксолаашро шиддати баланди гармо хондаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар шӯъбаи кӯдаконаи бемориҳои сироятии шифохонаи вилоятии Қарияи Боло кати хоби холӣ аслан нест ва баъзе беморонро ҳатто рӯйи фарш ҷой медиҳанду иддае дигарро ба шифохонаҳои дигар мунтақил мекунанд.




«Одам хеле зиёд аст дар ин ҷо, пуропур аст. Аз шикамраву офтобзадагӣ шикоят мекунанд модарон. Худи мо ҳам барои муолиҷаи духтарам беш аз 1000 сомонӣ сарф кардем. Дар палатаҳо ҷо намеёбанд, дар рӯйи фарш кӯрпа партофта, хоб мекунанд. Моро имрӯз ҷавоб доданд аз бемористон, ҳанӯз чизу чораамро ҷамъ накарда, ба кати хоби мо ду нафари дигарро оварданд,» - афзуд Шамсия Қурбонова.


Пизишкони Хатлон аз тариқи телевизионҳои маҳаллӣ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки аз равуои бидуни зарурат дар кӯчаву хиёбонҳо аз соати 10-и субҳ то 6-и шом худдорӣ карда, мувозиби саломатии худу фарзандонашон бошанд.

Идораи беҳдоштии Хатлон аз аввалин осебдидаҳои гармои шадиди минтақа хабар дод. Дар пайи башиддат боло рафтани ҳарорати ҳаво дар ноҳияи Шаҳритус ва минтақаи Айвоҷ - яке аз нуқтаҳои гармтарини Тоҷикистон - се нафар осеб дидаанд. Аз инҳо як нафараш зан мебошад, ки дар сари замини пахта аз ҳуш рафтааст ва ду нафари дигар одамони солманданд, ки фишори хунашон баланд гардидааст. Гуфта мешавад, пизишкон саривақт ба ин се нафари офтобзада кӯмаки тиббӣ расонидаанд.

Соҳиб Абдуллоев, сокини ноҳияи Темурмалки вилояти Хатлон, ки ҳоло дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба сар мебарад, мегӯяд, ки як бора тафсон шудани ҳавои ин ҷо ба сиҳҳатии ӯ асар кардааст.

Вай афзуд: «Дар ҳамин гармиҳои тобистон тоқати гаштан надорам. Нӯшокӣ бисёр менӯшам, зеро асабҳоям хаста, гурдаам зиёд дард мекунад. Аз ин рӯ, рӯза дошта наметавонам. Ҳаракатам суст мешавад, қувват надорам. Таъсири гармиро хеле зиёд дар саломатиям ҳис мекунам.»

Соҳиб Абдуллоев ҳоло тасмим гирифтааст, ки зуд ба зодгоҳи худ баргардад, чун ҳавои он ҷо табиатан аз Қӯрғонтеппа андаке салқинтар аст.

Аммо Шаҳрбону Қурбонова, соҳибкори бозори марказии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, сарфи назар аз таъкиди духтурон, ба хотири таъмини қути лоямут ночор ба бозор омадааст: «Бемадор шудаам. Тоқатфарсо шудааст ҳарорат. Аммо ноилоҷ дар ҳамин бозор шишта, савдо мекунам. Чатр харидам, ки андаке аз офтоби сӯзон панаҳ барам. Дар хона ба фарзандон таъкид кардам, ки беиҷоза ба берун нараванд, ҳатман оби ҷӯшомада нӯшанд, дар ҷойи салқин хоб кунанд. Шукр, ки ҳоло саломатиашон хуб аст.»

Зебуннисо Каримова, сокини ноҳияи Бохтар, мегӯяд, дар ин рӯзҳои гармои шадид ночор рӯзаашро хӯрдааст, зеро фишораш баланд шудаву ба вазъи саломатиаш асари манфӣ доштааст: «Дар чанд рӯзи ахир саломатиам беҳад бад шуд. Натанҳо ман, балки ода моне, ки бемории қанду фишорбаландӣ доранд, онҳое, ки камхунанд, бардошт карда наметавонанд ин гармиро. Оби би сери газ ноку бегазро менӯшанд, оби яхзада истеъмол мекунанд ва як бора саломатиашонро аз даст медиҳанд. Дар духтурхонаҳо ҳоло ягон ҷойи холӣ нест, кӯдакон беҳолу бемадор шудаанд, махсусан дар шуъбаҳои сироятӣ.»

Ин зан мегӯяд, термометри хонааш дар нисфи рӯз ҳарорати ҳаворо 50 дараҷа нишон додааст, ки собиқа надоштааст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони муассисаи «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, ғайри интизори онҳо дар ин шабу рӯз ба «Ёрии таъҷилӣ» шаҳрвандон зиёд муроҷиат накардаанд. Аммо дар ин муассиса, тибқи дастури ҳукумат, то рӯзи якуми август ба замми ҳамшираҳои тиббӣ, ҳамчунмн чанд пизишк шаборӯзӣ навбатдорӣ карда, омодаи ироаи кумаки аввалияи тиббӣ ба шаҳрвандон ҳастанд.

Аммо Шералӣ Бузмаков, сардори идораи тандурустии вилояти Хатлон, мегӯяд, то 3 рӯзи оянда тамоми муассисаҳои беҳдоштии Хатлон «дар ҳоли омодабош» қарор хоҳанд дошт. Вай афзуд: «Дар вақти баланд шудани ҳарорати ҳаво тала боти инсон ба об меафзояд. Табиист ки хатари бурузи бемориҳои сироятӣ низ дучанд мешавад. Аз ин рӯ, ба тамоми муассисаҳои тиббӣ ва пизишкони вилоят дастур додем, ки дар ин рӯзҳо обҳои ташнагишикан таҳти назорат гирифта шаванд. Он ҷойҳое, ки кӯдакон зиёданд, ҳамчунин дар бошишгоҳҳои саҳроӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ обҳои ҷӯшомадаи нӯшиданӣ ташкил карда шаванд. Дар Афғонистон, ки бо мо ҳамсарҳад аст, гирифторони беморони вабо кам нестанд. Бо ҳадафи сироят нашудан ба ин бемории вахим, мо бояд аз оби дарёи Панҷ ва умуман, оби ноҷӯшонида истеъмол нанамоем ва оббозии аҳолиро дар наҳрҳое, ки обашон барои истеъмол пешбинӣ гардидааст, зери назорати қатъӣ гирем».

Ситоди ҳолатҳои изтирории Хатлон ҳам мегӯяд, ҳанӯз ягон ҳодисаи табиӣ бар асари гармои шадид ба вуқӯъ напайвастааст ва минтақаҳои осебпазир зери назорати наҷотбахшон қарор дорад. Аммо масъулони ин ситод аз ғарқшавии 10 нафар дар рӯдхонаҳои Хатлон танҳо дар моҳи июл хабар медиҳанд.

Пизишкон ҳамчунин мегӯянд, пас аз ба эътидол омадани ҳарорати аз меъёр баланди ҳаво, дар радифи бемориҳои домана, дарунрав ва бемориҳои шадиди рӯдаю меъда, сарзании бемории вабо низ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин ҳол...

Ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон бо дарназардошти якбора боло рафтани ҳарорати ҳаво ва тез шудани ҷараёни оби дарёҳо ба сокинони навоҳии ин вилоят тавсия додааст, ки аз оббозӣ дар дарёи Панҷ худдорӣ кунанд. Ин дарҳолест,ки се сокини ин вилоят дар моҳи июн ва июл дар ин рӯдхона ғарқ шудаанд.

Миралӣ Ҳалимов, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшон 30 июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо якбора гарм шудани ҳаво ҷараёни обҳои дарёҳо тез шуда хатари ғарқшавиро бештар кардааст.
Вай гуфт, ба ин далел аз сокинони деҳоти соҳили дарёи навоҳии Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Ишкошим ва Дарвоз тақозо кардаанд, ки дар ин шабурӯз аз оббозӣ дар рӯд парҳез кунанд.

Гармои шадид ҳамин тавр, дар Душанбе низ ба "тохтутоз"-аш идома медиҳад.Вазъи Душанберо дар ин рӯзҳо хабарнигори Озодӣ Бароти Юсуфӣ дар ин навори видеоӣ ба риштаи тасвир кашидааст:


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG