Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси вилояти Хатлон аз таъсиси комиссия вижа дар робита ба ҷилавгирӣ аз паёмадҳои гармои шадид дар ин минтақа хабар дод.

Ғайбуллои Афзал, рӯзи ҷумъаи 26 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Хатлон аз гармтарин вилоятҳои Тоҷикистон аст ва маркази ҳавошиносӣ низ аз гарм шудани ҳарорати ҳаво муддати як ҳафтаи баъдӣ ҳушдор додааст, ин комиссия бо шумули намояндагони мақомоти ҳолатҳои фавқуллода, тандурустӣ, БДА ва дигар ниҳодҳои давлатӣ таъсис шуд".

Ҷаноби Афзал гуфт, ба ҳамаи ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дастур дода шудааст, ки ба паёмадҳои эҳтимолии гармои шадид омода бошанд ва иқдомоти лозимро рӯи даст бигиранд. Дар ин замина раиси вилояти Хатлон Идораи тандурустиро муваззаф кардааст, ки миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро рӯи даст бигиранд, то дар канори он ки шаҳрвандаон аз гармо эмин бошанд, ҳамзамон кӯдаконро нагузоранд, рӯзона зери офтоби сӮзон бимонанд.



Ҳамчунин Ғайбуллои Афзал ба Бозрасии давлатии автомобилӣ ё пулиси роҳ дастур додааст, ки аз ҳаракати мошинҳои вазнинбор дар роҳҳо аз соати 8 субҳ то 8 шом ҷилавгирӣ кунад. Зеро ба таъкиди ҷаноби Афзал, дар пайи гармои шадид ҳаракати мошинҳои вазнинбор дар роҳҳои қирпӯш ё асфалтдор боиси харобии роҳҳо хоҳад шуд.

Раиси вилояти Хатлон ба фаъолияти Идораи ҳолатҳои фавқуллода дар ин рӯзҳо бештар таъкид кард ва гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба гармои шадид имкони обшавии пиряхҳо ва дар пайи он эҳтимоли обхезӣ ва сел вуҷуд хоҳад дошт, бояд тадобири ҷилавгирӣ ва омодагӣ андешида шавад.

Иқдом барои ҷилавгирӣ аз гармои шадид тавассути мақомдорони Хатлон дар ҳолест, ки Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳама вазорату кумитаҳо ва ниҳодҳои давлатии кишварро аз паёмади гармои шадид дар як ҳафтаи оянда ҳушдор ва гуфтааст, ки аз 27 июл сар карда то 31 июл ҳарорати ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон 46 - 48 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба ин тартиб, ба иттилои Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар муддати як ҳафтаи баъдӣ ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 41-46 дараҷа, вилояти Суғд то 43 дараҷа, ноҳияҳои тобеи марказ то 38-43 ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ба 35-40 дараҷа мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG